Главная / Гуногун / ГУЛЧИНЕ АЗ ХИКМАТХОИ ЛОЗАВОЛИ ХАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ АБУХАНИФА /р/

ГУЛЧИНЕ АЗ ХИКМАТХОИ ЛОЗАВОЛИ ХАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ АБУХАНИФА /р/

«Сухани хикматомез чи хуш хадяест». Аз аходиси шарифи Хазрати Расулуллох /с/: – Китоби «Панчсад Хадис» Москва: Комил, 1991, сах.28. Аз тарчумаи форсии «Ал-Мавоъизулъададия» тахзиб ва танзими Алии Мушкини Ардабили ва кушиши Мирзо Ахмад Чаннатии Исфахони.

Имоми Аъзам Абуханифа /р/ ба чи андозае, ки дар байни ахли Кибла, яъне, муслимин обруву эътиборе, дошта бошад, дар байни ахли илму адаб ва тудаи ахли хикмати чахон, низ дорои макому манзалати хос мебошад, яъне, агар мардуми Шарки исломи Имом Абуханифа /р/-ро хамчун “Имоми Аъзам”, «Чароги уммат», кутбулавлиё, пири ахли калому факехи кабир ва пешвои мазхаб шиносанд мардуми Гарбу Шарк ва он суи укёнус ва Шарки Дур, Имом Абуханифа /р/-ро хамчун хаким, яъне, файласуф ва яке аз аввалин асосгузори усули илми калом ва факех, яъне, хукукшиносу ислохотчии бузург-муслихиддин мешиносанду эътироф мекунанд…

Ва инак азизон, дар ру ба руи Шумо, дар паси панчарахо ва пешоруи назари муборакатон дурдонахои лафзи, аз хазинаи маърифат, тозагулхое аз гулистони хакикат, маънихо аз олами маъони ва вожахои малакутии файзбахшу файзосое, аз дарёи хикмати безаволи Хазрати Имоми Аъзам Абуханифа /р/, чун ахтарон, дар пахнои асмони аврок дар чилваанд, ки дар хар харфе аз ин вожахо боз созу розу румузи дигар аст. Пас эй азизон, назар бинмоед ба осмони пурситораи хикмати андешахои Имом Хаким Абуханифа /р/ то бошад, ки дар умки амвочи пурталотуми мавчхои нурафшони ахтарони хикмати ин инсони комил, рохе барои бозёби ва расидан ба асрори худи ва Худошиносиву хештаншиносиро пайдо карда бошем…

Имом Абуханифа /р/ фармуда: «Лав лам ябъасуллохи линноси расулан, лавочиб ъалайхим маърифата биъакулахум». Яъне: «Агар Худованд  паёмбаре  хам  намефиристод, акли мардум Худошиносиро бар эшон вочиб мекунад». Имом Абуханифа /р/ ба ин шеър бисёр масал мезад:

«-Кафо хузнан ан ло хаёту ханиятан,

Вало амалу ярзибаллоху солех».

Яъне:

«-Андухе бад-ин гарони бас аст,  

                                   ки на зиндагии гуворое дорем,

Ва на амали солехе, ки Худои азза

                                  ва чаллро хушнуд созад».

Ва мегуфт: «-Хар кас дар чизе аз илм ва накди он сухан бигуяд, дар холе ки ба ин пиндор бошад, ки Худои тоъоло аз у намепурсад, ки чи гуна дар дини Худо фатво доди. Пас хакко ки худ ва дини хешро сабуку сарсари ангоштааст.

***

Хар кас раёсатро кабл аз вакти он талаб кунад, зиндагии зиллатборе хохад дошт.

***

Кадри фикх ва кадри ахли фикхро намешиносад он кас, ки дар нишастан ба мачлиси илм гаронбор бошад.

***

Маъоси (маъсият, гунох)-ро зиллат (залолат, хори) ёфтам ва тарки онхоро мурувват, ки ин худ сипари нигахбоне аст, барои диёнат.

***

Касе, ки илм уро аз махорими Илохи боз надошт, бегумон, ки у аз зиёнкорон ва мунофикон аст!

***

Чамъияти хотир, дар гарави хазфи алоик (дилбастагихо)-и модди аст. Пас бояд факех ба чуз кадри ниёзро аз дунё бар нагирад, хамон микдор, ки уро бар хифз ва нигохдории фикх ёри намояд.

***

Агар дар дунё ва охират, уламоу авлиёи Худои таъоло набошанд, пас Худои мутаъолро дигар валие нест.

***

Хар кас ба талаби Хадис равад ва факохате (илми фикх) касб накарда бошад, хаммонанди касе аст, ки дорухоро чамъовари мекунад, аммо манофеъи онхоро намедонад, то онки назди табиб ояд, ва факех, табиби ин дорухона аст.

***

Хар гох дар паи баровардани хочате аз хочати дунё хасти, пас то онро анчом намедихи, гизо нахур, зеро, ки гизо хурдани ту дар ин холат аз руи адам (нестшави, аз байнрави)-и тааккул (акл, хирадманди, тафаккур, аз руи акл) хохад буд.

***

Дар дини Худои таъоло касби дониш кунед ва мардумро вогузоред, ба он чи ки барои хеш интихоб мекунанд. Ва бидонед, ки Худои мутаъол онро мухточи шумо месозад.

***

Хар кас, ки арчи худ бидорад ва нафсаш бар вай гироми бошад, дунё назди вай бе микдор мешавад ва хар сахтие дар дунё низ.

***

Хар кас суханатро бар ту катъ кунад, бар сари у хисоб накун, зеро ки у дар дустии илм ва адаб каммоя аст ва магзаш тихисту очиз, барои дарки маърифат.

***

Гунохонро барои дуст гирд меовари, ки нафси ту аст ва молу сарватро барои душманат, ки вориси ту аст.

***

«Хеч кас бо Хазрати Али каррамаллоху вачха начангид, магар ин, ки Али /р/ дар  хак бартар аз у буд ва агар чангхои Али /р/ бо онон вокеъ намешуд,  хеч кас намедонист, ки равиши чанг  бо баготи муслимин чи гуна аст». ( Бале, сухани Имом Шофеъи рахамуллох низ назири ин аст, ки гуфт:  «-Ахкоми ахли баги ва чигунагии   мукотила бо ононро аз чанги Али бо Муъовия разиаллоху анхумо истинбот намудем».  62, 131. Ахмад ибни Хачар Ал-Хайтами Ал-Маккий.

***

Баъд аз намози субх, аз Имом Абуханифа /р/, дар бораи чанд масъала фатво хостанд ва посухи эшонро дод, ки пас касе интикодкунон гуфт:-Оё салафи солехи мо (асхоби киром) сухан гуфтан, дар хамчу вактеро чуз ба хайр, макрух намепиндоштанд? Имом Абуханифа /р/ дар посухи вай фармуд: «-Ва магар кадом хайр беш аз ин аст, ки гуфта шавад:-Ин халол ва ин харом аст. Мо бо ин кор ба танзех (пок ва муназзах кардан) дур кардан аз айбу олоиши Бори Таъоло мепардозем ва халкро аз маъосии вай бархазар медорем, ки ин бехтарин туша аст. Ва вакте киса аз туша тихи гардад, сохибаш табох мешавад».

***

Марде барои вай (яъне, ба Имом Абуханифа рахамуллох) китобе овард, ба расми хохиш, то барояш Хадис бигуяд, Имом Абуханифа /р/ фармуд: «-Ин шеваи талаби илм нест. Худои ъазза ва чалл аз уламо паймон гирифта аст, ки бояд илмро ба мардум баён намуда ва онро китмон (пинхон кардан) накунанд,  пас олимро хоссоне нест, ки илмро дар эхтикор (бор кардани чизе ва судчуи)-и онон карор дихад, балки дарвозаи илми у ба руи умум боз аст ва хадафи нихоии вай аз таълими илм кам ризои Худои мутаъол аст, на расидан ба макосиди дигар».

***

Барои яке аз шогирдонаш Имом Абуханифа /р/ гуфт: «-Маро дар холи рох рафтан, ё сухан гуфтан бо мардум, ё дар холате, ки дароз кашида ва ё такя задаам, аз амри дин суол макун, зеро дар чунин холате акли мардон устувор нест».

***

Аз Имом Абуханифа /р/ дар бораи Хазрати Мавло Али /р/ ва Муъовия /р/ ва куштагони саффайн  суол карданд, фармуд: «-Метарсам, ки назди Худои таъоло хамрох бо чизе равам, ки маро аз он мавриди пурсиш карор дихад, аммо агар сукут кунам, аз ин амр мавриди пурсиш карор намегирам, балки факат аз корномаи худам бозхост мешавад,  пас пархез кардан аз ин бахсро авло медонам». (Бале, бахси бе мантик кори ахмакон аст ва ки хак асту ки нохак, Худо худаш медонад, ки У таъоло худ доно асту одил ва олими сирри вал-хафиёт ва он чо, ки мукаддароти Илохист, хочате ба доварии мову шумо нест (С.Б.Б).

***

Имом Абуханифа /р/ ба ёронаш гуфт: «-Агар бо ин илмхохон хайр набошед, тавфик рафики шумо нахохад буд». (Бале, басо хуб гуфта, пешвои мо Имоми Аъзам Абуханифа /р/. Ва ба ин хотир аст, ки мегуянд: «-Бо дустон мурувват, бо душманон мадоро». С.Б.Б.)

***

Ва мегуфт Имом Абуханифа /р/: «-Дар шигифт (хайрат)-ам, аз кавме, ки бар мабони (асос)-и пиндору гумонхои ботили хеш сухан мегуянд ва бар ин мабно хам амал менамоянд, дар холе, ки Худои мутаъол барои Паёмбараш саллаллоху ъалайхи ва олихи ва саллам мефармояд, астаъизу биллох: «-Ва ло такфу мо лайса лака бихи илм…» (Ал-оя). Ва фармуд Имом Абуханифа /р/, ки: «-Хар кас барои ба чанг овардани дунё; ба суроги илм равад, аз баракати он илм махрум мешавад ва он илм дар калбаш русух (устувор, нуфуз, накш бастан) намекунад ва дигарон хам аз он бахраи бисёр намебардоранд, аммо хар кас барои амри дин илмро фаро гирад, дар илми вай баракат нихода мешавад ва ин илм дар калбаш русух менамояд ва муктабисон (иктибоскунандагон) аз вай низ бо он илм бахраманд мешаванд» (Оре, илме, ки дур аз хакикат асту бе чавхари маъни ва дарунмояи мантики надорад, он илм илми дуругин аст, ки на аз лихози зохири кобили кабул асту на аз лихози маънии даруни. Ва Шайх Аттори Вали рахамуллох хам мефармоянд, ки:

«Илми хак дар илми суфи гум шавад,

Ин сухан кай бовари мардум шавад».

Аллома Мухаммад Икболи Лохури рахамуллох, дустдору пайрави таълимоти ханафия ва шефтаи афкори Имоми Аъзам Абуханифа рахамуллох буд ва шояд хам аз ин хотир бошад, ки хаммаъно ба хикмати Имом Абуханифа разиаллох, бо истифодаи байте аз ашъори муршиди рухонии хеш Мавлави Чалоллиддини Балхии Руми Ханафи мегуяд:

-Эй, ки боши дар паи касби улум,

Бо ту мегуям, паёми пири Рум:

«-Илмро бар тан зани море бувад»,

Илмро бар дил зани ёре бувад».

Ки бе муболига мисрахои малакутиеанд, барои рохнамоии соликони рохи ростин (С.Б.Б).

***

Имом Абуханифаи суфии бархак ва мучтахиди рохи хакикат разиаллоху-анхум, барои Иброхим ибни Адхам /р/ гуфт: «-Эй Иброхим! Туро аз ибодату ниёиш бахрае неку додаанд, пас бояд, ки фаро гири илм хам то, ки он дар чанб (пахлу)-и ибодату вачхи химмати ту карор гирад, зеро ки илм раъс (огоз, сар, аввали хар чиз)-и ибодат аст ва кавом (асли чизе, рости, поя ва низом)-и хамаи умур бо илм аст».

***

Имом Абухнифа /р/ барои амири Куфа гуфт: «- Тикае нону чуръае обу порае аз либос, хамрох бо саломату офият, бехтар аз зиндагии мустаграк (гаркшуда) дар неъмате аст, ки баъд аз худ надомат, дар пай дошта бошад».

***

Ва чун дар мачлиси Имом Абуханифа /р/ сухан аз маъойиб (айб)-и дигарон ва орои мугразонаи эшон мерафт, мегуфт: «-Хон! Бар хазар бошед, аз накли суханоне, ки мардумро хуш намеояд. Худованд даргузарад аз ононе, ки дар бораи мо суханони нобачо гуфтаанд ва Худованд рахм кунад бар ононе, ки дар мо андешаи нек парвардаанд.

***

Рузе масъалае аз масоили мушкиларо дар миён афканданд, Имоми Аъзам Абуханифа /р/ чавоби онро дод, пас касе аз хозирон барояш гуфт: «-Куфа хамеша ба хайру хуби аст, то он гох, ки Худои мутаъол туро дар он бар бако дошта бошад. Имом Абуханифа /р/ дар посух гуфт:

«- Халат -уд -диёра фасадту гайри масуд,

Ва мин-ал-ъинои тафарруди бил-судуд».

(Яъне: «Диёр аз бузургон холи гардид ва ман бе он, ки лоики он бошам, бар чойгохи сиёдат карор гирифтам, пас яккатозии ман, дар сиёдат басо андухбор аст»).

***

Дар яке аз намозхо, фарзанди Имом Абуханифа /р/, яъне, Имом Хаммод пеш гузашт, то ба мардум имомат дихад, пас Имом Абуханифа /р/ канори чомаи писарашро гирифта, уро ба акиб кашид ва дигареро ба суи мехроб хидоят намуд. Хаммод гуфт: «-Падарам! Маро фазихат (бадном, паст зада) мекуни»? Имом Абуханифа /р/ фармуд: «-На, балки ту худ мехости худро фазихат намои ва ман туро аз ин ифтизох (бадномшави) боздоштам, зеро агар ба мардум намоз икома мекарди ва гуяндае мегуфт: «-Намозатонро, ки пушти сари ин око (рафик, бародар) хондаед, иъода (бозгардонидан) кунед, ин дар китобхо навишта мешуд ва ор (нанг, шарм, айб хаё)-и он бароят то рузи Киёмат боки мемонд». 62.-131-134.

* * *

Имоми Аъзам Абуханифа /р/ писараш-Хаммодро аз шугли илми калом манъ намуд. Ба у гуфт: «-Шумо зимни бахс, харифатонро ба куфр тела додан мехохед. Ман бошам, хангоми дар илми калом иштигол доштанам, кушиш мекардам, ки харифамро аз куфр нигох дорам».

***

Баъди вафоти Паёмбари Ислом /с/ миллати якпорчаи он, ба парокандаги мувозех шуд. Фиркахои нав ба нав таъсис меёфтанд. Баъзе аз уламо Куръон ва Хадисро яксу гузошта, ба тадриси фалсафаи бе бунёди бунёди кудаконаву дуругини юнониён кадам гузоштанд. Куръонро махлук гуфтанд. Азоби кабр ва хисоби аъмолро инкор доштанд. Дидани дидори Худовандро тахзиб менамуданд ва гайра. Имом Абуханифа /р/ барои дар ин масоил равшани андохтан, ба майдони мубориза, алайхи муътазилия, хаворич ва гайра ворид шуда, бо мадади Парвардигори субхон, голиб баромад.

***

Акидаи Имом Абуханифа /р/ оиди хисоб. У мегуяд: «-Хисоб хак аст. Барои он, ки сухани Худо, ки гуфтааст» астаъизу билло: «Ва ин тубду мо фи анфусикум ав тухфуху юхосибукум бахиллох». (Тарчума: «-Ва агар зохир кунед он чи дар дили шумо аст ва ё пушида доред, хисоб бигирад ба он шуморо Аллох). Ва низ Худо хабар додааст, ки астаъизу биллох: «Фа-аммо ман утия китобаху бияминихи фасавфа юхосабу хисобан ясиро» (Тарчума: «-Ва аммо касе, ки номаи аъмолаш ба дасти росташ дода шавад, пас хисоб гирифта мешавад, хисоби осон»).

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …