Главная / Гуногун / Ғолиб Исломов

Ғолиб Исломов

Ғолиб Исломов (Исломов Ғолиб Қаландарович; 9 ноябри 1947, деҳаи Баррӯшони ноҳияи Рӯшон, ВАКБ) — ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1991), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (2002).
Ғолиб Исломов
Сурати (акси) Ғолиб Исломов дар соли 2001

Фориғуттаҳсили Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскийи шаҳри Маскав (1971). Аз ҳамон сол дар Театри навтаъсиси ҷавонони Тоҷикистон (аз соли 1978 ба номи М. Воҳидов) фаъолияташро шурӯъ кард ва пояш то кунун аз ин даргоҳ канда нашудааст.

Дар қариб шаст спектакл амсоли «Хазони сари роҳ», «Муаллими рақс», «Пирии пурзаҳмат», «Модар», «Ситораи раҳнамо», «Дилшод», «Якпула савдо, садпула ғавғо», «Умед», Дар филмҳои тоҷикии «Чор нафар аз Чорсанг», «Вохӯриҳои кӯтоҳ дар ҷанги тӯлонӣ», «Вохӯрӣ дар дараи марг», «Манзилатон обод бод», «Боз як шаби Шаҳрзод», бисёр саҳнаю намоишномаҳои телевизион нақш офарида, паҳлӯҳои гуногуни ҳаёти қаҳрамононашро ошкор месозад. Зеро ҳар образро тавассути омӯзиши пайваста, ҷустуҷӯи бардавом иҷро мекунад. Хоса қаҳрамонони мусбиро табиӣ меофарад. Саҳмаш дар дубляжи филмҳо ба забони тоҷикӣ калон аст.

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …