Главная / Илм / ДАВРАИ ОҒОЗИ БЕМОРӣ

ДАВРАИ ОҒОЗИ БЕМОРӣ

nachalo-bolДАВРАИ ОҒОЗИ БЕМОРӣ (Stadium prodromorum), давраи пешхабар, марҳалаи аввали бемории сироятӣ, ки дар аснои он аломатҳои аввалини беморӣ – беиштиҳоӣ, бесомонии хоб, дарди сар, беқувватӣ ва ғ. пайдо мешаванд. Д. ҳангоми бемориҳои сироятӣ баъди давраи инкубатсия (давраи ниҳонӣ) сар мешавад. Пас аз Д. аломатҳои хоси ин ё он маризӣ (таб, дамидани доначаҳо, дарди хоса ва ғ.) падид меоянд. Д. ҳангоми диг. бемориҳо (иллатҳои ғайрисироятӣ), мас., сактаи дил низ мушоҳида мешавад. Дар назар бояд дошт, ки андаке бад шудани аҳвол низ мумкин ибтидои ягон иллати ҷиддӣ бошад. Дар ин сурат ба кори вазнини ҷисмонӣ, хунук хӯрдан ва диг. ҳолатҳои ногувор роҳ набояд дод. Ҳар чӣ зудтар ба духтур муроҷиат кардан барои ташхису табобати самарабахш мусоидат ва оқибати бади бемориро пешгирӣ мекунад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …