Таҷҳизот: деги манту, тахтачаҳо, кордҳои ҳархелаи ошхонагӣ, сатилча, чавлӣ, тарозу. (ҳаҷмаш барои 4-5 кас).
Миқдори масолеҳ: картошка – 1 кг, намак, қайлаи ҳулбагин мувофиқи табъ.
Рафти кор:
Ба деги манту об андохта, картошкаи тоза кардаро ба ланганди сӯрохдори деги манту бутун ё 2 ё 4 ҳисса карда мечинанд. Сипас маҳин намак пошида, сарпӯшашро пурра пӯшида, дар алави баланд мегузоранд. Баъд аз ба ҷӯшидан сар кардани об, оташро пасттар карда, 25-30 дақиқа мепазанд.
Картошкаи буғпаз, алалхусус барои тайёр кардани пюреи котлетҳо нағз мебошад.