Главная / Илм / ҒАДУДҲОИ БОЛОИ ГУРДА

ҒАДУДҲОИ БОЛОИ ГУРДА

glandula_suprarenalisҒАДУДҲОИ БОЛОИ ГУРДА (Glandula suprarenalis), ғадудҳои ҷуфти тарашшӯҳи дохилӣ, ки дар сари гурдаҳо ҷой гирифтаанд. Ғ. дар одам дар сатҳи мӯҳраи XI сина – мӯҳраи I камар, дар паси сифоқ воқеъ мебошанд. Ғадуди рост шакли секунҷа дошта, ғадуди чап ҳилолшакл аст. Ғ. ҳамроҳи гурдаҳо андаруни ғилофи чарбӣ (capsula adiposa) ҷой гирифта, бо ниём (мушакпарда)-и гурда (fascia renalis) пӯшида шудаанд. Дарозии Ғ. дар одами калон аз 30 то 70 мм, бараш аз 20 то 35 мм, ғафсиаш аз 3 то 10 мм аст; вазни ҳардуи Ғ. 10 – 14 г мебошад. Ғ. аз моддаҳои қишрии берунӣ ва мағзии дохилӣ иборатанд. Дар кӯдакони навзод вазни Ғ. ба ҳисоби миёна 3,5 г мебошад.
Ғ. аз ҳисоби се гурӯҳи артерияҳои фавқигурдавӣ (болоӣ, мобайнӣ ва поёнӣ) бо хун таъмин мегарданд; онҳо дар шакли мӯрагҳои сершумор ба паренхима ворид шуда, дар моддаи мағзӣ синусоидҳо ҳосил мекунанд. Аз Ғ. хун ба тавассути венаи марказӣ ва венаҳои сершумори сатҳӣ, ки ба силсилаи венавии узву бофтаҳои атроф мепайванданд, ҷорӣ мешавад. Мӯрагҳои лимфавӣ бо мӯрагҳои хунгард мутавозӣ ҷой гирифтаанд. Ғ.-ро торҳои асаби симпатикӣ ва парасимпатикии асабҳои батнӣ, гумроҳ ва диафрагмавӣ бо асаб таъмин мекунанд.
Моддаи қишрии Ғ. ба қитъаҳои тӯпчагӣ, бандчагӣ ва шабакавӣ ҷудо мешавад. Қитъаи тӯпчагӣ аз ҳуҷайраҳои шаклан нодуруст иборат аст. Дар қитъаи бандчагӣ (мобайнӣ) ҳуҷайраҳои ғадуд гирд омадаанд. Ҳуҷайраҳои қитъаи шабакавӣ (дарунӣ) шакли тӯри нодурустро доранд. Моддаи қишрии Ғ. дорои липидҳои зиёд буда, ба он ранги зард мебахшанд. Гормонҳои моддаи қишрӣ – кортикостероидҳо (глюко- ва минералокортикоидҳо) дар митохондрияи ҳуҷайраҳои тарашшӯҳӣ аз холестерин ҳосил мешаванд. Кортикостероидҳо ба ҳама гуна намуди мубодилаи моддаҳо, тонуси рагҳо, иммунитет ва ғ. таъсир мерасонанд. Аз ин лиҳоз моддаи қишрии Ғ. қитъаи муҳимтарини таъмини ҳаёти одам дар шароити муқаррарӣ ва ҳангоми мутобиқат ба стрессҳои гуногун маҳсуб мешавад. Дар қитъаи тӯпчагии моддаи қишрӣ алдостерон ҳосил мешавад. Он минералокортикоиди асосӣ буда, дар танзими мубодилаи обу намакҳо ширкат меварзад. Дар қитъаи бандчавӣ бештар кортизол ҳосил мешавад. Кортизол глюкокортикоид буда, ба мубодилаи сафедаҳо, равған, карбогидратҳо, кислотаҳои нуклеат ва кортикостерон (хосияти глюкокортикоид ва минералокортикоидро дорад) таъсир мерасонад. Дар қитъаи шабакавӣ гормонҳои ҷинсӣ, асосан андрогенҳо ба вуҷуд меоянд. Синтези кортикостероидҳо, хусусан синтези глюкокортикоидҳоро гормонҳои адренокортикотропӣ танзим менамоянд. Дар умқи Ғ. моддаи мағзӣ ҷой гирифтааст. Ҳуҷайраҳои ғадудии он ҳуҷайраҳои хромаффинӣ ё феохромӣ ном гирифтаанд, зеро ба онҳо намакҳои хром ранги зарди буртоб мебахшанд. Дар моддаи мағзӣ ғайр аз ҳуҷайраҳои ғадудӣ, торҳо ва ҳуҷайраҳои сершумори асаб низ вуҷуд доранд. Ҳуҷайраҳои хромоффинӣ се навъи гормон (адреналин, норадреналин ва дофамин) ҳосил мекунанд, ки зери як номи умумӣ – катехоламинҳо муттаҳид гаштаанд. Адреналин фақат дар Ғ. синтез мешавад; норадреналин ва дофаминро ҳамчунин параганглияҳо ва нейронҳои сершумори силсилаи асабҳои симпатикӣ ҳосил менамоянд. Ҳамаи он бофтаҳое, ки катехоламинҳоро ҳосил мекунанд, системаи адреналиниро ба вуҷуд меорад. Фаъолияти ҳуҷайраҳои хромаффиниро таъсироти гуногуни муҳити берунӣ ва дохилӣ ба ангезиш меоранд (мас., эҳсосот, гипотензияи артериявӣ, гипогликемия, кори ҷисмонӣ, хунук хӯрдан ва ғ.).
Фаъолияти Ғ.-ро аз рӯи консентратсияи гормонҳо ва маҳсули онҳо дар хуну пешоб муқаррар мекунанд. Фаъолияти глюкокортикоидии Ғ. аз рӯи миқдори 17-оксикортикостероидҳо (17-ОКС) дар хун, ҳамчунин дар миқдори шаборӯзии пешоб муайян карда мешавад. Фаъолияти андрогенӣ ва қисман глюкокортикоидии Ғ.-ро вобаста ба ихроҷи шаборӯзии 17-кетостероидҳо тавассути пешоб (меъёри муқаррарии он барои занҳо 22 – 60 мкмол/шаборӯз ё 6,4 – 18 мг/шаборӯз, барои мардон 23 – 80 мкмол/шаборӯз ё 6,6 – 23,4 мг/шаборӯз аст) муқаррар мекунанд. Барои ошкор сохтани иллатҳои Ғ. аз усулҳои ташхиси радиоиммунологӣ, рентгенологӣ – пневморетроперитонеум, томография, ангиография, УЗИ, томографияи компютерӣ ва ғ. истифода карда мешавад.
Аломатҳои болинии амрози Ғ. нисбат ба меъёри муқаррарӣ кам шудан (гипокортисизм) ё афзудан (гиперкортисизм)-и синтези гормонҳо маҳсуб мешаванд. Бемориҳое, ки сабаби онҳо иллати фаъолияти Ғ. аст: бемории аддисон, бемории Итсенко-Кушинг, синдроми адреногениталӣ, вирилизм, хромаффинома, гипералдостеронизм ва ғ.
Ад.: Клиническая нефрология, М., 1983; Славина Л.С., Заболевания эндокринных желез, Л., 1984; Грузина Е.А., Лакиза В.В., Уход за больными с эндокринными заболеваниями, Киев, 1987.
КЛ
Расми 1. Ғадудҳои болои гурда ва муносибати тарафайни онҳо бо гурда (намуд аз пеш): 1 – ғадудҳои рост ва чапи болои гурдаҳо; 2 – гурдаҳои рост ва чап.

Расми 2. Сохтори микроскопии ғадудҳои болои гурда: 1 – ғилофаки ғадуди болои гурда; 2 – қитъаи тӯпчагӣ; 3 – қитъаи бандчагӣ; 4 – қитъаи шабакавӣ; 5 – моддаи мағзӣ; 6 – мӯраги синусоидӣ.
А. С. Осимов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …