Главная / Илм / КАХЕКСИЯ

КАХЕКСИЯ

kaheksiyaКАХЕКСИЯ (юн. kachexia – ҳолати бад, бетобӣ), аз ҳад зиёд хароб шудани организм, ки дар натиҷа фаъолияти физиологӣ ва рӯҳии одам низ тағйир меёбад. Сабаби К. ихтилоли амиқи мубодилаи моддаҳо аст. К. бинобар гуруснагии бардавом, омосҳои саратонӣ, бемории ғадудҳои усораи дохилӣ ва майна, заҳролудии музмин (аз марги муш, сурб, симоб, фтор), амрози сироятӣ ва ангалӣ (сил, сифилис, вараҷа, амёбиаз), сиррози ҷигар, колити захмӣ, баъзе бемориҳои рӯҳӣ ва ғ. сар мезанад. Ҷараёни К., одатан, музмин аст. Фарҷоми К. ба бемориҳои асосӣ вобаста буда, онҳо бояд табобат карда шаванд.

Рабство

Дар борамон Anvar

darksider_5@mail.ru

Инчунин кобед

pompeo

Помпео бо вазирони корҳои хориҷии Озарбойҷон ва Арманистон гуфтушунид мекунад

Котиби давлатии ИМА – Майкл Помпео эълом дошт, ки музокирот рӯзи 23 октябр баргузор мешавад. …