Главная / Гуногун / Дили шикаста аз зиндагӣ

Дили шикаста аз зиндагӣ

Ҷавоне чусту латиф, хандону ширинзабон дар ҳалқаи ишрати мо буд, ки дар дилаш аз ҳеҷ навъе ғам наёмади ва лаб аз ханда фароҳам. Рўзгоре баромад, ки иттифоқи мулоқот наюфтод. Баъд аз он дидамаш, зан хоставу фарзандон хоста ва бехи нишоташ бурида ва гули ҳавас пажмурда. Пурсидамаш: «Чӣ гунаӣ ва чӣ ҳолат аст?»

Гуфт:
– То кўдакон биёвардам, дигар кўдакӣ накардам!

Чун пир шудӣ зи кўдакӣ даст бидор,
Бозию зарофат ба ҷавонӣ бигузор.

cara-menenangkan-hati
Тараби навони зи пир маҷўй,
Ки дигар нояд оби рафта ба ҷуй.
Заръро чун расид вақти дарав,
Нахиромад чунон ки сабзаи нав.

***
Даври ҷавони бишуд аз дасти ман,
Оҳу дареғ он замани дилфурўз.
Қуввати сарпанҷаи шери бирафт,
Розиям акнун ба пашизе чу юз.
Пирзане мўй сияҳ карда буд,
Гуфтамаш: «Эй момаки деринарўз».
Мўй ба таблис сияҳ карда гир,
Рост нахоҳад шудан ин пушти кўз!»

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …