Главная / Гуногун / ГИЁҲИ ШИФОБАХШИ СИНО

ГИЁҲИ ШИФОБАХШИ СИНО

Солҳои нав ба Душанбе кўчида омадани мо дар ин ҷо касалии вараҷа бисьёр буд. Ин тахминан солҳои 1933-1934 буд, ман духтарчаи калонакак будам. Кўчида омадему андак вақт нагузашта дар хонаи мо ҳам чанд кас касал шуд: аввал модарам, сонӣ акому ман. Фақат падарам касал набуданд, он кас ба мо нигоҳубин мекарданд. Агар падарам набошанд, якамон ба дигарамон об ҳам дода наметавонистем. Он вақтҳо доруи духтур анқо, ба пиёда як тараф истад, ба аспакӣ ҳам ёфт намешуд.

         Як рўз падарам ба бозор рафта, аз як табиби шиносашон як хел гиёҳ гирифта омаданд. Вай гиёҳ хушку қоқ буд, рангаш сабзи баланд, номашро падарам ким-чӣ гуфта буданд, ҳоло дар хотирам нест. Падарам он гиёҳро ба мо нишон дода, ҳамин алафро ҷўшонда обашро хўрдан даркор будааст, ба касалии вараҷа дору будааст, гуфтанду худашон вайро ба даруни як чойники тунука андохта, об қатӣ карда хуб ҷўшонданд. Баъди ҷўшондан обашро андак хунук карда, аз ҳамун ба ҳар кадоми мо нимпиёла-ним пиёла хўронданд. Рўзи дуюм ҳам оби мондагиашро гарм карда боз нимпиёлагӣ доданд. Бовар мекунед-мӣ, оби ҳамон гиёҳро хўрдему аз касалии вараҷа тамоман халос шудем. Аз ҳамун вақт то имрўз чӣ будани ин хел касалиро намедонам. Дар хотирам ҳаст, падарам ҳамон вақт гуфта буданд, ки ин гиёҳи шифобахшро Абўалӣ ибни Сино ёфта будааст.

 

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …