ДОРУҲОИ ХОБОВАР, моддаҳое, ки дар одам ҳолати ба хоби табиӣ наздик, хоби амиқ ва бардавомро ба вуҷуд меоранд. Меъёри ками Д. х. таскинбахш мебошанд. Онҳо ба қисмҳои гуногуни асабияи марказӣ таъсири боздоранда расонда, боиси хоб мегарданд.
Ба Д. х. ҳосилаҳои бензодиазепин, мас., нитразепам (эуноктин), кислотаи барбитурат ё барбитуратҳо, мас., фенобарбитал, этаминалнатрий ва ғ., инчунин моддаҳои сохти химиявиашон дигар мансуб мебошанд. Доруҳои таскинбахш низ ба мӯътадил гардидани хоб мусоидат мекунанд. Онҳо ҳисси изтироб ва нооромиро рафъ намуда, боиси зуд фаро расидан ва сахт бурдани хоб мегарданд.
Хобе, ки аксари Д. х. ба амал меоваранд, аз хоби табиӣ қадре тафовут дорад. Д. х. зинаҳои муайяни хобро фурӯ нишонда, тағйири физиологии давраҳои онро халалдор месозанд. Чунончӣ, барбитуратҳо хобиданро осон ва муддати хоби тез (парадоксали)-ро кам мекунанд. Қатъи истеъмоли Д. х. марҳилаи хоби тезро яку якбора дароз менамояд, дар натиҷа ҳисси бехобӣ афзуда, кас хобҳои ногувор мебинад.
Ҳар рӯз истеъмол кардани Д. х. мумкин аст боиси дар организм ғун шудани онҳо, хоболудии доимӣ, ихтилоли ҳаракат гардад. Ҳангоми истифодаи тӯлонии Д. х. ба онҳо одат кардан мумкин аст. Дар натиҷа организм ба ин доруҳо мутобиқ мегардад, шахс маҷбур мешавад, ки барои хобидан миқдори онҳоро зиёд кунад. Баъзан шавқи носолим – саъйи рафъонопазир ба истеъмоли Д. х. (ниг. Нашъамандӣ) инкишоф меёбад.
Аксари Д. х. ба маводи пуртаъсир ё наркозӣ мансубанд. Онҳоро фақат бо таъиноти духтур истеъмол бояд кард. Истеъмоли беэҳтиёти Д. х. ва худсарона зиёд кардани меъёри онҳо боиси заҳролудӣ мешавад. Агар меъёри Д. х. аз вояи табобатӣ зиёд бошад, ҳисси вазнинии сар, беҳолӣ, душвории нафас пайдо шуда, кас аз ҳуш меравад. Дар ин маврид фавран духтурро ҷеғ задан зарур аст (ниг. Заҳролудӣ). Д. х.-ро дар дорухонаҳо фақат аз рӯи ретсепт мефурӯшанд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …