Главная / Илм / ҒАДУДИ ШИР

ҒАДУДИ ШИР

gadudi-shirҒАДУДИ ШИР (Glandula mammaris), ғадудест, ки дар ниёми мушаки калони сина дар байни қабурғаҳои III ва VI ҷойгир аст. Ғ. ш. аз 15 – 25 ҳиссача иборат буда, маҷрои онҳо (роҳҳои шир) дар сӯрохи пистон боз мешавад. Ғ.ш.-ро артерияҳои байни қабурғаҳо ва сина (дохилӣ ва берунӣ) бо хун таъмин месозанд. Ғ. ш. дорои шабакаи лимфавӣ аст, ки тавассути он лимфа ба лимфағуддаҳои асосан зери каш меравад. Вазифаи асосии Ғ. ш . ҳосил ва ихроҷ кардани шири сина буда, он зери таъсири гормонҳои гипофиз, тухмдон, ғадуди сипаршакл ва ғ. сурат мегирад (ихроҷи гормонҳои мазкур хусусан дар давраи балоғати ҷинсии духтарон, яъне 10 – 12-солагии онҳо, авҷ мегирад). Ғ. ш. дар 18 – 20-солагӣ пурра ташаккул меёбад. Ғ. ш. дар давраи ҳайз ва ҳомилагӣ дучори тағйироти анатомию физиологӣ мешавад. Он хусусан дар давраи таваллуд ва сина маконидани тифл ба дараҷаи бештарини инкишоф мерасад. Дар давраи климакс рушди баръакси бофтаҳои Ғ. ш. оғоз меёбад. Дар мардҳо Ғ.ш. аз фаъолият бозмемонад.
Ҳангоми муоинаи Ғ. ш. ба мутавозӣ ҷойгир будан, андоза, шакл, мавҷудияти деформатсия, хусусияти балоғати ҷинсӣ, адади ҳомилагӣ, таваллуд, исқот, синамаконӣ, тарашшӯҳоти пистон, тарзи ҳайз ва диг. аломатҳо эътибор дода мешавад. Ҳамчунин вазъи пӯст (ранг, тарангӣ, захм, варам, намудории рагҳои вена) ва пистонҳо (чуқур ҷойгир будан ё берун баромадани онҳо)-ро ба назар мегиранд. Ламс кардани пистонҳо (палпатсия) аввал дар ҳолати рост будани зан, сипас дар вазъи ба тахтапушт дароз кашидани ӯ иҷро карда мешавад. Зери кашҳо, таҳти чанбар ва мавзеи болои онро низ палмосида мебинанд. Дар сурати ба мушоҳида расидани ягон тағйирот, мас., сахт шудани лимфағуддаҳо, дигаргунии пӯст ва пистонҳо ба ташхиси рентгенологӣ (маммография) ва биопсия рӯ меоранд. Дар муассисаҳои махсусгардонида ҳамчунин аз ташхисоти ултрасадоӣ, термография ва радиоизотопӣ истифода мекунанд.
Ғ.ш. гирифтори бемориҳову осебҳои гуногун мешавад. Ҳолатҳои тамоман набудани Ғ. ш. (амастия) ва пистонҳо (ателия) аҳёнан дучор меоянд. Нуқси Ғ. ш. бисёр вақт бо роҳи ҷарроҳӣ табобат меёбад.
Яке аз иллатҳои маъмули Ғ. ш. кафидани пистон аст. Он асосан баъди таваллуд ва ҳафтаҳои аввали сина маконидани кӯдак рух менамояд. Пистонҳо баъзан чуқур кафида хуншор мешаванд. Дар натиҷа ҳангоми сина макондан, дарди сахт эҳсос шуда, ҳатто шир «мегурезад». Дар чунин мавридҳо ба пистон микробҳо роҳ ёфта, мумкин аст боиси сар задани мастит шавад. Ҳангоми хурд будани ҷойҳои кафида сина маконданро набояд қатъ кард (ба ҷойҳои иллатӣ спирт, танин, перманганати калий, маҳлули сабзи бриллиантӣ мемоланд). Дар сурати хушк будани пистонҳо онҳоро бо оби гарм шуста, баъди ҳар дафъаи сина макондан вазелин, ланолин, равғани моҳӣ ё марҳами 5%-и метилуратсил молидан лозим аст. Бо оби гарм ва хунук бе собун шустани пистонҳо садди роҳи кафидани онҳо мешавад. Синабандак бояд пахтагин ё канабӣ бошад.
Ба бемориҳои Ғ. ш. мастит, гинекомастия (дар мардҳо), мастопатия, гипертелия, тромбофлебити венаҳои зери пӯст, галактоселе, баъзан сил, сифилис, актиномикоз ва эхинококкоз, ҳамчунин аденома, папиллома, фиброаденома, липома ва ғ. маҳсуб мешаванд. Яке аз бемориҳои маъмули Ғ. ш. саратон мебошад. Саратони Ғ.ш. дар бисёр давлатҳои ҷаҳон дар байни амрози саратонии занҳо ҷои аввалро ишғол мекунад.

КЛ
Тасвири нақшавии ғадуди шир (дар бурриш): 1 – пистон; 2 – маҷрои пистон; 3 – ҳиссачаҳои ғадудҳо; 4 – мушаки калони сина; 5 – чанбар; 6 – бофтаи шуш; 7 – қабурға; 8 – мушаки калони сина; 9 – танаи ғадуди шир; 10 – маҷрои шир.
М. Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …