Главная / Маданият ва санъат / Касбу ҳунари миллӣ – Технологияи корҳои дастӣ – гиреҳҳои дастӣ

Касбу ҳунари миллӣ – Технологияи корҳои дастӣ – гиреҳҳои дастӣ

Барои иҷрои кори дӯзандагӣ таҷҳизот ва асбобу олотҳо лозим аст. Тасмаи ченакгирӣ, сӯзан, қайчӣ, ресмон, сӯзанак ангушпона ва ғайра, ки ҳамаи ин дар қуттиҳои махсус бояд нигоҳ дошта шавад аз намӣ эҳтиёт карда шавад. Дар вақти кор бояд қуттиҳо ки таҷҳизотҳои дӯзандаги дар тарафи рости дӯзанда гузошта мешавад.

b_1

Пеш аз кор ва баъд аз кор бояд дастҳоро тоза шӯед, зеро маснуоти дӯхтамонда тоза ва озода бошад ва дар даст мӯякҳои (ворсҳои) матоъ ва риштаҳои кӯтоҳ намонад.

Баъди итмоми кор ҷои кориро бояд ғундоштан лозим аст.

 Қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар назди мизи корӣ

 Пеш аз сар кардани кор бояд мизи кориро бо тартиб овардан лозим аст.

  1. Дар вақти дӯхтани маснуот бояд равшании доимӣ таъмин бошад.
  2. Равшанӣ бояд аз тарафи чап фарояд.
  3. Мӯйҳоро зери сарбанд нигоҳ бояд дошт.
  4. Пеш аз он ки ба кор сар кунем, санҷида бинед, ки сӯзан ё сӯзанакҳо дар маснуоти дӯхта истода набошад.
  5. Ба пеш зиёд хам шудан манъ аст.
  6. Маснуот аз чашми дӯзанда бояд дар масофаи аз 30 то 45 см дошта шавад.
  7. Дар миз бояд рост нишастан лозим аст.

 Асбобу олоти барои корҳои дӯзандагӣ Ҷои кор барои иҷрои корҳои дастӣ. Корҳои дастӣ гуногун буда дар ҳолати нишаст ё рост он иҷро мешавад. Ҷои нишаст барои иҷрои корҳои дастӣ бояд бо мизу курсӣ ва поймонак, муҷаҳҳаз бошад. Барои таъмини

мӯътадили тарзи кор ҳатман баландии мизу курсӣ бояд ба талаботи нишондоди антропометрии ҳар хонанда мувофиқ гардонида шавад.

Ҳамчунин масофаи зарурии байни сатҳи кори мизу курсӣ ва қисми пеши миз ва курсӣ риоя гардад.

Сатҳи мизи корӣ барои амалиёти дастӣ бояд суфта буда. Дар он таҷҳизот ва олоти корӣ дуруст ҷойгир бошад. Ба мақсад мувофиқ аст, ки тамоми ҷиҳоз аз тарафи гӯшаи рост ба қади бари миз барои банд накардани ҷои кор воқеъ гардад.

Қайчӣ – асбоби тези дӯзандагист, ки аз замонҳои қадим маълум аст. Қайчӣ барои буридани матоъ, буридани ҷузъҳои алоҳида ва дигар вазифаҳо иҷро мекунад. Қайчиҳои калону дағал, мисли қайчии пашмтарошӣ мешаванд. Қайчӣ барои буридани матоъ ришта зарур.

Андозаи онҳо аз №1 (калон) то №8 (хурд) мешавад.

Қайчиро аз пӯлод месозанд. Саноат ҳашт рақами қайчиро истеҳсол мекунад, ки ҳар яке аз дигараш бо андоза ва шакл фарқ мекунад. Интихоби қайчӣ тибқи рақам вобаста аз намуди коркард ва ғафсии матоъ суръат мегирад. Дар ҷадвали 8 нишон дода шудааст.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …