Главная / Гуногун / ДУРУГИ ШИФОБАХШ

ДУРУГИ ШИФОБАХШ

Абуали Сино табиб ва олими доно будааст. У ба хамаи дарду касалихо даво ёфта  метавонистааст. Ба назди у аз хар кучо беморон омада, ба дардашон шифо меёфтаанд.

unnamedРузе дар катори дигар беморон ба назди Абуали Сино як чавон низ барои муолича омадааст. Абуали Сино ба чавон як нигох кардаасту чизе нагуфта ба пеши бемори дигар  гузашта  рафтааст. Чавон гумон  кардааст, ки касалии у бедавост. Вай хафа шуда ба хонааш рафатааст. Абуали Сино ба гуши  яке аз шогирдонаш чизе  гуфта, уро  пинхони  аз дунболи чавон фиристодааст.

Чавони бемор аз хонааш  аргамчинро  гирифта ба бог баромадааст. Баъд ба ин тараф, ба он тараф нигох кардаасту аргамчинро ба шохи  дарахт  партофта, худашро  овехтан хостааст.

Шогирди Абуали Сино, ки дар паси  буттае рафтори беморро мушохида мекардааст, Давида рафта бандро  буридаасту беморро аз марг  халос карда гуфтааст:

– Абуали Сино гуфтанд, ки  шумо дигар назди он кас наравед, чунки шумо хеч гуна касали надоред.

Бемор аз шунидани ин суханон якбора шод гаштааст ва аз  касалии рухи, ки чанд вакт боз гирифтор  будааст, халос шудааст.

Баъд Абуали Сино ба шогирдаш фахмондааст:

– Ин гуна беморонро мачбур кардан лозим аст, ки бар касди хохишашон амал кунанд ва дар холати гамгинию рухафтодагиашон якбора шод шаванд.

Инчунин кобед

кумитаи андози Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон

Кумитаи андози назди Хукумати Чумхурии Точикистон (минбаъд – КА). Асоси Фаъолият – тибки Карори Хукумати …