Главная / Биология / Фотосинтез. Дар баргҳо ҳосил шудани оҳар

Фотосинтез. Дар баргҳо ҳосил шудани оҳар

Чӣ тавре ки шумо аллакай медонед, барои рушду инкишофи мӯътадили растаниҳо об, моддаҳои маъданӣ ва органикӣ ниҳоят заруранд.

Об ва моддаҳои маъданиро растанӣ аз хок қабул мекунад. Вале саволе пайдо мешавад, ки растаниҳо моддаҳои органикиро аз куҷо мегиранд? Дар натиҷаи тадқиқот маълум гардид, ки растанихо худашон қобилият доранд дар равшанӣ аз моддаҳои ғайриорганикӣ (об ва гази карбонати ҳаво) моддаҳои органикиро ҳосил кунанд.

fotosintez

Ин ҳодиса раванди фотосинтез номида мешавад. Фотосинтез аз калимаи юнонй “фотос” — равшанӣ ва “синтезис“ — пайвастагӣ, ҳосил мекунам, гирифта шудааст. Қобилияти фотосинтезкунӣ дош- тан ин хусусияти мутлақо фарқкунандаи растаниҳои сабз мебошад. Тамоми моддаҳои органикие, ки дар мева, тухм, бехмева, лӯндаме- ва, пиёзак ва ғайраҳо захира мешаванд, дар раванди фотосинтез ҳосил мегарданд.

Барои инро фаҳмидан таҷрибаи зерин кӯмак мерасонад 52:. Ягон растании хонагӣ, масалан гули тӯтиё ё анҷибар (ёронгул)-ро, ки баргҳои паҳни калон доранд, гирифта 3—4 шабонарӯз дар ҷои (ҷевони) торик мегузорем. Бо гузашти ин муддат растаниро аз ҷои торик берун бароварда, ба ҳарду тарафи яке аз баргҳои он шакли ягон ҳарфи (бо салоҳдиди худ) дар коғази сиёҳ пас аз нақшбандӣ бури- дашударо, ки пешакӣ тайёр карда шудааст, бо зудӣ мечаспонем ва нағз маҳкам мекунем, то ки дар байнашон равшанӣ нагузарад. Шумо метавонед сабти “оҳар” (крахмал)-ро, ки дар коғази сиёҳ нақшбандӣ шудааст, истифода баред. Баъд тубаки растанидорро ба ҷои равшани офтобрас ё дар назди чароғи барқӣ мегузорем. Пас аз 6-8 соат баргро бурида, коғази ҳарфдорро аз он дур мекунем.

Баргро якчанд дақиқа дар оби ҷӯш, баъд ба стакани спиртдор андохта, гарм мекунем. Вақте ки барг беранг шуд, онро гирифта мешӯем ва дар лаълича паҳн мекунем. Ба болои барги берангшуда махдули се- роби йод мерезем. Дар барги беранг дар он ҷойҳое, ки равшанӣ ра- сидааст, ранги кабуд пайдо мешавад. Яъне, бо таъсири равшанӣ оҳар ҳосил шудааст. Зеро охар бо таъсири йод ранги кабуд пайдо мекунад. Зери коғази сиёҳи ҳарфмонанд буридашуда бошад, беранг мон- дан мегирад. Зеро ба он ҷо равшанӣ дохил намешавад (намерасад) ва оҳар низ хосил намешавад. Ва сабти ҳарф, ё ибора ба хубӣ аён мегардад. Ҳамин тавр, охар фақат дар равшанӣ дар натиҷаи раван- ди фотосинтез ҳосил мешавад.

Тадқиқотҳо нишон доданд, ки дар барг аввал қанд ҳосил мешавад ва он сипас ба оҳар ва дигар моддаҳои органикӣ табдил меёбад.

Азбаски охар дар об ҳал намешавад, вай бо таъсири моддаҳои махсуси фаъол (ферментҳо) ба қанд табдил ёфта, аз барг ба дигар узвҳои растанӣ бурда мешавад. Ҳамин тавр, моддахои органикии дар вақти фотосинтез ҳосилшуда дар ғизогирии органикии раста- ниҳо (ғизогирии автотрофӣ) фаъолона ширкат меварзанд.

Акнун саволе пайдо мешавад, ки оё дар ҳамаи ҳуҷайраҳои барг охар ҳосил мешавад? Барои ба ин савол ҷавоб додан чунин таҷри- ба мегузаронем. Растании анҷибари чипор (зеро баргаш хол-хол ҷойҳои сафеди бехлорофилл дорад)-ро гирифта якчанд соат ба зери рӯшноии баланди офтоб ё назди чароғи барқӣ мегузорем. (Инчунин канори паҳнаки баргаш низ зеҳаки сафед дорад). Баъд яке аз баргҳои онро бурида гирифта, чун дар таҷрибаи дар боло зикргардида беранг мекунем, Барги берангшударо 2-3 дақиқа дар маҳлу-ли сероби йод нигоҳ медорем.

Мебинем, ки ҷойҳои хол-хол сафед ва зеҳаки барги анҷибари чипор кабуд нашудааст. Яъне, дар он ҷойҳо охар ҳосил нашудааст. Зеро дар ҳуҷайраҳои сабзи паҳнаки барг хлоропластҳо ва дар онҳо пигменти хлорофилл ҳаст. Дар ин хел ҳуҷайраҳо дар равшанӣ оҳар ҳосил мешавад ва бо таъсири йод рангашон кабуд мешавад. Дар ҷойҳои хол-хол ва зеҳаки сафеди барг хлоропластҳои хлорофиллдор нестанд ва дар ин хел ҳуҷайраҳо оҳар ҳосил намешавад ва бо таъсири йод беранг мондан мегиранд.

Ҳамин тавр, оҳар, қанд дар равшании офтоб дар пластидҳои ранги сабздоштаи ҳуҷайра — хлоропластҳо ҳосил мешаванд. Ин ҳодисаро раванди фотосинтез меноманд.

  1. Барои ҳосил шудани оҳар дар барг кадом шароитҳо заруранд?
  2. Ҳосилшавии оҳарро дар барг бо кадом таҷриба исбот кардан мумкин аст?
  3. Чаро ҷои бо коғази сиёҳ пӯшондашудаи барг бо таъсири йод кабуд намешавад?
  4. Чаро дар ҷойҳои сафедранги барги анҷибари чипор (хол-хол) оҳар ҳосил намешавад?

Инчунин кобед

sobuni-siyoh

Собун барои доғи руй

Агар шумо ба сини балоғат расида ба гирифтори доғи рӯй шуда бошед пас барои тоза …