ГРАЧЕВА Галина Василевна (тав. 3. 4. 1934, ш. Куйбишев), терапевт, доктори илми тиб (1976), проф. (1979). Аълочии тандурустии ИҶШС, Аълочии макотиби олӣ. Баъд аз хатми Ин-ти тиббии Куйбишев (1957) ординатори беморхонаи №17 (1958 – 62), инструктори Кумитаи ҳизбӣ (1962 – 64), аспирант ва ассистенти (1964 – 77) кафедраи таълими бемориҳои дарунии Ин-ти тиббии ш. Куйбишев буд. Проф. кафедраи терапияи госпиталии №2 (1977 – 78), мудири кафедраи таълими бемориҳои даруни фак-ти муолиҷавӣ (1978 – 97), ҳамзамон (аз 1982) проректор оид ба корҳои таълиму тарбияи ДДТТ. Муаллифи 100 таълифоти илмист. Феълан дар хориҷи ҷумҳурӣ кору фаъолият дорад.
Ос.: Пороки сердца у больных с ревматоидным артритом. Дар маҷ.: «Здравоохранение Таджикистана», 1982, 1, 62; О достижениях и задачах ревматологии в Таджикской ССР. Дар маҷ.: «Вопросы ревматизма», 1982, 4, 17.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …