Главная / Гуногун / ГУЛЧИНЕ АЗ ҲИКМАТҲОИ ЛОЗАВОЛИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА /р/

ГУЛЧИНЕ АЗ ҲИКМАТҲОИ ЛОЗАВОЛИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ АБӮҲАНИФА /р/

«Сухани ҳикматомез чӣ хуш ҳадяест». Аз аҳодиси шарифи Ҳазрати Расулуллоҳ /с/: – Китоби «Панҷсад Ҳадис» Москва: Комил, 1991, саҳ.28. Аз тарҷумаи форсии «Ал-Мавоъизулъададия» таҳзиб ва танзими Алии Мушкини Ардабилӣ ва кӯшиши Мирзо Аҳмад Ҷаннатии Исфаҳонӣ.

Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ ба чи андозае, ки дар байни аҳли Қибла, яъне, муслимин обрӯву эътиборе, дошта бошад, дар байни аҳли илму адаб ва тӯдаи аҳли ҳикмати ҷаҳон, низ дорои мақому манзалати хос мебошад, яъне, агар мардуми Шарқи исломӣ Имом Абӯҳанифа /р/-ро ҳамчун “Имоми Аъзам”, «Чароғи уммат», қутбулавлиё, пири аҳли калому фақеҳи кабир ва пешвои мазҳаб шиносанд мардуми Ғарбу Шарқ ва он сӯи уқёнус ва Шарқи Дур, Имом Абӯҳанифа /р/-ро ҳамчун ҳаким, яъне, файласуф ва яке аз аввалин асосгузори усули илми калом ва фақеҳ, яъне, ҳуқуқшиносу ислоҳотчии бузург-муслиҳиддин мешиносанду эътироф мекунанд…

Ва инак азизон, дар рӯ ба рӯи Шумо, дар паси панҷараҳо ва пешорӯи назари муборакатон дурдонаҳои лафзӣ, аз хазинаи маърифат, тозагулҳое аз гулистони ҳақиқат, маъниҳо аз олами маъонӣ ва вожаҳои малакутии файзбахшу файзосое, аз дарёи ҳикмати безаволи Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/, чун ахтарон, дар паҳнои асмони авроқ дар ҷилваанд, ки дар ҳар ҳарфе аз ин вожаҳо боз созу розу румузи дигар аст. Пас эй азизон, назар бинмоед ба осмони пурситораи ҳикмати андешаҳои Имом Ҳаким Абӯҳанифа /р/ то бошад, ки дар умқи амвоҷи пурталотуми мавҷҳои нурафшони ахтарони ҳикмати ин инсони комил, роҳе барои бозёбӣ ва расидан ба асрори худӣ ва Худошиносиву хештаншиносиро пайдо карда бошем…

Имом Абӯҳанифа /р/ фармуда: «Лав лам ябъасуллоҳи линноси расулан, лавоҷиб ъалайҳим маърифата биъақулаҳум». Яъне: «Агар Худованд  паёмбаре  ҳам  намефиристод, ақли мардум Худошиносиро бар эшон воҷиб мекунад». Имом Абӯҳанифа /р/ ба ин шеър бисёр масал мезад:

«-Кафо ҳузнан ан ло ҳаёту ҳаниятан,

Вало амалу ярзибаллоҳу солеҳ».

Яъне:

«-Андӯҳе бад-ин гаронӣ бас аст,  

                                   ки на зиндагии гуворое дорем,

Ва на амали солеҳе, ки Худои азза

                                  ва ҷаллро хушнуд созад».

Ва мегуфт: «-Ҳар кас дар чизе аз илм ва нақди он сухан бигӯяд, дар ҳоле ки ба ин пиндор бошад, ки Худои тоъоло аз ӯ намепурсад, ки чи гуна дар дини Худо фатво додӣ. Пас ҳаққо ки худ ва дини хешро сабуку сарсарӣ ангоштааст.

***

Ҳар кас раёсатро қабл аз вақти он талаб кунад, зиндагии зиллатборе хоҳад дошт.

***

Қадри фиқҳ ва қадри аҳли фиқҳро намешиносад он кас, ки дар нишастан ба маҷлиси илм гаронбор бошад.

***

Маъосӣ (маъсият, гуноҳ)-ро зиллат (залолат, хорӣ) ёфтам ва тарки онҳоро мурувват, ки ин худ сипари нигаҳбоне аст, барои диёнат.

***

Касе, ки илм ӯро аз маҳорими Илоҳӣ боз надошт, бегумон, ки ӯ аз зиёнкорон ва мунофиқон аст!

***

Ҷамъияти хотир, дар гарави ҳазфи алоиқ (дилбастагиҳо)-и моддӣ аст. Пас бояд фақеҳ ба ҷуз қадри ниёзро аз дунё бар нагирад, ҳамон миқдор, ки ӯро бар ҳифз ва нигоҳдории фиқҳ ёрӣ намояд.

***

Агар дар дунё ва охират, уламоу авлиёи Худои таъоло набошанд, пас Худои мутаъолро дигар валие нест.

***

Ҳар кас ба талаби Ҳадис равад ва фақоҳате (илми фиқҳ) касб накарда бошад, ҳаммонанди касе аст, ки доруҳоро ҷамъоварӣ мекунад, аммо манофеъи онҳоро намедонад, то онки назди табиб ояд, ва фақеҳ, табиби ин дорухона аст.

***

Ҳар гоҳ дар паи баровардани ҳоҷате аз ҳоҷати дунё ҳастӣ, пас то онро анҷом намедиҳӣ, ғизо нахӯр, зеро, ки ғизо хӯрдани ту дар ин ҳолат аз рӯи адам (нестшавӣ, аз байнравӣ)-и тааққул (ақл, хирадмандӣ, тафаккур, аз рӯи ақл) хоҳад буд.

***

Дар дини Худои таъоло касби дониш кунед ва мардумро вогузоред, ба он чи ки барои хеш интихоб мекунанд. Ва бидонед, ки Худои мутаъол онро мӯҳтоҷи шумо месозад.

***

Ҳар кас, ки арҷи худ бидорад ва нафсаш бар вай гиромӣ бошад, дунё назди вай бе миқдор мешавад ва ҳар сахтие дар дунё низ.

***

Ҳар кас суханатро бар ту қатъ кунад, бар сари ӯ ҳисоб накун, зеро ки ӯ дар дӯстии илм ва адаб каммоя аст ва мағзаш тиҳисту оҷиз, барои дарки маърифат.

***

Гуноҳонро барои дӯст гирд меоварӣ, ки нафси ту аст ва молу сарватро барои душманат, ки вориси ту аст.

***

«Ҳеҷ кас бо Ҳазрати Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳа наҷангид, магар ин, ки Алӣ /р/ дар  ҳақ бартар аз ӯ буд ва агар ҷангҳои Алӣ /р/ бо онон воқеъ намешуд,  ҳеҷ кас намедонист, ки равиши ҷанг  бо бағоти муслимин чи гуна аст». ( Бале, сухани Имом Шофеъӣ раҳамуллоҳ низ назири ин аст, ки гуфт:  «-Аҳкоми аҳли бағӣ ва чигунагии   муқотила бо ононро аз ҷанги Алӣ бо Муъовия разиаллоҳу анҳумо истинбот намудем».  62, 131. Аҳмад ибни Ҳаҷар Ал-Ҳайтамӣ Ал-Маккий.

***

Баъд аз намози субҳ, аз Имом Абӯҳанифа /р/, дар бораи чанд масъала фатво хостанд ва посӯхи эшонро дод, ки пас касе интиқодкунон гуфт:-Оё салафи солеҳи мо (асҳоби киром) сухан гуфтан, дар ҳамчу вақтеро ҷуз ба хайр, макрӯҳ намепиндоштанд? Имом Абӯҳанифа /р/ дар посухи вай фармуд: «-Ва магар кадом хайр беш аз ин аст, ки гуфта шавад:-Ин ҳалол ва ин ҳаром аст. Мо бо ин кор ба танзеҳ (пок ва муназзаҳ кардан) дур кардан аз айбу олоиши Борӣ Таъоло мепардозем ва халқро аз маъосии вай барҳазар медорем, ки ин беҳтарин тӯша аст. Ва вақте киса аз тӯша тиҳӣ гардад, соҳибаш табоҳ мешавад».

***

Марде барои вай (яъне, ба Имом Абӯҳанифа раҳамуллоҳ) китобе овард, ба расми хоҳиш, то барояш Ҳадис бигӯяд, Имом Абӯҳанифа /р/ фармуд: «-Ин шеваи талаби илм нест. Худои ъазза ва ҷалл аз уламо паймон гирифта аст, ки бояд илмро ба мардум баён намуда ва онро китмон (пинҳон кардан) накунанд,  пас олимро хоссоне нест, ки илмро дар эҳтикор (бор кардани чизе ва судҷӯӣ)-и онон қарор диҳад, балки дарвозаи илми ӯ ба рӯи умум боз аст ва ҳадафи ниҳоии вай аз таълими илм кам ризои Худои мутаъол аст, на расидан ба мақосиди дигар».

***

Барои яке аз шогирдонаш Имом Абӯҳанифа /р/ гуфт: «-Маро дар ҳоли роҳ рафтан, ё сухан гуфтан бо мардум, ё дар ҳолате, ки дароз кашида ва ё такя задаам, аз амри дин суол макун, зеро дар чунин ҳолате ақли мардон устувор нест».

***

Аз Имом Абӯҳанифа /р/ дар бораи Ҳазрати Мавло Алӣ /р/ ва Муъовия /р/ ва куштагони саффайн  суол карданд, фармуд: «-Метарсам, ки назди Худои таъоло ҳамроҳ бо чизе равам, ки маро аз он мавриди пурсиш қарор диҳад, аммо агар сукут кунам, аз ин амр мавриди пурсиш қарор намегирам, балки фақат аз корномаи худам бозхост мешавад,  пас парҳез кардан аз ин баҳсро авло медонам». (Бале, баҳси бе мантиқ кори аҳмақон аст ва ки ҳақ асту ки ноҳақ, Худо худаш медонад, ки Ӯ таъоло худ доно асту одил ва олими сирри вал-хафиёт ва он ҷо, ки муқаддароти Илоҳист, ҳоҷате ба доварии мову шумо нест (С.Б.Б).

***

Имом Абӯҳанифа /р/ ба ёронаш гуфт: «-Агар бо ин илмхоҳон хайр набошед, тавфиқ рафиқи шумо нахоҳад буд». (Бале, басо хуб гуфта, пешвои мо Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/. Ва ба ин хотир аст, ки мегӯянд: «-Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро». С.Б.Б.)

***

Ва мегуфт Имом Абӯҳанифа /р/: «-Дар шигифт (ҳайрат)-ам, аз қавме, ки бар мабонӣ (асос)-и пиндору гумонҳои ботили хеш сухан мегӯянд ва бар ин мабно ҳам амал менамоянд, дар ҳоле, ки Худои мутаъол барои Паёмбараш саллаллоҳу ъалайҳи ва олиҳи ва саллам мефармояд, астаъизу биллоҳ: «-Ва ло тақфу мо лайса лака биҳи илм…» (Ал-оя). Ва фармуд Имом Абӯҳанифа /р/, ки: «-Ҳар кас барои ба чанг овардани дунё; ба суроғи илм равад, аз баракати он илм маҳрум мешавад ва он илм дар қалбаш русух (устувор, нуфуз, нақш бастан) намекунад ва дигарон ҳам аз он баҳраи бисёр намебардоранд, аммо ҳар кас барои амри дин илмро фаро гирад, дар илми вай баракат ниҳода мешавад ва ин илм дар қалбаш русух менамояд ва муқтабисон (иқтибоскунандагон) аз вай низ бо он илм баҳраманд мешаванд» (Оре, илме, ки дур аз ҳақиқат асту бе ҷавҳари маънӣ ва дарунмояи мантиқӣ надорад, он илм илми дурӯғин аст, ки на аз лиҳози зоҳирӣ қобили қабул асту на аз лиҳози маънии дарунӣ. Ва Шайх Аттори Валӣ раҳамуллоҳ ҳам мефармоянд, ки:

«Илми ҳақ дар илми сӯфӣ гум шавад,

Ин сухан кай бовари мардум шавад».

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ раҳамуллоҳ, дӯстдору пайрави таълимоти ҳанафия ва шефтаи афкори Имоми Аъзам Абӯҳанифа раҳамуллоҳ буд ва шояд ҳам аз ин хотир бошад, ки ҳаммаъно ба ҳикмати Имом Абӯҳанифа разиаллоҳ, бо истифодаи байте аз ашъори муршиди рӯҳонии хеш Мавлавӣ Ҷалоллиддини Балхии Румӣ Ҳанафӣ мегӯяд:

-Эй, ки бошӣ дар паи касби улум,

Бо ту мегӯям, паёми пири Рум:

«-Илмро бар тан занӣ море бувад»,

Илмро бар дил занӣ ёре бувад».

Ки бе муболиға мисраҳои малакутиеанд, барои роҳнамоии соликони роҳи ростин (С.Б.Б).

***

Имом Абӯҳанифаи сӯфии барҳақ ва муҷтаҳиди роҳи ҳақиқат разиаллоҳу-анҳум, барои Иброҳим ибни Адҳам /р/ гуфт: «-Эй Иброҳим! Туро аз ибодату ниёиш баҳрае некӯ додаанд, пас бояд, ки фаро гирӣ илм ҳам то, ки он дар ҷанб (паҳлӯ)-и ибодату ваҷҳи ҳиммати ту қарор гирад, зеро ки илм раъс (оғоз, сар, аввали ҳар чиз)-и ибодат аст ва қавом (асли чизе, ростӣ, поя ва низом)-и ҳамаи умур бо илм аст».

***

Имом Абӯҳнифа /р/ барои амири Кӯфа гуфт: «- Тикае нону ҷуръае обу порае аз либос, ҳамроҳ бо саломату офият, беҳтар аз зиндагии мустағрақ (ғарқшуда) дар неъмате аст, ки баъд аз худ надомат, дар пай дошта бошад».

***

Ва чун дар маҷлиси Имом Абӯҳанифа /р/ сухан аз маъойиб (айб)-и дигарон ва орои муғразонаи эшон мерафт, мегуфт: «-Ҳон! Бар ҳазар бошед, аз нақли суханоне, ки мардумро хуш намеояд. Худованд даргузарад аз ононе, ки дар бораи мо суханони нобаҷо гуфтаанд ва Худованд раҳм кунад бар ононе, ки дар мо андешаи нек парвардаанд.

***

Рӯзе масъалае аз масоили мушкиларо дар миён афканданд, Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ ҷавоби онро дод, пас касе аз ҳозирон барояш гуфт: «-Кӯфа ҳамеша ба хайру хубӣ аст, то он гоҳ, ки Худои мутаъол туро дар он бар бақо дошта бошад. Имом Абӯҳанифа /р/ дар посух гуфт:

«- Халат -уд -диёра фасадту ғайри масуд,

Ва мин-ал-ъинои тафаррудӣ бил-судуд».

(Яъне: «Диёр аз бузургон холӣ гардид ва ман бе он, ки лоиқи он бошам, бар ҷойгоҳи сиёдат қарор гирифтам, пас яккатозии ман, дар сиёдат басо андӯҳбор аст»).

***

Дар яке аз намозҳо, фарзанди Имом Абӯҳанифа /р/, яъне, Имом Ҳаммод пеш гузашт, то ба мардум имомат диҳад, пас Имом Абӯҳанифа /р/ канори ҷомаи писарашро гирифта, ӯро ба ақиб кашид ва дигареро ба сӯи меҳроб ҳидоят намуд. Ҳаммод гуфт: «-Падарам! Маро фазиҳат (бадном, паст зада) мекунӣ»? Имом Абӯҳанифа /р/ фармуд: «-На, балки ту худ мехостӣ худро фазиҳат намоӣ ва ман туро аз ин ифтизоҳ (бадномшавӣ) боздоштам, зеро агар ба мардум намоз иқома мекардӣ ва гӯяндае мегуфт: «-Намозатонро, ки пушти сари ин оқо (рафиқ, бародар) хондаед, иъода (бозгардонидан) кунед, ин дар китобҳо навишта мешуд ва ор (нанг, шарм, айб ҳаё)-и он бароят то рӯзи Қиёмат боқӣ мемонд». 62.-131-134.

* * *

Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ писараш-Ҳаммодро аз шуғли илми калом манъ намуд. Ба ӯ гуфт: «-Шумо зимни баҳс, ҳарифатонро ба куфр тела додан мехоҳед. Ман бошам, ҳангоми дар илми калом иштиғол доштанам, кӯшиш мекардам, ки ҳарифамро аз куфр нигоҳ дорам».

***

Баъди вафоти Паёмбари Ислом /с/ миллати якпорчаи он, ба парокандагӣ мувозеҳ шуд. Фирқаҳои нав ба нав таъсис меёфтанд. Баъзе аз уламо Қуръон ва Ҳадисро яксӯ гузошта, ба тадриси фалсафаи бе бунёди бунёди кӯдаконаву дурӯғини юнониён қадам гузоштанд. Қуръонро махлуқ гуфтанд. Азоби қабр ва ҳисоби аъмолро инкор доштанд. Дидани дидори Худовандро таҳзиб менамуданд ва ғайра. Имом Абӯҳанифа /р/ барои дар ин масоил равшанӣ андохтан, ба майдони мубориза, алайҳи мӯътазилия, хавориҷ ва ғайра ворид шуда, бо мадади Парвардигори субҳон, ғолиб баромад.

***

Ақидаи Имом Абӯҳанифа /р/ оиди ҳисоб. Ӯ мегӯяд: «-Ҳисоб ҳақ аст. Барои он, ки сухани Худо, ки гуфтааст» астаъизу билло: «Ва ин тубду мо фӣ анфусикум ав тухфуҳу юҳосибукум баҳиллоҳ». (Тарҷума: «-Ва агар зоҳир кунед он чӣ дар дили шумо аст ва ё пӯшида доред, ҳисоб бигирад ба он шуморо Аллоҳ). Ва низ Худо хабар додааст, ки астаъизу биллоҳ: «Фа-аммо ман утия китобаҳу бияминиҳи фасавфа юҳосабу ҳисобан ясиро» (Тарҷума: «-Ва аммо касе, ки номаи аъмолаш ба дасти росташ дода шавад, пас ҳисоб гирифта мешавад, ҳисоби осон»).

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …