Главная / Гуногун / Гузориш

Гузориш

Савол: Гузориш ба забони руссӣ чих ел тарҷума мешавад?

Ҷавоб: Гузориш ба забони руссӣ «Доклад» мешавад.

guzorish

Маълумот дар бораи гузориш (Гузориш чист ва жанри он?).

Гузориш ин маълумоти хаттиест, ки дар бораи ин ё он ҳолати кор баён менамояд ва дар охираш оиди хоҳиши баёнкунанда дарҷ карда мешавад. Дар зер намунаи гузориши хаттӣ оварда шудааст.

Ба Сардори Шуъбаи ҳуқуқ

муҳтарам Тиллоев Парвиз

  

Вобаста ба гузориши Шумо оид ба пардохт намудани 50%-и маблағи машқҳои ҷисмонии кормандони Шуъбаи ҳуқуқ тибқи супориши Раис мавриди баррасӣ қарор дода шуда, чунин хабар дода мешавад.

Бояд қайд кард, ки дар ташкилоти мо вобаста ба пардохт кардани хароҷотҳои кормандон, ки барои чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ нигаронида шудааст ягон ҳуҷҷати меъёрии танзимкунанда, вуҷуд надорад.

Бар иловаи ин оиди масъалаи мазкур, ки кулли кормандонро дахл дошта бошад дар буҷҷа чунин намуди хароҷот, пешбинӣ карда нашудааст.

Ҳамзамон қобили зикр аст, ки муроҷиати асоснок, ки машқҳои ҷисмонӣ барои фаъолияти касбӣ алоқамандӣ доранд дар гузориш қайд карда нашудааст.

Аз ин хотир ҳоло муроҷиати шумо ҷиҳати ба амал баровардани пардохт имконнопазир шуморида мешавад ва дар оянда дар ҳолати пайдо шудани яке аз омилҳои дар боло зикршуда масъала метавонад мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

Сардори шуъбаи кормандон                                         Зафар Саидов

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …