Главная / Илм / ГЕПАТОЛОГИЯ

ГЕПАТОЛОГИЯ

ГЕПАТОЛОГИЯ (аз юн. gepato – ҷигар ва логия), илме, ки ҷигар, талхадон, маҷрои талха ва ғадуди зери меъдаро меомӯзад. Амрози ҷигар аз замонҳои хеле қадим диққати табибонро ҷалб карда буд. Бисёр масъалаҳои марбут ба бемориҳои ҷигар ва талхадон дар асарҳои табибони гузашта қайд карда шудаанд. Чунончи, Ибни Сино дар «Ал-Қонун» роҷеъ ба ҷигар ва ҳолатҳои он, ки аз панҷ мақола иборат аст, фикрҳои ҷолиб баён мекунад. «Ҷолинус гуфтааст, ки каси ба бемории ҷигар гирифтор шахсест, ки андар корҳои ҷигараш аз ғайри ягон ҳолати зоҳирие аз қабили омос ва ё реши ғарбелаке заъф ҷой дошта бошад» – қайд кардааст Абӯалии Сино, – «Лекин ба ҳақиқат заъфи ҷигар аз паси бемориҳои он хезад ва он ё ба иллати бадмизоҷии содаи бемодда ва ё бо модда ба амал омада, мабдаи он ё аз худи ҷигар аст ва ё аз андомҳои дигаре, ки миёни онҳову ҷигар ҳамсоягӣ доранд. Мисоли он заҳрадонест, ки аз сафро кашидан бозмонда бошад, ё испурчест, ки аз савдо кашидан бозмонда бошад, ё гурда ва обгаҳест, ки бахши обиро накашанд, ё заҳдон аст, ки ба сабаби беҳад хун рафтан, ҷигарро сард кунад ва ё ба иллати ниҳоят баста шудани хуни ҳайз хуни ҷигарро табаҳ созад…» Шайхурраис андар баёни ташреҳи заҳрадон (талха) менависад: «Аз ҷумлаи манфаатҳои андар офариниши заҳрадон ҷойдошта ин аст, ки заҳра ҷигарро аз фазлаҳои кафкӣ пок созад… низ хунро латиф созад…» Ибни Сино хусусан дар бораи яке аз бемориҳои вазнини ҷигар – ярақон (гепатит) ва тарзи ташхису табобати он маълумоти аз нигоҳи илмӣ асоснок додааст. ӯ мегӯяд: «Ярақон ниҳоят зиёд дигаргун шудани ранги тан ва ба зардӣ ва сиёҳӣ задани он бувад, аз баҳри он ки хилти зард ва ё сиёҳ бидуни он ки гандида бошад, ба сӯи пӯст ва чизҳои бадан пайваста ҷорӣ шавад… Сабаби зардӣ андар бештари ҳолатҳо аз сӯи ҷигар ва аз сӯи заҳрадон аст…»
Аз нигоҳи тибби муосир низ ҷигар ҳамчун ғадуди калонтарини аъзои ҳозима бемориҳои бисёр дорад, ки сабаби онҳо дар нуқси маҷрои талха, талхадон, рӯдаи дувоздаҳангушта, ғадуди зери меъда ва ғ. нуҳуфта аст. Гепатитҳои вирусӣ ва шаробӣ, сирроз, фиброз, бемории гелиотропӣ, синдроми Криглер Найяр, синдроми Жилбер, синдроми Ротор, гепатози равғанӣ, думбал, саратон, астсит ва ғ. аз ҷумлаи бемориҳои ҷигар маҳсуб мешаванд.
Дар ҷумҳурӣ бисёр масъалаҳои марбут ба Г. дар Ин-ти гастроэнтерология ҳали хешро меёбанд. Олимони институти мазкур усули биопсияи сӯзании ҷигарро ба роҳ мондаанд, ки баҳри ташхиси бисёр бемориҳои он муҳим аст. С.-ҳои 90-уми а. 20 дар вил. Хатлон бемории дистрофияи гелиотропӣ хурӯҷ ёфт. Мутахассисони Ин-ти гастроэнтерология дар пажӯҳиш, ташхис ва табобати он саҳми назаррас гузоштанд. Тадқиқоти гистологӣ ва микроскопии бофтаҳои ҷигар собит намуд, ки дар даромадгоҳи он тағйироти илтиҳобӣ, яъне гепатит вуҷуд надорад. Дар мавриди беморӣ маҳз рагҳои ҷигар иллат пайдо мекунанд. Бинобар ин маризии мазкур гепатоангиопатияи гелиотропӣ ё бемории Мирочник – Мансуров (ба шарафи муҳаққиқони он) номида шуд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …