Главная / Илм / ГАДУДИ ШИР

ГАДУДИ ШИР

gadudi-shirГАДУДИ ШИР (Glandula mammaris), гадудест, ки дар ниёми мушаки калони сина дар байни кабургахои III ва VI чойгир аст. Г. ш. аз 15 – 25 хиссача иборат буда, мачрои онхо (роххои шир) дар сурохи пистон боз мешавад. Г.ш.-ро артерияхои байни кабургахо ва сина (дохили ва беруни) бо хун таъмин месозанд. Г. ш. дорои шабакаи лимфави аст, ки тавассути он лимфа ба лимфагуддахои асосан зери каш меравад. Вазифаи асосии Г. ш . хосил ва ихроч кардани шири сина буда, он зери таъсири гормонхои гипофиз, тухмдон, гадуди сипаршакл ва г. сурат мегирад (ихрочи гормонхои мазкур хусусан дар давраи балогати чинсии духтарон, яъне 10 – 12-солагии онхо, авч мегирад). Г. ш. дар 18 – 20-солаги пурра ташаккул меёбад. Г. ш. дар давраи хайз ва хомилаги дучори тагйироти анатомию физиологи мешавад. Он хусусан дар давраи таваллуд ва сина маконидани тифл ба дарачаи бештарини инкишоф мерасад. Дар давраи климакс рушди баръакси бофтахои Г. ш. огоз меёбад. Дар мардхо Г.ш. аз фаъолият бозмемонад.
Хангоми муоинаи Г. ш. ба мутавози чойгир будан, андоза, шакл, мавчудияти деформатсия, хусусияти балогати чинси, адади хомилаги, таваллуд, искот, синамакони, тарашшухоти пистон, тарзи хайз ва диг. аломатхо эътибор дода мешавад. Хамчунин вазъи пуст (ранг, таранги, захм, варам, намудории рагхои вена) ва пистонхо (чукур чойгир будан ё берун баромадани онхо)-ро ба назар мегиранд. Ламс кардани пистонхо (палпатсия) аввал дар холати рост будани зан, сипас дар вазъи ба тахтапушт дароз кашидани у ичро карда мешавад. Зери кашхо, тахти чанбар ва мавзеи болои онро низ палмосида мебинанд. Дар сурати ба мушохида расидани ягон тагйирот, мас., сахт шудани лимфагуддахо, дигаргунии пуст ва пистонхо ба ташхиси рентгенологи (маммография) ва биопсия ру меоранд. Дар муассисахои махсусгардонида хамчунин аз ташхисоти ултрасадои, термография ва радиоизотопи истифода мекунанд.
Г.ш. гирифтори беморихову осебхои гуногун мешавад. Холатхои тамоман набудани Г. ш. (амастия) ва пистонхо (ателия) ахёнан дучор меоянд. Нукси Г. ш. бисёр вакт бо рохи чаррохи табобат меёбад.
Яке аз иллатхои маъмули Г. ш. кафидани пистон аст. Он асосан баъди таваллуд ва хафтахои аввали сина маконидани кудак рух менамояд. Пистонхо баъзан чукур кафида хуншор мешаванд. Дар натича хангоми сина макондан, дарди сахт эхсос шуда, хатто шир «мегурезад». Дар чунин мавридхо ба пистон микробхо рох ёфта, мумкин аст боиси сар задани мастит шавад. Хангоми хурд будани чойхои кафида сина маконданро набояд катъ кард (ба чойхои иллати спирт, танин, перманганати калий, махлули сабзи бриллианти мемоланд). Дар сурати хушк будани пистонхо онхоро бо оби гарм шуста, баъди хар дафъаи сина макондан вазелин, ланолин, равгани мохи ё мархами 5%-и метилуратсил молидан лозим аст. Бо оби гарм ва хунук бе собун шустани пистонхо садди рохи кафидани онхо мешавад. Синабандак бояд пахтагин ё канаби бошад.
Ба беморихои Г. ш. мастит, гинекомастия (дар мардхо), мастопатия, гипертелия, тромбофлебити венахои зери пуст, галактоселе, баъзан сил, сифилис, актиномикоз ва эхинококкоз, хамчунин аденома, папиллома, фиброаденома, липома ва г. махсуб мешаванд. Яке аз беморихои маъмули Г. ш. саратон мебошад. Саратони Г.ш. дар бисёр давлатхои чахон дар байни амрози саратонии занхо чои аввалро ишгол мекунад.

КЛ
Тасвири накшавии гадуди шир (дар бурриш): 1 – пистон; 2 – мачрои пистон; 3 – хиссачахои гадудхо; 4 – мушаки калони сина; 5 – чанбар; 6 – бофтаи шуш; 7 – кабурга; 8 – мушаки калони сина; 9 – танаи гадуди шир; 10 – мачрои шир.
М. Ф. Додхоева.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …