Главная / Илм / ГОНОКОККҲО

ГОНОКОККҲО

gonokokhoГОНОКОККҲО, як навъ мавҷудоти ба чашм ноаён. Шакли лӯбиёро дошта, андозаашон 1,25 – 1,0×0,7 – 0,8 мкм аст. Бактерияҳои аэроб; дар сурати зиёд будани намии нисбии ҳаво месабзанд. Г. ангезандаи бемории сӯзок, ҳамчунин уретрит, сервитсит, салпингит, проктит, артрит, конъюнктивит ва фарингитҳо мебошанд. Г. баъзан боиси пайдоиши илтиҳоби ҳалқум ва рӯдаи рост низ мешаванд. Манбаи сирояти Г. бемор аст. Ангезандаи маризӣ бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, гоҳо ба тавассути либоси таг, сачоқ, лиф ва ғ. сироят мекунад. Ҳангоми бленнорея тифл аз роҳи узвҳои таносули модар сироят меёбад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …