Главная / Ҷамъият / Одамкушон дастгир шуданд

Одамкушон дастгир шуданд

Кормандони милитсияи Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ҳамтоёни руси худ дар як амалиёти муштарак ду шаҳрванди ҷумҳуриро, ки дар қатли ду шаҳрванди Русия айбдор мешаванд дар ноҳияи Варзоб дастгир намуданд

Бино ба иттилои ВУД Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани амалиёти муштарак кормандони милитсияи Тоҷикистону Русия ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар ҳудуди ноҳияи Варзоб дастгир намуданд.

“Кормандони ВУД Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати кофтукови ҷиноятии шаҳри Октябрскии Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия, сокини 30-солаи шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 248, 281 ва 331 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон маҳкум шуда буд ва марди 37-солаи сокини ноҳияи Ёвон, ки пеш бо моддаи 115 Кодекси ҷиноятии Русия маҳкум шуда буд, аз ҳудуди ноҳияи Варзоб, бо ҷурми одамкушӣ дастгир кардаанд”, — гуфтааст манбаъ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ин ду нафар бо маслиҳати пешакӣ рӯзи 23-юми марти соли 2016 дар шаҳри Октябрскии Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия бо истифода аз туфангчаи “Макаров” ба қафаси синаи ду марди 40-солаи сокинони шаҳри Октябрскии Ҷумҳурии Бошқирдистон се маротиба паррондаанд.

“Дар натиҷа як нафари онҳо ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта дар беморхона ба ҳалокат расидааст. Нафари дуввум бошад, ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда мешавад”, —афзуд манбаъ.

Манбаъ таъкид намудааст, ки кирдори содиркардаи онҳоро Тоҷикистон низ ҷиноят эътироф карда, Прокуратураи генералии Тоҷикистон нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. дар ҳоли ҳозир тафтишот идома дорад.

Инчунин кобед

namozi_juma1

НАМОЗИ ТАРОВИҲ

Намози таровиҳ дар моҳи шарифи Рамазон хонда мешавад. Ин намоз аз 20 ракъат иборат мебошад. …