Главная / Теги: Ҷӯра Ҳошимӣ

Теги: Ҷӯра Ҳошимӣ

Шеър дар бораи Шаршара

sharshara

Шаршара ноз дорад, Мӯйи дароз дорад. Шаршара кони мағал, Шаршара кони ғазал, Зеби дара шаршара, Шаршараи Гулдара. Шаршара зебо шудаст, Боби тамошо шудаст. Шона занад мӯӣи мо, Тоза шавад рӯӣи мо.

Муфассал »

Шеър дар бараи додар / бародар

qishloq

Чаро мошин ин саҳар, Хобидаву бепарво, Мусича ҳам мегардад, Рӯи ҳавлӣ беибо, Чаро алопари мо, Ин саҳар рӯи бом аст? Машғули бозӣ Фарҳод Бунафша ҳам ором аст. Чаро наояд ба гӯш Маоси мешу барра. Осуда дон мехӯрад Хурусаки ҷангара Чаро сатилу ҷорӯб Ҷо ба ҷои худ имрӯз Ёфтам меҳмонӣ рафтаст. …

Муфассал »

Шеър дар бораи Рақоса

Шеър дар бораи Рақоса

Духтараки чаканпӯш, Ҳамчун алав бари рӯш, Зангӯла хандаҳояш, Шаршара хам-хами мӯш, Ваҳ чи ҷамоле, парӣ, Шеъва чу кабки дарӣ, Олу ду чашми сиёҳ, Куртача ҳай пар-парӣ Доира рези ба рез Рақс дилошубу тез Шаҳпараке мекунад, Саҳни чаман ҷасту хез

Муфассал »

Нинича – шеър барои кудакон

Сурат - расми нинича

Нинич мо, Нинии аҷиб, Бехобаку шӯх, Номакаш наҷиб Лабу даҳонаш Монанди аком, Биниаш айнан Бинии додом. Нинича бо ман Себи дукафон, Аммо, чу момо Надорад дандон.

Муфассал »

Хоҳарам гиря дорад

xohar-girya

Вар-вару вар-вар карда, Рухсораро тар карда. Гуши маро кар карда, Хоҳарам гиря дорад. Алла гӯям, нахобад, Шираш диҳам, рӯ тобад. Ҳайронам, чӣ мекобад?! Хоҳарам гиря дорад. Ба назди миз овардам, Мағзу мавиз овардам. Сад гуна чиз овардам, Хоҳарам гиря дорад. Хобондам дар гаҳвора, Чй кор кунам, чй чора?! Сарсонаму овора …

Муфассал »

Шеър дар бораи Ватан барои кӯдакон

ватан

Ватан, Ватан, Ватан, Ту ҷисму ҷону тан. Маро ба васфи ту Куҷо бувад сухан. Ватан, Ватан, Ватан, Туи баҳори ман, Ту рӯҳи бешикаст, Туи қарори ман. Ба домани ту ман, Намоз оварам, Ту қиблаӣ, ба ту. Ниёз оварам Суруди ман, Ватан, Дуруди ман, Ватан. Ба қуллаи умед, Суҷуди ман Ватан.

Муфассал »

Шеър дар бораи модар барои кӯдакон

модар

Рӯйи гул барин, Рӯйи модарам. Бӯйи гулбарин, Бӯйи модарам. Кони меҳру лутф Чашми модарам, Нарм чун баҳор Хашми модарам. Ман барои ӯ Беҳтарам зи ҷон. Ӯ барои ман Асли асли ҷон.

Муфассал »

Шеър дар боари Моҳ

Моҳ куҷо меравад -

Моҳ чаро меравал? Мох куҷо меравад? Гашта ба мо ҳамқадам, Мохи само меравад? Хамраҳи мо як сабад Нуру сафо меравад? Сар ба сару бар ба бар, Пойи ба по меравад? Мо чу ба маизил расем, Моҳ куҷо меравад? Ё ки вай аз рӯйи меҳр Хонаи мо меравад?

Муфассал »

Шеър дар бораи Саёҳат

sayohar

Хона, Хона, дӯлона. Дӯлона, хона, хона. Дашту пушта, ҷӯву ҷар. Паҳнову кӯҳу ёна. Гову аспу мурғу саг Хиргоҳе тобистона. Як туту ду зарлолу Бо ҳам руста сегона. Ояд ҳар дам дар чашмам Тасвире аз афсона. Мошин метозад бар пеш. Дар пас мемонал хона. Оё бошад чашмамро, Сери дидан? Ё на?

Муфассал »

Шеър дар бораи чашма

чашма

Чашма бувад ҳамчун нур, Чашма равад бо сурур, Чашма кушояд нафас, Чашма хуш ояд ба кас, Чашма биёрад сафо, Чашма чи дорад Сахо? Чашма чӣ хонад Суруд? Чашма чаро беқарор, Чашма куҷо раҳсипор? Чашма шитобад ба дур Чашма ба мардум зарур

Муфассал »