Дастурамали № 228 “Дар бораи тартиби муайян ва эълон кардани қурби расмии пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ” мутобиқи қисми 4-и моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” таҳия шуда, тартиби аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муайян, тасдиқ ва эълон кардани қурби расмии пули миллӣ – сомонӣ нисбат ба асъори хориҷиро муқаррар менамояд.
Боби 1. Муқаррароти умумӣ
1. Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми давлатии танзими асъор қурби расмии пули миллӣ – сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ ҳисоб менамояд ва он ҳамчун қурби расмии асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ (минбаъд дар матн – қурби расмӣ) эълон карда мешавад.
2. Қурби расмӣ бо истифода аз қоидаи “ҳисоби бевосита” (ифода кардани воҳиди асъори хориҷӣ бо пули миллӣ) ҳисоб карда мешавад.
3. Қурби расмӣ бо мақсади баҳисобгирӣ ва инъикоси маблағҳои асъорӣ бо сомонӣ дар тавозуни муҳосибии субъектҳои хоҷагидорӣ, ба сомонӣ бозгардонидани маблағи пардохтҳои ҳатмии давлатие, ки бо асъори хориҷӣ ифода ѐфтаанд, ҳисобу таҳлили нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва натиҷаҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ истифода мешавад.
4. Қурби расмӣ қурби харид ва ѐ фурӯш набуда, Бонки миллии Тоҷикистон уҳдадор нест бо ин қурб асъори хориҷиро харад ва ѐ фурӯшад.
5. Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади баррасии дастаҷамъонаи масъалаҳои ба сиѐсати қурби асъор вобаста ва дарѐфти ҳалли онҳо, метавонад гурӯҳи кории байниидоравӣ ташкил намояд. Қурби расмӣ аз ҷониби воҳиди сохтории ваколатдори Бонки миллии Тоҷикистон (ѐ гурӯҳи кории байниидоравӣ) ҳисоб карда шуда, тавассути қурбномаҳое, ки онро шахси масъули ин воҳид имзо кардааст, тасдиқ ва эълон карда мешавад.
Боби 2. Тартиби ҳисоб кардани қурби расмӣ
6. Қурби расмии асъори хориҷие, ки номгӯи онҳо дар Замимаи №1 ба Дастурамали мазкур оварда шудааст, ҳар рӯз ба истиснои рӯзҳои истироҳат ва ид, бо тартиби зерин муайян карда мешавад: а) қурби расмии доллари ИМА дар асоси қурбҳои миѐнавазни қарордодҳои хариду фурӯши он бо сомонӣ, ки то соати 16:00 ҳамин рӯз дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкии асъор баста шудаанд, ҳисоб карда мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи то ба +1,5 фоиз тасҳеҳ намудани қурби миѐнавазни ҳисобкардашудаи доллари ИМА-ро дорад; б) қурби расмии асъори хориҷии дигари ин номгӯ тибқи қоидаҳои муайяннамоии қурби мутақобила (“кросс-курс”) бо истифода аз таносуби қурби расмии доллари ИМА нисбат ба сомонӣ ва қурби расмии доллари ИМА нисбат ба ин асъори хориҷӣ, ки аз ҷониби бонкҳои марказии онҳо ва ѐ бозорҳои асъории ҷаҳонӣ дар ҳамин рӯз муқаррар карда шудаанд, ҳисоб карда мешавад. в) қурби расмии асъори хориҷӣ бо ададе, ки то шаш рақами эътиборнок дорад ва аз онҳо чор рақами пас аз аломати вергул оянда, даҳякӣ аз воҳиданд, ифода карда мешавад.
7. Қурби расмиии асъори хориҷие, ки номгӯи онҳо дар Замимаи №2 ба Дастурамали мазкур оварда шудааст, дар як моҳ як маротиба тибқи қоидаи дар зербанди (б), банди 6-и ҳамин боб нишондодашуда, ҳисоб карда мешавад.
8. Муҳлати эътибори қурбҳои расмӣ дар қурбномаҳо нишон дода мешавад.
Боби 3. Пешниҳоди маълумот аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ
9. Ташкилотҳои қарзӣ тибқи талаботи қисми 3 “Феҳрасти ҳисоботи оморӣ ва дигар ҳисоботҳое, ки ташкилотҳои қарзӣ ва субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд” (бо қарори Раѐсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 29.12.с.2016, №201 тасдиқ шудааст) уҳдадоранд:
а) бо мақсади ҳисоб кардани қурби расмӣ оид ба ҳаҷм ва қурби миѐнавазни қарордодҳои харид ва фурӯши доллари ИМА, евро ва рубли русӣ бо сомонӣ, ки то соати 16:00 рӯзи ҷорӣ дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ бастаанд, худи ҳамин рӯз то соати 16:30 дақиқа тавассути воситаҳои алоқаи электронӣ, аз ҷумла тавассути низоми электронии савдои “Thomson Reuters” дар шакли Замимаи №3 ба Дастурамали мазкур ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд; б) бо мақсади таҳияи маводҳои оморӣ ва таҳлилӣ, оид ба ҳаҷм ва қурби миѐнавазни қарордодҳои харид ва фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори байнибонкӣ (байни ду ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла бо Бонки миллии Тоҷикистон), бозори дохилибонкӣ (байни ташкилоти қарзӣ ва мизоҷи он) ва бозори нақд (амалиѐти мубодилаи асъори хориҷии нақд бо аҳолӣ дар муассисаҳои онҳо), ки рӯзи гузашта баста шудаанд, тавассути воситаҳои алоқаи электронӣ дар шакли Замимаи №4 ба Дастурамали мазкур ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.
10. Барои носаҳеҳ пешниҳод кардан ва ѐ сари вақт пешниҳод накардани маълумоти дар банди 9-и ҳамин боб муқарраршуда, нисбати ташкилоти қарзӣ чораҳои таъсиррасонии бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва санадҳои меъѐрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон пешбинишуда, татбиқ карда мешаванд.
Боби 4. Эълон кардани маълумот оид ба қурби расмӣ Сохтори ваколатдори Бонки миллии Тоҷикистон пас аз тасдиқи қурбнома онро худи ҳамон рӯз тавассути воситаҳои алоқа ба ташкилотҳои қарзӣ, шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, воситаҳои ахбори омма фиристода, дар сомонаҳои Бонки миллии Тоҷикистон (nbt.tj/kurs/kurs.php) ва Оҷонсии иттилоотии “Reuters” (thomsonreuters.com.nbt.tjsfix) ҷойгир менамояд.