Главная / Илм / ДОРУХОИ ХОБОВАР

ДОРУХОИ ХОБОВАР

snotvorniyeДОРУХОИ ХОБОВАР, моддахое, ки дар одам холати ба хоби табии наздик, хоби амик ва бардавомро ба вучуд меоранд. Меъёри ками Д. х. таскинбахш мебошанд. Онхо ба кисмхои гуногуни асабияи маркази таъсири боздоранда расонда, боиси хоб мегарданд.
Ба Д. х. хосилахои бензодиазепин, мас., нитразепам (эуноктин), кислотаи барбитурат ё барбитуратхо, мас., фенобарбитал, этаминалнатрий ва г., инчунин моддахои сохти химиявиашон дигар мансуб мебошанд. Дорухои таскинбахш низ ба муътадил гардидани хоб мусоидат мекунанд. Онхо хисси изтироб ва нооромиро рафъ намуда, боиси зуд фаро расидан ва сахт бурдани хоб мегарданд.
Хобе, ки аксари Д. х. ба амал меоваранд, аз хоби табии кадре тафовут дорад. Д. х. зинахои муайяни хобро фуру нишонда, тагйири физиологии даврахои онро халалдор месозанд. Чунончи, барбитуратхо хобиданро осон ва муддати хоби тез (парадоксали)-ро кам мекунанд. Катъи истеъмоли Д. х. мархилаи хоби тезро яку якбора дароз менамояд, дар натича хисси бехоби афзуда, кас хобхои ногувор мебинад.
Хар руз истеъмол кардани Д. х. мумкин аст боиси дар организм гун шудани онхо, хоболудии доими, ихтилоли харакат гардад. Хангоми истифодаи тулонии Д. х. ба онхо одат кардан мумкин аст. Дар натича организм ба ин дорухо мутобик мегардад, шахс мачбур мешавад, ки барои хобидан микдори онхоро зиёд кунад. Баъзан шавки носолим – саъйи рафъонопазир ба истеъмоли Д. х. (ниг. Нашъаманди) инкишоф меёбад.
Аксари Д. х. ба маводи пуртаъсир ё наркози мансубанд. Онхоро факат бо таъиноти духтур истеъмол бояд кард. Истеъмоли беэхтиёти Д. х. ва худсарона зиёд кардани меъёри онхо боиси захролуди мешавад. Агар меъёри Д. х. аз вояи табобати зиёд бошад, хисси вазнинии сар, бехоли, душвории нафас пайдо шуда, кас аз хуш меравад. Дар ин маврид фавран духтурро чег задан зарур аст (ниг. Захролуди). Д. х.-ро дар дорухонахо факат аз руи ретсепт мефурушанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …