Главная / Гуногун / Худкушӣ

Худкушӣ

Се нафар, одамони ба қавли худашон улфатӣ, рўи майсаи лаби ҷўйбори сероб нишаста, барои худ дастархон муҳайё мекарданд. Шояд онро дастархон гуфтан ҷоиз  набошад, зеро ба сифати дастархон як рўзномаи ғиҷимшудаи кўҳна паҳн карда шуда буд. Рўи ҳамин дастархонро як шиша шароб, ду-се бех пиёзи анзур, як консерви килка, ним лунда нони сиёҳ оро медод.

samoubijstvo—Ҳозир худамон як дастархони тўёна муҳайё мекунем, — гуфт яке аз онҳо, марде,ки дар байнашон аз ҳама калонсол менамуд. Ва аз кисаи пиҷакаш тақрибан ним кило ҳасибро, ки дар як пора коғази зардранг печонида шуда буд,рўи дастархон гузошт.

 — Мисли ҳамон дастархони тўёна, ки ҳозир моро аз сари он ронданд,—луқма партофт ҷавони гардандароз, ки рўяш кунҷидмонанд доғ дошт,бо оҳанги тамасхур.

 — Э Насим, вай дастархони чи буд! — даст афшонд мард.— Ҳозир мебинӣ дастархон чи хел мешавад.

 — Рост, магар вай дастархон буд?! — ба гап ҳамроҳ шуд нафари сеюм, ки аз ғояти мастӣ қариб пинакаш бурда буд.— Дар рўи дастархони мо ҳама чиз ҳаст…ҳатто моҳӣ! Ҷаноб, чи хел моҳӣ мефармоед? — ба Насим рўй овард вай.— Судак, фазан, лаққамоҳӣ…

 — Аҳмақ, ин килка аст! — ҳамоно бо итоб сухани ўро бурид Насим.

— Насим ! — норозиёна ба ҷавон дида дўхт мард. — Чаро худ ба худ  аз ҳар гап мисли хас дармегирӣ? — Ва баъд ғур-ғуркунон даҳони консерви моҳиро бо каҷкорди дастааш сиёҳ ба кушодан огозид.— Ҳозир маишат мекунем. Чӣ гуфтӣ, Шафтолу? — гуфт вай ба ҷавони дигар.

— Э!— яқин аз ном бурдани лақабаш норозиёна рўй турш кард ҷавон. —О,ман ном дорам, Мусулмон номам.

 — Чӣ?! — нешханд зад Насим.— Ту мусулмонӣ?! Кофарӣ ту, кофар. Мусулмон,а!  Дар интихоби номи ту падарат хато кардааст. Ҳамон лақаби Шафтолу ҳам ба ту зиёдатӣ. Аз шафтолу даҳони одамон ширин мешавад, ту бошӣ фачӣ!

— Бас, гуфтам,Насим — дарҳол ба мобайн даромад мард.

  Мусулмон шояд аз ин туву мангўиҳо, ки одатан бо муштзаниву гиребонгирӣ меанчомид, ҳаросида, маҷрои гапро ба дигар тараф гардонд.

— Ака, ту Самандара мешинохтӣ, а? — ба мард муроҷиат кард вай.

— Кадом Самандар?

— Ҳамоне, ки дина дар хонааш худашро овехт.

—  Наход? Ўҳ, бача, қаҳрамонӣ кардааст-ку!

— Чи, аз ташвиши зиндагӣ ҳаросида, панҷ нафар фарзанди хурдсолро ятим карда, худро овехтан магар қаҳрамонист? — шўрид Насим. — Бар замми ин дар дини мо худкушӣ гуноҳест азим.

— Набошад-чӣ?! Ту гумон мекунӣ, ки ба гардани худ ҳалқа андохта, маргро рў ба рў хонда, ҷон додан кори осон аст. Бениҳоят мушкил аст ин кор, ҷўра. Худо ба инсон ҷон ато мекунад ва танҳо худи вай метавонад осонакак онро бозпас гирад. Ман чандин одамонро медонам, ки ҳамагӣ чанд сония ба талвосаи ҷон кандан тоб оварда, ресмони гарданашонро ба дасти худ буридаанд. Аммо он ҷавонмард аз дами теғи марг натарсида, ўро фаро хондааст. Шояд лаҳзаи охирин ба рўяш писханд зада бошад, ки дидӣ, дигаронро аз эҳсоси ту баданашон ба ларза медарояд, аз тарс чашмонашон аз косахонааш мебарояд, аммо ман худам туро ба ҷанги тан ба тан ҷеғ задам.Қандаша занад мардак! Меарзад, ки барояш ҳайкал гузоранд. Агар ҳайкал гузоранд воқиан ҳам аҷиб мешавад, а! Самандар ба рўи марг механдад, туф мекунад ва мисли ҳиндухое, ки рўзҳои ид дар танашон либоси рангоранг, дар гарданашон гулчанбар филсавор дар кўчаҳо сайр мекунанд, ба гардани марг савор шуда қоҳ-қоҳ механдад. Агар ту ҳайкалтарош мебудӣ сурати маргро чӣ гуна тасвир мекардӣ?

Насим ҷавоб надод.

— Ман, —  суханашро бо ҳамон оҳанг идома дод мард,— ўро дар симои як марди девсурат, нохунҳояш дароз-дароз, мўи сараш паҳну парешон, чашмонаш суп-сурх тасвир мекардам… Рез! — гуфт вай як истакони дусадграммаро аз   киса бароварда. — Барои Самандар менўшем.

Мусулмон зуд истаконро аз шароб пур кард.

Ҳарсе банавбат якқадаҳӣ нўшиданд.

— Ту бачаи баақлӣ, аммо баъзан гапҳои ҳавоӣ мегўӣ,— пас аз қадаҳро нўшидан ба Насим рўй овард мард бо остини пиҷакаш лабонашро пок карда.— Мегўӣ, ки худкушӣ кори осон аст…

— Э,бас кун! — миёни сухани ўро шикаст Насим. Ба дилам зад ҳамин фалсафахонии ту. Тамоми мардуми олам худашонро овезанд. Кори ман чи! Маъқул бошад, овехтан гиранд.

— Не, ту аз гап нагурез.

— Хайр, ана. гапи ту маъқул. Худкушӣ дар ҳақиқат қаҳрамонист.Шуд? Ҷони ман халос?

— Ту, кўдак, ба сари мана дод мезанӣ?

— Ман ба сари ту дод назадам .Гуфтам-ку гапи ту маъкул.Ман аввал аз камақлӣба решаи гапи ту сарфаҳм нарафтам. Мебахшӣ, ака, сад бор мебахшӣ.

— Ана ин гапи дигар, рез!

Онҳо,инак пайиҳам чандин қадаҳ бардошта, торафт маст мешуданд, беист сухани якдигарро бурида,гоҳо бо дўғу пўписа ва гоҳо каме ором шуда, ба якдигар гап фаҳмониданӣ мешуданд.

— Марг асал аст, — гуфт мард дар ҷои нишасташ алвонҷ хўрда.— Аммо мо, инсонҳои беақл, ширинии ин зиндагии зормондаро аз он асал авло медонем. Мурда-мурда бори гарони зиндагӣ мекашем: шикамамон гоҳ серу гоҳ гушна, асабамон тарангу поямон нимбараҳна, диламон зиқ… Лекин зистан мехоҳем, дудаста аз домани зиндагӣ меқапем. Боре дар китоби як нависандаи амрикоӣ… номаш кӣ буд? — муддате бо кафи дастон сарашро дошт вай. — Ҷак…Ҷак.. Хайр, номаш муҳим нест. Ҳамон нависанда навиштааст, ки танҳо марг инсонҳоро аз азоби зиндагӣ раҳо мекунад. Аммо одамон ба оғўши кушодаи вай бо дили нохоҳам мераванд… Дар ин ҷо чи сирре пинҳон бошад, а? Шафтолу, ту медонӣ?

— Мусулмон гўед, ака, Мусулмон.

— О ҳозир ана ин мардаки нағз гуфт, ки ту мусулмон нестӣ… Кофарӣ! Биё, номи туро Кофар мемонем. Чӣ хел? Ба фикрам номи зебо! А, Кофар! Хайр, мебахшӣ, Мусулмон…гиреҳи ҳамин муамморо кушода метавонӣ?

— Рости гап, ман ҳам боре қасди худкушӣ кардам, — чашмонаш нимпўш ба гап даромад Мусулмон.

— Ту ҳам худатро овехтанӣ будӣ? — пурсид мард.

— Не, овехтанӣ набудам. Мехостам аз боми бинои нўҳқабата худамро партоям. Одам гоҳо дар роҳҳои каҷу килеби зиндагӣ раҳгум зада, ба ҳамин роҳ мерафтааст. Чи хел гўям…Гоҳо аз танҳоӣ, баъзан аз нофаҳмии атрофиён, ё аз  вазнинии бори гарони зиндагӣ.

— Кадом падарқусур туро аз ин кори хайр боздошт? — пурсид Насим.

Мусулмон норозиёна ба рўи вай чашм давонда, суханашрор  идома дод:

— Вақте ки лаби  бом омада, ба замин нигоҳ кардам, чашмам сиёҳи зад, ваҳм дар дилам хона кард. Зуд худро қафо кашидам.

— Чунки ту тарсуӣ! — дод зад Насим . — Як бандаи худозадаи ношудӣ!

— Кӣ ношуд? Ман?

— Ҳа, ту!

— Гапатро дониста зан, ҳаддатро шинос. Ман …

— Ту чӣ?! — ба таҳдид гузашт Насим. — Қаҳрамонӣ? Не-е, ту муши мурдаӣ! Агар не , ҳозир вақте ки ба баногўшат як мушти обдор зада, шармандавор аз тўйхона пешат карданд, думатро хода накарда, ақаллан як бор ба қафоят нигоҳ карда мегуфтӣ, ки чаро маро мезанед? Ман аз шумо чи камӣ дорам? Хайр, ману ин мардак бе даъват рафта будем. Аммо ту даъват шуда будӣ- ку! Моро  ҳам ба ҳолу  ҷонамон намонда, аз қафоят кашола карда бурдӣ.

— Айби худамон шуд, ба раққоса ноҷо часпидем.

— Айби худамон буд, — даст ба қуттии консерв бурд Насим. — Ҳозир ман ба ту, тарсончак, нишон медиҳам айбӣ кӣ буд.

— Ҳой, оқипадарҳо! — каҷкордро ба истакон зада, онҳоро аз муҷодала боздошт  мард. — Тўйи худамонро ҳам вайрон накунед, охир! Ин нозу неъматро чаро пушти по мезанед, — якбора хандид ў. — Нўшед, хўред, маишат кунед аз давлати акатон.

— Тўйатон саратонро хўрад, — қуттии консервро гашта ба ҷояш гузошт Насим. — Ба бадам задӣ ҳардуят.

Мусулмон калавида аз ҷой хест.

— Куҷо? — таҳдидикунон мард низ аз ҷой нимхез шуд.

Ба хона … Дар хона худамро меовезам. Ман ба шумо нишон медиҳам қаҳрамонира. Оъ! Оъ! Ман ба шумо қаҳ… қаҳ… қаҳ… Уъ! Уъ!

Загрузка...

Дар борамон admin

Инчунин кобед

columbus_taking_possession-300x227

ПОСБОН

Ана, дигар саҳар шуд, Як рӯзаки дигар шуд. Модар ба кори худ рафт, Падар ба …