Главная / Илм / ГАДУДХОИ БОЛОИ ГУРДА

ГАДУДХОИ БОЛОИ ГУРДА

glandula_suprarenalisГАДУДХОИ БОЛОИ ГУРДА (Glandula suprarenalis), гадудхои чуфти тарашшухи дохили, ки дар сари гурдахо чой гирифтаанд. Г. дар одам дар сатхи мухраи XI сина – мухраи I камар, дар паси сифок вокеъ мебошанд. Гадуди рост шакли секунча дошта, гадуди чап хилолшакл аст. Г. хамрохи гурдахо андаруни гилофи чарби (capsula adiposa) чой гирифта, бо ниём (мушакпарда)-и гурда (fascia renalis) пушида шудаанд. Дарозии Г. дар одами калон аз 30 то 70 мм, бараш аз 20 то 35 мм, гафсиаш аз 3 то 10 мм аст; вазни хардуи Г. 10 – 14 г мебошад. Г. аз моддахои кишрии беруни ва магзии дохили иборатанд. Дар кудакони навзод вазни Г. ба хисоби миёна 3,5 г мебошад.
Г. аз хисоби се гурухи артерияхои фавкигурдави (болои, мобайни ва поёни) бо хун таъмин мегарданд; онхо дар шакли мурагхои сершумор ба паренхима ворид шуда, дар моддаи магзи синусоидхо хосил мекунанд. Аз Г. хун ба тавассути венаи маркази ва венахои сершумори сатхи, ки ба силсилаи венавии узву бофтахои атроф мепайванданд, чори мешавад. Мурагхои лимфави бо мурагхои хунгард мутавози чой гирифтаанд. Г.-ро торхои асаби симпатики ва парасимпатикии асабхои батни, гумрох ва диафрагмави бо асаб таъмин мекунанд.
Моддаи кишрии Г. ба китъахои тупчаги, бандчаги ва шабакави чудо мешавад. Китъаи тупчаги аз хучайрахои шаклан нодуруст иборат аст. Дар китъаи бандчаги (мобайни) хучайрахои гадуд гирд омадаанд. Хучайрахои китъаи шабакави (даруни) шакли тури нодурустро доранд. Моддаи кишрии Г. дорои липидхои зиёд буда, ба он ранги зард мебахшанд. Гормонхои моддаи кишри – кортикостероидхо (глюко- ва минералокортикоидхо) дар митохондрияи хучайрахои тарашшухи аз холестерин хосил мешаванд. Кортикостероидхо ба хама гуна намуди мубодилаи моддахо, тонуси рагхо, иммунитет ва г. таъсир мерасонанд. Аз ин лихоз моддаи кишрии Г. китъаи мухимтарини таъмини хаёти одам дар шароити мукаррари ва хангоми мутобикат ба стрессхои гуногун махсуб мешавад. Дар китъаи тупчагии моддаи кишри алдостерон хосил мешавад. Он минералокортикоиди асоси буда, дар танзими мубодилаи обу намакхо ширкат меварзад. Дар китъаи бандчави бештар кортизол хосил мешавад. Кортизол глюкокортикоид буда, ба мубодилаи сафедахо, равган, карбогидратхо, кислотахои нуклеат ва кортикостерон (хосияти глюкокортикоид ва минералокортикоидро дорад) таъсир мерасонад. Дар китъаи шабакави гормонхои чинси, асосан андрогенхо ба вучуд меоянд. Синтези кортикостероидхо, хусусан синтези глюкокортикоидхоро гормонхои адренокортикотропи танзим менамоянд. Дар умки Г. моддаи магзи чой гирифтааст. Хучайрахои гадудии он хучайрахои хромаффини ё феохроми ном гирифтаанд, зеро ба онхо намакхои хром ранги зарди буртоб мебахшанд. Дар моддаи магзи гайр аз хучайрахои гадуди, торхо ва хучайрахои сершумори асаб низ вучуд доранд. Хучайрахои хромоффини се навъи гормон (адреналин, норадреналин ва дофамин) хосил мекунанд, ки зери як номи умуми – катехоламинхо муттахид гаштаанд. Адреналин факат дар Г. синтез мешавад; норадреналин ва дофаминро хамчунин параганглияхо ва нейронхои сершумори силсилаи асабхои симпатики хосил менамоянд. Хамаи он бофтахое, ки катехоламинхоро хосил мекунанд, системаи адреналиниро ба вучуд меорад. Фаъолияти хучайрахои хромаффиниро таъсироти гуногуни мухити беруни ва дохили ба ангезиш меоранд (мас., эхсосот, гипотензияи артерияви, гипогликемия, кори чисмони, хунук хурдан ва г.).
Фаъолияти Г.-ро аз руи консентратсияи гормонхо ва махсули онхо дар хуну пешоб мукаррар мекунанд. Фаъолияти глюкокортикоидии Г. аз руи микдори 17-оксикортикостероидхо (17-ОКС) дар хун, хамчунин дар микдори шаборузии пешоб муайян карда мешавад. Фаъолияти андрогени ва кисман глюкокортикоидии Г.-ро вобаста ба ихрочи шаборузии 17-кетостероидхо тавассути пешоб (меъёри мукаррарии он барои занхо 22 – 60 мкмол/шаборуз ё 6,4 – 18 мг/шаборуз, барои мардон 23 – 80 мкмол/шаборуз ё 6,6 – 23,4 мг/шаборуз аст) мукаррар мекунанд. Барои ошкор сохтани иллатхои Г. аз усулхои ташхиси радиоиммунологи, рентгенологи – пневморетроперитонеум, томография, ангиография, УЗИ, томографияи компютери ва г. истифода карда мешавад.
Аломатхои болинии амрози Г. нисбат ба меъёри мукаррари кам шудан (гипокортисизм) ё афзудан (гиперкортисизм)-и синтези гормонхо махсуб мешаванд. Беморихое, ки сабаби онхо иллати фаъолияти Г. аст: бемории аддисон, бемории Итсенко-Кушинг, синдроми адреногенитали, вирилизм, хромаффинома, гипералдостеронизм ва г.
Ад.: Клиническая нефрология, М., 1983; Славина Л.С., Заболевания эндокринных желез, Л., 1984; Грузина Е.А., Лакиза В.В., Уход за больными с эндокринными заболеваниями, Киев, 1987.
КЛ
Расми 1. Гадудхои болои гурда ва муносибати тарафайни онхо бо гурда (намуд аз пеш): 1 – гадудхои рост ва чапи болои гурдахо; 2 – гурдахои рост ва чап.

Расми 2. Сохтори микроскопии гадудхои болои гурда: 1 – гилофаки гадуди болои гурда; 2 – китъаи тупчаги; 3 – китъаи бандчаги; 4 – китъаи шабакави; 5 – моддаи магзи; 6 – мураги синусоиди.
А. С. Осимов.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …