Главная / Теги: Равшани Махсумзод

Теги: Равшани Махсумзод

Тақдири зани танҳо

4620668_213cc8a

Фарида дар вақти муайяншуда дар назди тарабхонаи Н ҳозир шуд. Дуртар аз даромадгоҳ, атрофи фаввора ва зери дарахтон одамон ду-ду, се-се рост истода, баъзеашон рўи харакҳои дар сояи маҷнунбедҳо гузошташуда нишаста, байни ҳам сўҳбат доштанд. Замира, соҳиби тўй наменамуд. Фарида ҳарчанд зеҳн монд, дар байни меҳмонон ягон одами шиносро надид. …

Муфассал »

Духтари раис – чиновник

duxtaroni-tojik-90

Имсол мўҳлати мураххасиамро дар деҳа гузаронидам. Азбаски чанд сол боз ба зодгоҳам нарафта будам, мардуми зиёд, хешу таборон, ҳамсояҳо ва ҳамсинфон ба дидорбиниам омаданд. Аз ин сабаб чанд рўз аз хона ба ҷое нарафта меҳмон қабул мекардаму гусел. Пас аз канда шудани қадами меҳмонон рўзе бафурҷа дар байни ҳаётамон сайругашт …

Муфассал »

ЧЕҲРАИ ОШНО

duxtaroni-tojik-118

Шодмон ба бўрёкўбони ҳамсояи  навашон каме таъхир карда омад. Аллакай ҳамсояҳо ҷамъ омада буданд, як хона пур аз одам буд. Баробари ба хона ворид шудани Шодмон ҳамагон ба истиқболаш аз ҷой хеста, ўро ба пешгаҳ гузарониданд ва чун ба ҷойҳои худ нишастанд, соҳибхона, марди  тахмин шаст-шаступанҷсола, ки мўйҳои  сап-сафедаш дар …

Муфассал »

Антагонизм

Антагонизм

Онҳо,  яке марди газгўшти сиёҳҷурда ва дигаре қадпасти кулўла , ки риши кўтоҳ қайчизадааш мисли ангишт сиёҳ буд, дар чойхонаи лаби рўд нишаста, чой менўшиданд. Марди газгўшт, ки Ёқуб Раҳмон ном дошт, чандин сол дар мактаби деҳа муаллиӣ карда, ҳамин қарибиҳо ба нафақа баромада буд. Ҳамнишасти ў – Ҳоҷӣ Халил …

Муфассал »

Ҷазо – Ҳикоя

jazo

Ҷавон дар дами ғори фарози кўҳ нишаста, ба деҳа менигарист. Дар поён деҳа бо боғоти сарсабзу хонаҳои бомҳояшон пасту баланд, дарёи тезоб, қабристони паҳновар ва пайроҳаҳои каҷу килебаш гўё ба ғанаб мерафт. «Ин қадар зебо, – аз дил гузаронд  ҷавон. – Чаро ман то имрўз чандин бор ба ин қулла …

Муфассал »

Беморхона

603px-thumbnail

Меҳрубон, ҳамшираи шафқати беморхонаи шаҳрӣ, пас аз ба се нафар беморони палатаи панҷум сўзандору гузаронидан, аз палата берун шуд. – Агар ба ҳамшираҳои шафқати ҳама беморхонаҳои дунё ҳайкал гузоштанӣ шаванд, ман онро дар симои ҳамин духтарак метарошидам, – гуфт Шараф-амак, марди миёнқади зиёинамо, ки каташ дар назди тирезаи барқад гузошта …

Муфассал »

Худкушӣ

samoubijstvo

Се нафар, одамони ба қавли худашон улфатӣ, рўи майсаи лаби ҷўйбори сероб нишаста, барои худ дастархон муҳайё мекарданд. Шояд онро дастархон гуфтан ҷоиз  набошад, зеро ба сифати дастархон як рўзномаи ғиҷимшудаи кўҳна паҳн карда шуда буд. Рўи ҳамин дастархонро як шиша шароб, ду-се бех пиёзи анзур, як консерви килка, ним …

Муфассал »

ФАРЗАНДИ БАД

sangchashma-7

Собир Одина акнун даст ба дастаи дари директори мактаб бурданӣ буд, ки он ногаҳон кушода шуд ва аз дохил ҷавоне як бандча пулро ҳисобкунон берун шуд.  Собир  Одина ўро дарҳол шинохт. Вай, ҷавон, дар яке аз беморхонаҳои шаҳр ҷарроҳ шуда кор мекард ва чанд моҳ пеш Собир Одина  ба ў …

Муфассал »

Тақдири зани танҳо

Хобгоҳи Донишгоҳи Миллӣ дар маҳаллаи Каленин (Чазира)

Фарида дар вақти муайяншуда дар назди тарабхонаи Н ҳозир шуд. Дуртар аз даромадгоҳ, атрофи фаввора ва зери дарахтон одамон ду-ду, се-се рост истода, баъзеашон рўи харакҳои дар сояи маҷнунбедҳо гузошташуда нишаста, байни ҳам сўҳбат доштанд. Замира, соҳиби тўй наменамуд. Фарида ҳарчанд зеҳн монд, дар байни меҳмонон ягон одами шиносро надид. …

Муфассал »

РИШТАИ УМЕД

nodirshoh

Мебоист ба шаҳри Қурғонтеппа мерафтам ва азбаски рўз аз нисф гузашта буду дигар ба он тараф автобус намерафт, дар канори Душанбе ба як мошини сабукрави роҳгузар нишастам. Ронанда марди тахминан чил-чилу панҷ солаи чеҳракушод ва хушсўҳбате буд. Аз пасту баландии зиндагӣ суҳбат карда, роҳро кўтоҳ мекардем. Пас аз хеле роҳ …

Муфассал »