Главная / Илм / ГУЛМУРОДОВ Тошпӯлод

ГУЛМУРОДОВ Тошпӯлод

braginskiyГУЛМУРОДОВ Тошпӯлод (тав. 03. 01. 1953, деҳаи Ҷаврати ноҳ. Турсунзода), ҷарроҳи тахассуси дараҷаи олӣ, доктори илми тиб (1989), проф. (1990), узви вобастаи АИ ҶТ (1997), Аълочии тандурустии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2003). Хатмкардаи факултаи муолиҷавии ДДТТ (1974). Ординатори клиникии Ин-ти ҷарроҳии дилу рагҳои ба номи А.Н. Бакулеви АИТ ИҶШС (1974 – 76), ҷарроҳи Маркази ҷумҳуриявии рагҳои Беморхонаи клиникии шаҳрии №5 (1976 – 80), ассистенти кафедраи ҷарроҳии госпиталии ДДТТ (1980 – 86), докторанти Ин-ти ҷарроҳии ба номи А.В. Вишневскийи АИТ ИҶШС (1986 – 89), дотсент (1989 – 90) ва проф. кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаб (1990 – 92), мудири кафедраи ҷарроҳии факултавии ДДТТ (1992 – 2003). Аз с. 2003 директори Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо ва сандуқи сина.
Оид ба масъалаҳои гардиши хун дар майна, ҳамчунин гардиши хуни марказӣ ва канорӣ дар ашхоси гирифтори садама ва бемориҳои шоҳраг ва шохаҳои он тадқиқот бурдааст. Аввалин маротиба дар Тоҷикистон дар рагҳои бо хун таъминсозандаи майна ва аневризмаҳои аортаи сандуқи сина амалиёти ҷарроҳӣ гузаронидааст. Асосгузор ва тарғиботчии ҷарроҳии эндоскопӣ дар Тоҷикистон. Дар мавзӯи «Реваскуляризатсияи андомҳои поён тавассути артерияҳои амиқи рон» рисолаи номзадӣ ва дар мавзӯи «Ташхис ва ҷарроҳии иллатҳои тавъами ҷаббидашавандаи аортаи шикам ва артерияҳои брахиосефалӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 200 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 7 монография, 1 дастурамали таълимӣ, 4 кашфиёт. Таҳти роҳбарии ӯ 2 наф. рисолаи докторӣ, 22 наф. рисолаи номзадӣ дифоъ намудаанд. Раиси Ҷамъияти ҷарроҳони Тоҷикистон, раиси Ассотсиатсияи ҷарроҳони дилу рагҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ.
Ос.: Хирургия травм сосудов и их осложнений, Д., 1991; Диагностика и хирургическое лечение сочетанных оклюзирующих поражений брюшной аорты и брахиоцефальных артерий, Д., 1993; Газаки шадиди талхадон ва аворизи он, Д., 1995; Осложненный холецистит, Д., 1996; Огнестрельные ранения ободочной кишки, Д., 2000; Хирургическое лечение прободных язв желудка и двенадцатиперстной кишки, Д., 2003; Заболевания сердца и сосудов, Д., 2005.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …