Главная / Илм / ҒОИБОВ Абдулло

ҒОИБОВ Абдулло

no-photoҒОИБОВ Абдулло (тав. 10. 01. 1922, деҳаи Қалъаи Ҳоҷии ноҳ. Ғончии вил. Суғд), доктори илмҳои тиб (1974), проф. (1975), духтури тахассуси дараҷаи олӣ (1992), Аълочии тандурустии ИҶШС. Баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогии ноҳ. Орҷоникидзеобод (ҳоло ш. Ваҳдат; 1941) с-ҳои 1941 – 42 муаллими синфҳои ибтидоии мактаби деҳаи Шулмаки ноҳ. Ғарм (ҳоло Рашт) буд. С. 1942 ба фронт даъват шуд. С. 1944 дар набардҳои шадиди ҷабҳаи Белоруссия маҷрӯҳ шуда, аз ҷанг баргашт. Хатмкардаи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1951). Эксперти тибби судии байниноҳиявии ш. ӯротеппа (1951 – 54). Ординатори клиникӣ ва аспиранти кафедраи анатомияи эътилолӣ (1954 – 62), ассистент ва дотсенти кафедраи тибби судӣ (1962 – 65), ҷонишини декани факултаи педиатрӣ (1965 – 67), мудири кафедраи тибби судӣ (1967 – 75), декани факултаҳои педиатрӣ ва стоматологии ДДТТ (1975 – 81). Аз с. 1976 сарэксперти тибби судии Вазорати тандурустии ҶТ ва ҳамзамон мушовири кафедраи тибби судии ДДТТ. Бори аввал нишонаҳои морфологии пайдоиши захмҳои кӯҳнаро дар қисмати мӯйдори сар, ки аз таъсири ҷисми сахти кунд ба амал омадаанд, муайян намуда, тарзи дақиқи ошкорсозии захмҳои кӯҳнаи қисмати мӯйдори сарро пешниҳод кардааст. Тадқиқоти Ғ. барои фаъолияти ҳамарӯзаи экспертҳои тибби судӣ аҳамияти калон доранд. Муаллифи зиёда аз 120 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 2 китоб, 12 тавсияҳои методӣ ва амалӣ, 3 навоварӣ. Дар бисёр симпозиумҳои байналхалқӣ иштирок ва маърӯза кардааст. Ғ. аз с. 1988 узви Шӯрои илмӣ оид ба тибби судии АИТ ИҶШС буд. Узви Шӯрои собиқадорони ҶБВ ДДТТ ва кумитаи ветеранҳои ноҳ. Исмоили Сомонӣ, раёсати Кумитаи ҷумҳуриявии ветеранҳои ҷанг, раиси Ҷамъияти илмии тибби судии Тоҷикистон, раиси комиссияи методии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тибби судии Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Бо ордени Ҷанги ватанӣ (дараҷаи I), медали «Барои шуҷоат», медалҳои ҷашнӣ (11 адад), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. сарфароз гардонда шудааст.
Ос.: О производстве судебно-медицинских экспертиз в Республике Таджикистан, Д., 1978; Квалификационные тесты для студентов и судебно-медицинских экспертов (китоби дарсӣ), Д., 2006.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …