Вар-вару вар-вар карда,
Рухсораро тар карда.
Гуши маро кар карда,
Хоҳарам гиря дорад.
Алла гӯям, нахобад,
Шираш диҳам, рӯ тобад.
Ҳайронам, чӣ мекобад?!
Хоҳарам гиря дорад.
Ба назди миз овардам,
Мағзу мавиз овардам.
Сад гуна чиз овардам,
Хоҳарам гиря дорад.
Хобондам дар гаҳвора,
Чй кор кунам, чй чора?!
Сарсонаму овора
Хоҳарам гиря