Главная / Гуногун / ДАРИЧАЕ РӮ БА МАВЗӮЪ

ДАРИЧАЕ РӮ БА МАВЗӮЪ

«Илм болотар аз ибодат аст» /153/. Аз аҳодиси набавии Ҳазрати Расули Акрам /с/: Китоби «Панҷсад ҲАДИС». Москва: Комил, 1991; с. 28 /Аз тарҷумаи форсии китоби «Ал-Мавоъизул-ъададия»-таҳзиб ва танзими Алии Мушкини Ардабилӣ ва кӯшиши олими эронӣ Мирзо Аҳмади Ҷаннатии Исфаҳонӣ/.

«Наҳамда ва насло ъало Расулиҳил карим ва ъало олиҳи ва асҳобиҳи зул-фазлил ъазим»- Аммо баъд, таърихи башарият худ гувоҳи барҳақу, далели раднопазир ва бурҳони қотеъест бар ин нукта, ки порсиён /тоҷикон ва ё форсиён, яъне, намояндагони бедормағз ва дарёдилу рӯшанравону Худододаи гӯйишҳои дарӣ, тоҷикӣ ва форсии эронии забони нобу биҳиштии форсӣ/ хидмате арзандаву шоиста ба сомон расонидаанд, дар фурӯзонии машъали ҷовидонии маърифат, дар рӯи Замин. Ва нахустин шуда, аз насли Одаму Ҳаво, эрониён, яъне, нажоди ориёӣ дарк ва эҳсос кардаанд, ки донишу маърифат, ин ҳамон нури пурзиёи эзадист, ки маҳз тавассути он метавон дунёро ва Офаридгорро шинохт. Ва маҳз тавассути он метавон ҷаҳони торику пурғавғо ва пуршӯру шари инсонҳои хокиро мунаввар сохт…

Ва маҳз ин эрониёни ақлбарсару нурбарчашму оташбақалбу дастпурэъҷозу ободкор, нахустин шуда, суханро, яъне, ҳикматро, ки аз ҷонибу Эзиди мутаъол баҳри тармими ҷомеъаи башар ва наҷоти инсоният ва боздошти инсоният аз шаррият ва шӯрият – дурдонавор ба ваҳй мерасид; яъне, пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек рӯйи кағид (лафзи суғдист, яъне, коғаз) овардаанд ва аввалин бор дар таърих ҷамъи он муноҷот ва ҳикматҳоро бо ҳуруфи заррин, ба сурати китоб даровардаанд.

Ва ҳамин ақвоми эронӣ будаанд, ки бо амри дил, баҳри афрӯхтани чароғи маърифати Эзадӣ, ба ақсойи олам, ҳамчун қосидони паёми Эзадӣ баромадаанд ва омӯхтаанд мардумро илму дониш ва тадрис кардаанд башарро ҳунар ва мар ақвоми бадавиро ва тамаддунҳоро, дар даврони қадим усули ибодат ва ойини нигориш. Ва дар паҳлӯи арабҳои мӯъмин ва муслим порсиён қавмиятеанд, ки бо ҳидояти Худованд Исломро қувват бахшида, ин дини мӯбин ва раббониро ба ақсойи олам интишор додаанд…

…Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ мегӯянд: «Агар аз ман бипурсед, бузургтарин ҳодисаи таърихи Ислом кадом аст, бедаранг хоҳам гуфт: Фатҳи Эрон… тамаддуни исломӣ маҳсули ихтилоти тафаккури ориёӣ ва сомист. Агар аъроб Эронро тасхир накарда буданд, тамаддуни исломӣ ноқис мешуд. Бо фатҳи Эрон, мусалмонон бо ҳамон андоза сероб шудаанд, ки рӯмиён аз фатҳи Юнон…»… Ба қавли устод Шаҳриёр, шоири бузург ва эрондӯсти муосир:

На ном аз дин, на аз дониш нишон буд,

Ки бунгоҳи тамаддун буд Эрон… 28.-28,32.

«Мабдаи фарҳанги хаттии Ховар, ки дар мулки Аҷам /қавми ғайриарабро, яъне, бахусус форсиён, яъне, эрониёнро арабҳо аҷамӣ меномиданд, С. Б. Б./ сурат гирифтааст, минбаъд фарҳанги бадавиёни мурдарегҳои ташналаби Арабро низ шодоб кардааст. Аҳли соҳибтамаддун ва соҳибхати Аҷам, ки ҳамҷавори сокинони бодиярӯзгори мурдареги паҳнои Араб буданд, дар нумӯи фарҳанги китобдории Араб, мақоми бунёдгузорӣ доранд.

Забони арабӣ соли 700 – и мелодӣ, забони давлати хилофати Араб эълон шуд… Ва маҳз инкишофи сароғозу минбаъдаи фарҳанги китобии арабҳо, ба фаъолияти уламои рӯшанфикри аҷамзод сурат гирифтааст, яъне, маҳз аҷамзодагон дар ибтидо, ба китобати осори манқула /фолклор, яъне, эҷодиёти шифоҳӣ/-и қабл аз исломии Араб шуғл варзидаанд, Чаро? Аввал барои ин, ки аҷамиён анъанаи бузурги фарҳанги китобии модарзабонӣ доштанд. Дуюм, ба мақсади амиқ омӯхтани забони арабӣ, ки барояшон бегоназабон буд, қироъатро ба китобат барбастанд (ва Ҳазрати Абӯҳанифа Имоми Аъзам /р/-и тоҷик, яъне форсиасл, ки ин мондагор, яъне, ин китоб саропо оиди рӯзгори ӯст, аз нахустин шахсест, дар олами Ислом ва таърихи тамаддуни Араб, ки китоби илмӣ ва пажӯҳишӣ нигоштааст, бо номи «Фиқҳал-акбар» ва ғайра, ки баъдан унвонашонро дар мавзӯъ хоҳед хонд С.Б.Б)… Сеюм, аҷамзодагон илми тарҷумаро андӯхта буданд (дар омади сухан, дар илми забоншиносии Араб низ форсиён пешдаст ва устоди касбанд. Ибни Халил, ки падари забоншиносии Араб аст, шогирди нахустин олими забардасти забони арабӣ-Себӯяи Форсӣ аст, ҳамчунин бузургтарин грамматистҳои забони арабӣ, хаттотони варзидаи матнҳо, яъне, сураву оёти шарифу муқаддаси Қуръони Маҷид ва устодони варзидаи таҷвид ва тартили Қуръони Карим низ маҳз форсиён буданд С.Б.Б). ва осори ниёгони худро тавассути тарҷума дастраси фарҳанги Араб намуданд. Ҳамин тавр, аҳли фазли Аҷам асосгузори фарҳанги китобии Арабҳо гаштанд.

Се роҳи дигари фаъолияти уламои Аҷам фарҳанги китобии Арабро хеле устувор кард: аввалан, тарҷума аз забонҳои юнонӣ, санскрит /ҳиндии қадим/ ва забонҳои ғайриэронй», дуюм, иншои асарҳои илмии арабизабон/ ба мисли расойили каломии «Фиқҳ-ал-акбар», «Муснад»-ҷамъи аҳодиси гирдовардаи Имоми Аъзам /р/. «Фиқҳ-ал-абсат», «Ал-олим-вал мутаалим», «Рисолаи Абӯҳанифа ба Абӯмуслим Ал-Баттӣ -Имоми Басра», «Васиятнома» ва ғайра С.Б.Б./-и эшон, сеюм, китобати аҳодиси Пайғамбар /с/ «Саҳиҳ-ал-Бухорӣ» ва асарҳои мухталифи илмӣ. Магар қобили таваҷҷӯҳ нест, ки истилоҳоти фарҳанги китобии Араб ҳам   аҷамбунёд аст. Калимаҳои тоҷикии зиёде, мисли « девон», «қоғаз» – аз суғдӣ – «кағид», яъне, «коғаз», «тӯмор»ва ғайра чун истилоҳ вориди забони арабӣ, гашт. Чаро? Зеро мафҳумҳое, ки ин калимот ифода мекарданд, барои аҷамиён кайҳо моддиёт гашта буд. Девон ҳанӯз дар давраи Сосониён мунташир буд, ки хулафои Аббосӣ онро мунташири дарбори Араб карданд. Қоғази суғдии Самарқанд, тӯморҳо чандин аср пеш аз Ислом дар Аҷам мустаъмал буд». 102.-14,15-16.

Хулафои Аббосӣ /эшон баъди уммавиёни Араб, ки пойтахти хилофаташон ба ҷои Мадина, шаҳри Димишқ, буд, ба сари қудрат омада буданд/, ки табааи форсӣ доштанд, барои вуруди маданият, илму фарҳанг, меъморӣ ва, ҳунарҳои мухталифи халқии эронӣ ва густариши роҳи тиҷорат /ҳамчун пайвастани риштаи муносиботи, фарҳангӣ/-и Арабу Аҷам- «Роҳи бузурги абрешим» заминаи мусоид муҳайё намуданд. Дар замони хулафои номбурда ва пештар аз он ба маркази хилофат шаҳри Бағдод ва дигар шаҳрҳои Ироқи ҳамонвақта гурӯҳ-гурӯҳ эрониён, яъне, тоҷикон ва ё форсиёни аҳли фарҳангу тиҷорат ҷамъ омада буданд, ки дар натиҷа баъзе маҳаллаҳои тоҷикнишин, яъне форснишин ҳам ба вуҷуд омада буданд, мисли маҳалҳо ва гузарҳои кобулиён, балхиён, тирмизиён, бухориён ё худ бохарзиён, нисоиён, марвиён, самарқандиён, ва ғайра мислуҳум.

«Бо заволи Уммавиёни араб зимоми ҳукумат аз дасти аъроб берун омад ва ба дасти тарафдорони бани Аббос /амаки Паёмбар /с/, яъне, давоми дудаи Бани Ҳошим/, яъне, эрониёне афтод ва эҷоди Бағдод («Боғи дод» ва маънои номи Бағдод аз нигоҳи решашиносӣ (этимология) ин тавр аст: аз форсии қадимаи Baga data «Худойи адлу дод», «Шаҳри Худованди адлу дод» мебошад, ки эрониён сохтаанд) низ ин таҳаввулро нишондор кард. Забони кишвар ҳанӯз арабӣ буд, аммо адабиёт ва русуми зиндагонии ҳама таҳту таъсири ин таҳаввул қарор гирифт ва тамаддуни тозае оғоз шуд. Ҷанги Зоб нуқтаи муқобили ҷанги Қодисия буд ва эрониён қудратеро, ки дар он ҷо бохта буданд, дар ин ҷо ба даст оварданд».16; 204.

Аҳди Хулафои Аббосӣ давраи тиллогини фарҳанг ва тамаддуни исломии Араб аст. Зеро, маҳз дар давраи хулафои араби эронитабор илму ҳунар ва маданияти шаҳрсозиву «шаҳрдорӣ, ба авҷи аъло расида буд, ки дар он аз Юнону Руму Византия, кишварҳои Урупои Ғарбӣ, Чину Мочин ва Эрони Кабир уламову ҳакимон, табибон ҳунармандон, тоҷирон, косибон, меъморон, наққошон, шаҳрсозон ва кулли намояндагони илму ҳунар ҷамъ омада буданд, яъне, ба ҳар восита хулафои Аббосӣ аҳли илму ҳунарро ба Бағдод ҷамъ меоварданд ва худи эшон, яъне, хулафои Аббосӣ/ -бахусус Ҳорун-ар-Рашид 789-809/ шавқу ҳаваси беандоза нисбати илму ҳунар ва олами зебоӣ доштанд. Чуноне ки яке аз халифаҳои Аббосӣ, фақат барои он, ки ҳукумати Руми Шарқиро маҷбур намояд, ки як нафар риёзидони машҳурро барои дарсдиҳӣ, ба Бағдод фиристад, ба ин мамлакат ҷанг эълон намуд.

«Аҳли ҳар мазҳабу миллате аз қабили араб, юнонӣ, эронӣ, эронии мовароуннаҳрӣ ва хуросонӣ, яъне, тоҷикон; калдонӣ ва ғайра, дар Бағдод ҷамъ шуда, ин шаҳрро маркази илму фан, ҳунарҳои муфиди мухталифи дунё, тиҷорат ва девону девондорӣ қарор дода буданд. Абулфараҷи Рунӣ менависад, ки суханони дӯстдоштаи Халифа Маъмуни Аббосӣ ин буд, ки мегуфт /раҳмати Худо бар ӯ боду ҷояш ҷаннат, С.Б.Б./. «Олимон аз ҷумлаи бандагони хоси даргоҳи Худованданд, ки барои пешбурди фаҳму идроки волои инсонӣ фиристода шудаанд. Онҳо дар олам ҳамчун машъалҳои фурӯзон ва роҳнамойи инсоният мебошанд. Агар онҳо намешуданд, олами инсонӣ боз ба давраи бардагӣ ва ваҳшигариву ҷоҳилияи  аввалаи худ  бармегашт» 58,-62-63…

«Ислом дар миёни арабҳо зуҳур кард, аммо дар аблоғи паёму таъмини маорифи он густурдатарин ва умқитарин фаъолиятҳоро эрониён ӯҳдадор» шудаанд. Дар Ҷануби Осиё /маркази шимол ва ғарбу ҷануби шибҳи Қора, Андалӯзӣ ва ғайра, дар Туркистон ва дигар манотиқи мусулмоннишини Чину Шӯрави, С.Б.Б./ Дар Осиёи Сағир ва навоҳии муҷовири он дар Аврупо, дар Африқои Шарқӣ ва Шимолӣ/ мағриби Ақсо ва… (ва ҳатто дар билоди Араб, дар ҷазоири Уқёнуси Ҳинд ва дар савоҳили Медитарона / Баҳри Миёназамин/ ва каронаҳои Уқёнуси Атлас / бахшҳое аз Андалӯз…/ ҳар ҷо хатаре аз таблиғоти исломӣ ва асаре аз маорифи ин ойини пок буда, мубаллиғон ва донишварони Эрон муассиртарин ҳузурро доштанд ва билонатиҷа, дар касире аз ин сарзаминҳо тамаддун ва фарҳанги исломӣ ҷомаи эронӣ, дар бар кард ва масалан бо ин ки дар худи Эрон китобҳои муҳими илмӣ ва динӣ ғолибан, ба арабӣ нигориш меёфт, дар бисёрӣ, аз нуқоти номбурда форсиро забони дин ва илму маърифат/ ба ҷо овардани ниятҳои намоз.,./ шинохтанд,/ ки ин иқдоми фарзанди халқи тоҷик Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа раҳамуллоҳ аст С.Б.Б.,/ ва мероси фарҳангии азиме , ки бар ҷо ниҳодаанд, колбади форсии он, дар канори рӯҳи исломӣ, комилан махсус ва машҳуд аст ва луғоти истилоҳоти динӣ ва ғайридинии зиёде ҳам, ки аз форсӣ, ба забонҳои бумии онон роҳ ёфта ва порае ҳанӯз ҳаст таъйиди дигар аст, ба нақши муштараки эрониён, дар ин маврид».80-8-9.

«Вазирони хилофати Бармакиёни Бағдод, Аслан тоҷикон, яъне форсҳои балхӣ буданд. Бисёре аз уламои маъруфи Араб, ки тахаллуси «Балхӣ» доранд, порсиёни балхие мебошанд, ки муқими Бағдод буданд… «34.-174

«Тоҳириён /821-8737 бошанд, нахустнамоянда ва сароғози сулолаи комилҳуқуқ, ва мусалмони форсзабон /яъне, тоҷик/ буданд… Дар давраи Сомомиён/875-999/- давлати муқтадири тоҷикон, бори нахуст Қуръони Маҷид тарҷума ва тафсир гардид, аз ҷониби Табарӣ»…34.-17х7-178.

Ва дар ин давра ва баъдтар аз он даҳҳо нафар олимони бузурги форснажод, яъне, аслан тоҷик ба мисли Ибни Муқаффаъ /Рӯзбеҳ/, Ибни Хурдодбеҳ, Табарӣ, Ал-Хоразмӣ, Берунӣ, Башшор Ибни Бурда, Ал Хураймӣ, Саъолибӣ, Наршахӣ, Абӯалии Балъамӣ, Ибни Сино, Форобӣ ва ғайра ба майдони илму маърифат омада, бо эҷоди асарҳои камназир, ба забони арабӣ фарҳанги арабро басо ғанӣ гардониданд.

«Баъзе аз рӯҳониён ҳатто тасдиқ мекунанд, ки дар аҳди қадим паёмбарони ҳомиву сомӣ, ба форсӣ ҳарф мезаданд, яъне, то давраи Ҳазрати Исмоил /писари Ҳазрати Иброҳим /ъ-с/ «Ва низ ин ду паёмбари гиромии Худо форсиро хуб медонистанд. Дар асри XII чунин ақида байни аъроб ҷой дошт, ки Ҳазрати Иброҳим /ъ-с/ таълимоти динӣ ва даъватҳои паёмбарии худро дар дарбори шоҳони Форс, ба форсӣ, ба самъи эшон мерасонд» 34-178.

Ҳазрати Паёмбари гиромии Ислом – муаллими башарият Ҳазрати Муҳаммади Мустафо /с/, аз хидматҳои шоёни дар роҳи интишори дини мубини Ислом, ба сомон расонидаи ақвоми арҷманд ва тамаддуни пешқадами эронӣ, аз самими қалби муборак басо миннатдор буданду рӯҳи пурфутӯҳашон низ розист.

Оре, аҳли Форс /яъне, тоҷикон ва эрониён/ тамаддунеанд, ки нахуст чароғи пурфурӯғ ва ҷовидонсӯзи Исломро, яъне, дини Муҳаммад/с/-ро дар тамоми атрофу акнофи кураи арз интишор доданд ва аҳли башарро даъват бад ин ойини поку ҷовидона кардаанд. Аз қабили ёри Паёмбари гиромӣ /с/- Салмони Форсӣ /р/, Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ «Чароғи уммат»/, Ибни Бобул-Алӣ Абӯҷаъфари Қумӣ, Имом ал-Бухорӣ, Имом ал-Тирмизӣ, Имом Фарғонӣ, Шоҳ Исмоили Сомонӣ, Шайхурраис Бӯалӣ Синои Бухорӣ /соҳиби тафсири «Қуръон»-пири ҳакимони Машриқзамин/, Абӯрайҳони Берунӣ, Абӯнасри Машкон, Абӯисмоил Абдуллоҳ ибни Муҳаммади Ансорӣ, Боязид ибни Абдуллоҳи Абӯмутеъи Балхӣ, Абулҳасани Харақонӣ, Абӯмуқотили Самарқандӣ, Мотаридии Самарқандӣ, Амири Кулол, Баҳовадини Нақшбанд, Шайх Наҷмиддини Кубро, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Имом Аскарӣ, Убайдуллоҳ ибни Масъуди Тафтазонӣ /тоҷушшаръ/, Сайид Ғавсул Аъзам – Шайх Абдулқодири Гелонӣ, Айнулқуззоти Ҳамадонӣ, Мавлоно Яъқуби Чархӣ, Хоҷа Аҳрори Валӣ, Мавлоно Тоҷиддин, Мавлоно Обиддин, Шайх Аттори Валӣ, Шайх Саъдӣ, Хоҷа Ҳофиз, Шайх Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Имом Муҳаммади Ғаззолӣ, Аҳмади Ғаззолӣ, Абӯҳафси Фақеҳи Бухорӣ /Абӯҳафси Кабир/, Абӯҳафси Фақеҳи Сағир /писари Абӯҳафси Кабир, падар ва писар ҳарду аз бузургфуқаҳойи аҳди Оли Сомонанд, аз тоҷикони  маҳаллаи  «Нур»-и  Бухоро/  Бурҳониддини   Марғиёнӣ, Закариёи Розӣ, Ҷунайди Бағдодӣ, Маъруфи Кархӣ, Ҳазрати Махдуми Аъзам –Хоҷа Аҳмади Косонӣ.

Абӯлайси Самарқандӣ, Мир Сайид Ошиқи Бухорӣ, Шарофиддини Бухорӣ, Мавлоно Шайх Масъуд Ибни Маҳмуди Самарқандӣ, Шайх Муслиҳиддини Хуҷандӣ (Бадеуддини Нурӣ), Шайх Халифа Ҳасани Панҷекатӣ, Сӯфӣ Қаландаршоҳи Валӣ (Мавлавӣ Ҷунунӣ соҳиби «Маъдан-ул-ҳол»), Боязиди Бастомӣ, Аллома Муҳаммад Иқбол, Аллома Сӯҳравардӣ, Оятуллоҳ Биҳиштӣ, Сайид Ҷамолиддини Афғонӣ, Оятуллоҳ Хумайнӣ, Алии Шариатӣ, Муртазо Мутаҳҳарӣ, Шоҳ Валиюллоҳи Деҳлавии Ҳанафӣ /Шайхулҳинд/ – муассиси анҷумани «Нӯъмония» -и Ҳайдаробод ва муфассири «Қуръони Маҷид», Имом Раббонӣ Муҷаддад Ал-фӣ сонӣ, Махдум Садри Зиё, Аҳмади Дониш ва садҳо дигар муҷтаҳидони Ислом ва муршидони роҳи ҳақ, ки бурдаанду мебаранд дилдодагонро бо роҳи сиротал – мустақим.

Оре, яке аз ёрони наздик, ба гуфтаи Ҳазрати Имом Ҷаъфари Содиқ/р/ «Ёру дӯсти ҷонӣ ва гиреҳкушо» – и Ҳазрати Паёмбари гиромӣ Муҳаммади Мустафо/с/, Салмони Форсӣ/р/ буд, ки то охири умр ҳамчун ёри содиқи Паёмбар /р/ ва ҳакими мушкилкушо баҳри интишори дини мубини Ислом хидматҳои арзандаеро ба ҷой овард. Бо васияту роҳхати Паёмбари гиромӣ /с/ ӯ, яъне, пири афзал ва устоди санъат /косибу ҳунари меъморӣ…/ Салмони Форсӣ /р/ нахустин бор дини мубини Ислом ва тухми ҳикмати онро дар марзи пурбори Эрон кошт, ки кошт. Ӯ, яъне, Салмони Форсиро дар Тайсафун-пойтахти Империяи Сосониён, ки аҳли аъроб Мадоин унвон кардаанд, бо фармони дуввумин халифаи рошиддин, Амиралмӯъминин Ҳазрати Умар ибни Хаттоб/р/ яъне, пас аз фатҳи Мадоин, аз ҷониби Ҳазрати Умар/ ҳокими шаҳр, яъне, ба ҳайси устундории шаҳри Мадоин тайин карда шуд, ки ӯ то охири умр пешвои мардум дар он билоди Форс буд… Ва Салмон ./р/ ҳини сакароти мавт сар дар зонуи мубораки Ҳазрати Алӣ /р/ монда буд ва хеле сабук ва осуда аз дунё чашм пӯшид…

«Ҳазрати Паёмбари гиромӣ /с/ дар мавриди Салмони Форсӣ /р/, ки ӯро як узви хонаводаи худ хондаанд, мефармояд: «Салмон дарёе аст, ки ба охир намерасад ва ганҷе аст, ки поён намеёбад. Салмон аз хонадони мост. Ӯст, ки ҳикматро ато мекунад ва бурҳонҳои ҳақро ошкор месозад. Биҳишт ҳар рӯз панҷ бор муштоқи Салмон аст» 17.34.

… Ва рӯзе Паёмбар /с/ нишаста будаанд. Ҳазрати Ҷабраил /ъ-с/ ояти шариферо ба эшон нозил кард, «Астаъизубиллоҳ:- «Ва ин татаваллав ястабдил қавман ғ-айракум сумма лоякуну амсолакум» /Яъне, : «Агар рӯй бартобед, ба ҷои шумо мардуме дигар орад, ки ҳаргиз ҳамсони шумо набошад» / Қуръони Маҷид, сураи Муҳаммад /с/, ояти охир /38/, тарҷумаи Абдулмуҳаммад Оятӣ/. 17-46.

Аз Паёмбари гиромӣ /с/ пурсида шуд: «Эй расули Худо ва пешвои умматон /с/, чӣ касонеанд, ки агар мо эъроз кунем ононро ба ҷои мо бармегузинӣ./яъне, интихоб мекунӣ/?

Паёмбар /с/ дар. ҷавоби эшон даст бар зонуи рости Солмон /с/ заданд ва гуфтанд: «- Ин ёр ва маҳрами ман аст». Ва сипас идома доданд: «Манзурам ин мард ва қавми ӯст». «-Ба Худо савганд, ки агар имон дар ситораи Сурайё бошад, гурӯҳе аз мардони форс онро ба чанг меоваранд) тафсири намуна, зайли ояти охири сураи Муҳаммад/с//. 17-46.

Бале, ин Ҳадиси саҳеҳи Ҳазрати Муҳаммад /с/ асоси дурусте аст, ки метавон дар башорат ба зуҳури «Чароғи Уммат» Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ ва дар бораи фазилати эшон ба он эътимод кард ва боварӣ ҳосил кард. Ва шайхулислом, имоми шофеъимазҳаб, Шайх Ҷалолуддини Суютӣ ҳам ҳадиси болоро, ки Паёмбари гиромӣ /с/ баён доштаанд чунин маънидод ва шарҳ додаанд, ки: « Ин ҳадис асоси дурусте аст, ки метавон дар башорат ба Имом Абӯҳанифа /р/ ва дар бораи фазилати вай ба он эътимод кард». 47-29.

Ва бисёре аз уламо ин-ривояти ҳадис /ва гӯиё/ башорат ба Имоми Аъзам -/р/-ро, ки аз тарафи Суютӣ ривоят шудааст, дуруст медонанд: «3еро Шайх Ҷалолуддини Суютии Шофеъӣ бо ин, ки аз пайравони мазҳаби Имоми Аъзам набуд, тасреҳ намуда, ки ҳадиси мазкур /ки Расули гиромӣ /с/ баён намудаву гуфтаанд нисбати мардуми Форс, С. Б. Б./ мутазаммини „башорат ва пешгӯӣ, ба Абӯҳанифа аст ва низ бархе аз шогирдони Ҷалолуддини Суютӣ ибрози назар карда, ки ақидаи Шайхи мо роҷеъ ба ин, ки мақсад аз Ҳадиси саҳеҳи мазкур Имоми Аъзам /р/ аст, як ҳақиқати ошкоро буда, ки шакку шубҳае дар он нест. Зеро дар асри, вай дар аҳди Расули гиромӣ /с/, С. Б. Б./ ҳеҷ касе аз фарзандони Форс, аз ҳайси савияи илмӣ, ба пояи ӯ, яъне, ба мартабаи Имоми Аъзам /р/ ва ҳатто ба пояи ёрону шогирдони ӯ нарасида буд ва ин Ҳадис шомили мӯъҷизае барои Паёмбар /с/ аст, зеро аз чизе хабар дода, ки дар ояндаи наздик воқеъ шуданӣ буд ва мурод аз Форс бо васфи ин, ки ҷадди Имом худ мансуб ба Форс буд ва кишвари Форс набуда, балки мардуми Аҷам аст». 47.-29

Дар ин бора «…Имом Бухорӣ ва Имом Муслим аз Абӯҳурайра ва ҳам Абӯнаъим аз Абӯҳурайра ва Имом Шерозӣ ва Табаронӣ аз Қайс ибни Ибода ва Табаронӣ аз Ибни Масъуд ривоят ва истинод овардаанд, ки Ҳазрати Паёмбар /с/ фармуда: «-Агар илм дар Сурайё мебуд, мардуме аз фарзандони Форс онро ба даст меоварданд». Ва он иборати Шерозӣ за Абӯнаъим чунин аст: « Лав кона-ал-ъилма муъаллақан ъиндас-Сурайё латано ва лаҳу раҷола мин абнои Форс». Ва дар иборати Табаронӣ, ки Қайс Ибни Ибода ривоят намуда, чунин омадааст: «Ло тано лаҳу ал-Араб, лано лаҳу раҷола мин абнои Форс». Яъне: «Араб онро ба даст нахоҳад овард, балки мардоне аз фарзандони Форс бад-он даст хоҳанд биёфт». Ва дар ҳадиси Имом Муслим оварда, ба ҷои вожа ё худ калимаи «илм» калимаи «имон» зикр шуда дар омади сухан, шояд ин ҳадиси саҳеҳи Расули гиромӣ /с/, ки имомон онро ба саҳеҳӣ шаҳодат додаанду медиҳанд, сабаб ва асоси дар байни уламои Ислом ва дар олами Ислом интишор ёфтани гӯё ин ҳадиси дигари Паёмбар салавотуллоҳи алайҳ гардида, ки аз рӯи эҳтиром ба мардуми Форс нисбати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ гуфта бошанд, ки: «Фаҳува сироҷу умматӣ», яъне: – Абӯҳанифа « Чароғи уммати ман аст», ки то кунун байни муҳаққиқин сари ин масъала баҳсҳо доир гардидаву мегарданд. Ва иддае билкулл мухолифат мекунанд ба ин ҳадиси дар «Меъроҷ»-и шариф баёндоштаи он Ҳазрат саловатуллоҳи алайҳ ва ба бисёре аз ваҳю каромот ва башороти Паёмбари гиромӣ ва ба пешгӯиҳои эшон, аз ҷумла нисбати пешгӯиву башорати он Ҳазрат нисбати Имом Абӯҳанифа, ки ин сиррест басо ғайбӣ ва пешгӯиву каромот ва башоратест набавӣ, ки фаҳми аҳли ом ба дарки мазомини ин маъонӣ нарасад…С.Б./

…Ҷалолуддини Суютӣ гуфт: «Аввалин шахсе, ки дар илми фиқҳ (дар партави Қуръон ва Суннат) китоб тасниф намудааст Абӯҳанифаи Кӯфӣ аст».

Ривоёте, ки аз Ҳазрати Расуллоҳ (с) дар амри башорат ба зуҳӯри Абӯҳанифа баён шудаву то ба мо омадааст, шаҳодат бар он медиҳанд, ки Имом Абӯҳанифа яке аз бузургтарин ва басо маъруфтарин шахсияте будааст, ки садри Ислом, ба хусус пири шариати ғуррои ин дини басо мубин Муҳаммади Мустафо (с) нисбат ба ӯ аз баракати ваҳю мӯъҷизоту каромоти набавӣ, башорат додаанд. Ва возеҳтарин ва комилтарин ва саҳеҳтарини ин ривоёт, нақли Имом Бухорӣ, Имом Муслим, Абӯҳурайра, Имом Шерозӣ, Табаронӣ, аз Қайс ибни Саъд ибни Ибод ибни Масъуд разиаллоҳу анҳум аст, ки Расулуллоҳ (с) фармудаанд: «Агар чунончӣ илм дар ситораи Сурайё ҳам бошад, қатъан мардоне аз фарзандони Форс ба чанг меоранд».

Яъне, ба таври нисбатан возеҳ омада: «-Ин мардро Абӯҳанифа гуфтаанд». Асҳоби маноқиби Абӯҳанифа боз чанд ҳадиси дигареро дар шаъни ӯ матраҳ намудаанд: (Баъзе ин аҳодиси мазкурро маҷҳул гуфтаанд).

  1. «-Дар зумраи уммати ман марде меояд, ки ӯро Абӯҳанифа Нӯъмон мегӯянд, ӯ то рӯзи қиёмат чароғи уммати ман аст» .
  2. «-Баъд аз ман марде хоҳад омад, ки Нӯъмон ибни Собит гӯянд ва Абӯҳанифа кунияти вай аст».
  3. «-Дар ҳар аср уммати манро пештозе аст ва Абӯҳанифа пештози шоистаи уммати ман аст».
  4. Сухане аз Ибни Аббос нақл шудааст бадин мазмун, ки: «-Баъд аз Расули Худо (с) бадре дар Хуросон тулӯъ мекунад , ки кунияти ӯ Абӯҳанифа аст».
  5. Расулуллоҳ (с) гуфтаанд: «Ба таҳқиқ Одами Сафиуллоҳ (ъ-м) бо ман фахр мекунад ва ман бо марде аз умматам ифтихор мекунам, ки номи ӯ Нӯъмон аст ва кунияти ӯ Абӯҳанифа мебошад ва ӯ чароғи умматони ман аст».
  6. «Ба таҳқиқ ҷумлаи анбиёъ бо ман фахр мекунанд ва ман бо Абӯҳанифа фахр мекунам. Касе ӯро дӯст дорад, манро дӯст доштааст. Касе ӯро душман дорад, манро душман доштааст».

Ин аҳодиси набавӣ (с) аз китобҳои «Ҷомеъ-ур-румуз», «Шарҳи Дуррул-Мухтор», « Таърихи Ҳанафия» ва «Маноқиби Имоми Аъзам (р)» ҷамъ оварда шудаанд.

Расулуллоҳ (с) гуфт: «Дар соли 150 зебу зиннати дунё аз Замин бардошта мешавад». Бале, дар ин сол донотарин ва фақеҳтарин шахсияти рӯи Замин-Имоми Аъзам Абӯҳанифа вафот кардааст…

Бале, мардум имрӯз зиёда ба «каромот»-и уламойи худ бовар доранд, нисбат ва ё назар ба мӯъҷизоту карамоту башороти набавӣ, аз ҷумла ба пешгӯиҳо файласуфи яҳудӣ Нострадамус ва ғайра (аммо башорату мӯъҷизоту каромоти анбиёву авлиёро носаҳеҳ мешуморанду афсона, С.Б.Бузургмеҳр) ва муҳаққиқ Ҷалолуддини Суютии шафеъимазҳаб мегӯянд: «-Ин ҳадис, ба такрор асоси дуруст аст, ки метавон дар башорат ба Имом Абӯҳанифа ва дар бораи фазилати вай ба он эътимод кард ва боварӣ ҳосил кард, монанди ҳадисе, ки дар бораи Имом Молик ибни Анас ворид шуда, ки Паёмбар фармуда: «-Наздик аст, ки мардум уштурсавор мусофиратҳо кунанд ва илмро ва олимро ҷустуҷӯ намоянд, аммо ҳеҷ донишмандеро суроғ натавонанд кард, ки нисбат ба олими Мадина олимтар бошад». Ва ҳадисе, низ дар бораи Имом Шофеъӣ ривоят шуда, ки он Ҳазрат /с/ чунин фармудаанд: «-Мардуми Қурайшро дашном нагӯед, зеро олими он тамоми чаҳонро аз илм пур месозад». Ин ҳадис аз қисми ҳадиси ҳасан ва доройи тариқ, ва истиноди мутааддид аст». 47. 29-30.

Ва дар зимни гуфтаҳои боло агар гуноҳ набошад ҳаминро метавон илова кард, ки он ҳадиси Расули гиромӣ /с/ танҳо махсуси башорати зуҳури Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ набуда, балки башорате буду ҳаст, ба кулли уламойи баъдинаи форсиасл, ки баъди Имоми Аъзам (мисли Имом Ғаззолӣ, Закариёи Розӣ ва даҳҳо дигар) омадаву меоянд. Таърихи Ислом худ гувоҳи он аст, ки баъди Имоми Аъзам /р/ то кунун уламойи аҳли Форс чӣ хидматҳое дар роҳи Худо, яъне,- интишори дини мубини Ислом накардаанд.

…Азизон, сухан кӯтоҳ, Ҳазрати Имом Абӯҳанифа разиаллоҳу анҳу (699-767) нахустмуҷтаҳиди Ислом, /яъне, соҳибкитоб/ ва «Чароғи уммат», ки номи мубораки эшон дар боло зикр шуд, аз зумраи он шахсиятҳои маъруфи тоҷикзабонон, яъне форсиюласли дини мубини Исломи барҳақ ва шариати ғурройи Муҳаммадия /с/ аст, ки ин китоби кӯчак нақл мекунад саропо оиди рӯзгор ва фаъолияти ибратбахши ин абармарди таърихи башарият ва афзалтарин олими танзимкунандаи илмушшариъат ва сиррул-ҳақиқат ва «Чароғи уммат», ки 1310 сол ин ҷониб номи неку кори неку роҳи неки ӯ раҳматуллоҳи алайҳ, байни мусалмонони олам ва аҳли таҳқиқ вирди забонҳосту шоистаи ибрат.

Пас аз Паёмбари гиромӣ Ҳазрати Муҳаммад /с/ ва ёрони гиромиашон  ҳазрати Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит ибни Қайс ибни Моҳ ибни Марзбон ибни Завтӣ ибни Ҳурмуз ибни Сосон ибни Анӯшервони Одил Ал-Форсӣ, Ал-Кобулӣ яке аз шахсиятҳои маъруфест дар олами Ислом, ки таълимоту афкори пешқадам ва прогрессивиаш боиси дар дини мубини Ислом арзи вуҷуд кардани мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат ва давоми фирқаи Паёмбари гиромӣ /с/ мазҳаби ҳанафия гаштааст. Хулоса, шӯҳрати ин абармард ва фақеҳи кабиру имоми шаҳир ва донойи замон то бад-он расида, ки аҳли Ислом ӯро «Имоми Аъзам» хондаанд, ки то ба рӯзгори ӯ чунин унвони олӣ ба касе мушарраф нагардида буд.

Ва барҳақ Расули акрам /с/ перомуни мартабаву манзалати Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ дар шаби «Меъроҷ,» фармудаанд, ки «Фаҳува сироҷу уммати» /Яъне,;. «Вай Имом Абӯҳанифа /р/ чароғи уммати ман аст».

Дар таърихи дини Ислом, Ҳаким Имоми Аъзам Абӯҳанифа /р/ нахустин муаллифест, ки перомуни масоили шаръӣ, аҳкоми шаръӣ/ҷамъи фаройиз, яъне, илми ақоид, тариқат-ул-мубтадиин ва ғайра Суннат ва аҳодиси Расули гиромӣ /с/ ва фиқҳи исломӣ, асари илмие дар заминаи илми калом, такя ба Қуръон ва аҳодиси Расул /с/ бо унвони «Фиқҳ-ал-акбар/-ро, нигоштааст, ҳамчунин ба қалами ӯ асарҳои «Муснад» /Ҷамъи ҳадис/, «Китоб-ал-олим вал мутааллим», «Васиятнома» ва ғайра низ марбутанд.

Мероси боқимондаи Ҳаким Имом Абӯҳанифа /р/ дар шакли мақола, гузориш, аҳком оиди масоили баҳсноки шаръӣ, эрод, масъала ва васият,дар асарҳои шогирдони номдораш, ки шоҳсутунҳои асосии илму ҳикмати дини мубини Ислом ва шариъати ғурройи Муҳаммадия /с/ ба ҳисоб мераванд, яъне, Абӯюсуф Яъқуб ибни Иброҳим ал-Кӯфӣ-ал- Ансорӣ /731-804/ «Китоб-ал-хироҷ» ва нигоштаҳои Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Ҳасан аш-Шайбонӣ /749-805/ пир ва устоди Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Идриси Шофеъӣ/р/, /яъне, асосгузори мазҳаби шофеъия/ «Ал-Мабсут», «Китоб-аз-зиёдат», «Китоб-ал-осор» ва ғайра гирдоварӣ ва ҷамъ карда шудаанд.

Зиндагии Ҳазрати Имом Абӯҳанифа /р/ саропо оинаи ибрат аст барои ҳар мӯъмину мусалмон ва шахси дилогоҳу бедормағз. Зеро, ки зиндагии Имоми Аъзам /р/ саропо мубориза аст, яъне, муборизаи он Ҳазрат /р/ бо аҳли бидъат ва ҷоҳу ҷалол ва фирқагароёну равиябозон.

Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ шайхи хонақоҳӣ набуд, ки танҳо ба ибодат, баҳри тазкияи ботини хеш машғул бошад, балки ӯ сӯфии шуҷоъ ва муборизе буд , ки ҳамчун муршиди шаҳир ва Имоми кабир, баҳри тақвияти ирода ва тазкияи қалби ҳазорҳо мусалмонон мубориза бурдааст ва мадрасаи аҳли суннат ва ҷамоатро асос гузоштааст. Ва барҳақи ҳадиси дар боло зикр шудаи Ҳазрати Паёмбар /с/ ӯ, яъне, Ҳазрати Имоми Аъзам чароғи худсӯз буд, ки худ ба худ месӯхту роҳи миллионҳо мусалмонон ва муштоқони ҷамолу сифоти ҳақро мунаввар мекард (ва хоҳад кард).

… Дар маноқиби он Ҳазрат разиаллоҳу анҳу овардаанд: «-Ҳазрати Имоми Аъзами муаззами сӯфии Кӯфӣ раҳматуллоҳи ъалайҳ, мулаққаб ба Абӯҳанифа /р/ рӯзгоре ва ҳаёте дошт басо ибратомӯз, ки аз аҳли тақво буду пуштибон ва ҳомии аҳли бенавову бечора. Ҳазрати Имом /р/ рӯҳан ба тамом ба Ҳақ дода шуда буд ва ба ҳадде, ки дар як шабонарӯз ҳазор ракаъат намоз мегузорид, ба ғайр аз фароизи қоим, ки мегузошт ба вақташ бо хатми «Қуръони Маҷид» ва дар авқоти фориғ гоҳо ба фурӯши матоъ ва зиёда ба хидмати ояндаву равандагон, ки барои ҳар мушкиле ба назди ӯ меомаданд саргарм мешуд. Ва одати эшон ин буд, ки баъди ҳар  ҳиҷрат ва тиҷорат аҳли бенавову бечора ва пирону ниёзмандонро як-як аёдат карда, ба ҳар яке маблағи рӯзгузаронӣ ва матоъи пушиданӣ тақдим мекарданд…

Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ ки дар ҳамсоягиашон як яҳуд мезист, чунин буд, ки наҷосати мазбилааш /ҳоҷатхона/ ба ҳавлии Имоми Аъзам /р/ мегузашт ва эшон /ҷонамон фидояшон/ доим онро бо ташт бароварда мерехтанд, ба ҷое ки мебоист рехта шавад. Рӯзе он яҳудӣ гуфт, ки чи шудааст, ки шумо ин пагоҳӣ ташти наҷосат дар даст доред?

Ҳазрати Имом /р/ гуфтанд: – Маро ҳар бомдоду хуфтан кор чунин аст. Он яҳудӣ гуфт: – Пас ин наҷосат аз куҷост, ки берун меояд?

Ҳазрати Имом /р/ гуфтанд: – Ин аз мазбили /ҳоҷатхона/ -и шумост. Гуфт: – Чанд вақт аст, ки шумо ин корро мекунед?

Ҳазрати Имом /р/ ҷавоб доданд: – Як сол бад-ин ҷониб.

Яҳудӣ гуфт: – Чаро ба ман даъво накардед, /яъне, аз болои ман ба ҳокимон ва қозиёт ва додгустарии яҳудия/ ё ягон сухани сахт нагуфтед? Ҳазрати Имом /р/ посух доданд: – Ба мо Пайғамбарон (с) фармудаанд, ки «Акримуҷ-ҷора ин кона яҳудиян» (Яъне: «-Икром кунед ҳамсояатонро, агарчи яҳудӣ бошад») Ва боз Ҳазрати Имом /р/ рӯ ба сӯи яҳуд, бо чеҳраи гулгун ва лабони пуртабассум гуфтанд, ки: Аз дилозор, Худо безор асту ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар, пас бо кадом ақлу тамиз банда туро, ки ҳамсояи ман ҳастӣ биранҷонам!

Баъди ин суханон дили яҳудӣ чун мурғи нимбисмил битапиду дарҳол ба Ҳазрат /р/ гуфт:

– Дар ҳақиқат дини барҳақ ва роҳи ростин дини шумо будааст ва шумо мардуме будаед, воқеан Худошиносу ба Худо додашуда /яъне, ҳанафӣ С.Б.Б/ Ва илова намуд: – Ай имоми мусалмонон зуд ба банда калима арза намоед, то ман бадон, ба дини Шумо имон биоварам.

Ҳазрати Имом /р/ калима арза карданд ва он яҳудӣ имон овард ва мусалмон шуд ва доим аз паси Ҳазрати Имом намоз мегузорид ва аз баракати дини мубини Ислом аҳли байти он яҳуд низ мусалмон шуданд ва файзу баракати беандоза бар молу манзили эшон расид. Ин воқеа дар замоне рух дода буд, ки Ислом дар нисфи дунё ҳоким буда ва интишор гардида буд. Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ метавонистанд ба халифаи Ислом ва қозиёт шикоят кунанд ва он яҳудиро ҷазои сазовор ва ҷаримаи калон андозанд. Аммо он кас, ки инсони комил буданд, ин амалро раво надиданд. Ҳазрати Имоми Аъзам /р/ бо он ҳамсояи яҳудии хеш дар шаҳраки Кӯфаи Бағдод -пойтахти хилофати Аббосиёни исломӣ зиндагӣ мекарданд.

Аз баракати ҳамсоядорӣ ва хулқи волойи Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) он яҳудӣ, ба имон мушарраф гардид ва хонааш пурфайз. Барои ҳамин Пайғамбари гиромӣ /с/ дар баъзе Ҳадисҳо фармудаанд, ки: «-Ба пайравони динҳои дигар (ки ба шумо аз онҳо зулме нест) хушмуомила бошед. Агар онон қарз хоҳанд, қарзашон диҳед. Аз хонаву мулкашон (ҳангоми набуданашон) посбонӣ кунед, бемор шуда бошанд хабар гиред, яъне, ба аёдаташон биравед. Агар вафот карданд дар ташйиъи ҷанозаашон (маросими дафнашон) ширкат варзед, зеро онон ҳам мисли   шумо (мусулмонон) бандаи -худои ягонаанд».

Оре, ин аст мактаби одамият,ки дини Ислом, мадрасаи аҳли суннат ва ҷамоат ва фирқаи Расули гиромӣ (с) мазҳаби ҳанафия барҳақ таълим медиҳад…

Ба ростӣ, аз овони тифлият, яъне, хурдсолиам маро орзуву ормон (баъди он қиссаву ривоёти марғубе, ки аз падари бузургворам эшони Бузургхоҷа, бобоям эшони Ҳаётхоҷа ибни Шайх Маллахоҷаи Валӣ (яъне, Эшонтӯра), модари фарҳангдӯсту бомаърифатам Хосият Расулзода ва бобои модариам Расули Шукур перомуни Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ва маноқиби эшон мешунидам) ин буд, ки ба шахсияти нотакрори «Чароғи уммат»-и Ҳазрати Паёмбар (с) Имоми Аъзам (р) аз наздик тавассути мутолиайи кутуби лозима, ошно биша-вам. Зеро дар қалби банда оташи меҳр ва ихлос нисбати ин абармарди басо нотакрори таърихи Ислом ва таърихи башар, дар аланга буду ҳаст. Омӯхтам кутубе чанд оиди Имоми Аъзам (р) ва нишастам дар сӯҳбати уламову фузало ва ба иборае бигрифтам аз ҳар хирмане донае, ба рӯзи умед…

Ва ниҳоят дар дил нияте падид омад, ки навишта бошам ҳарфе чанд перомуни Ҳазрати Имоми Аъзам (р), яъне, шаммае аз рӯзгору осор ва фаъолияти басо ибратбахши ин марди шариф, пири аҳли калом, яъне, қутбулавлиёи вал фуқаҳо, нахустмуҳаққиқ ва қофиласолори нигориши асарҳои илмии илоҳиётшиносии исломӣ, бахусус дар илми фиқҳ (яъне, дар асос ё худ заминаи пурғановати илми калом) Ҳазрати Имом Абӯҳанифа разиаллоҳу анҳу. Ва бояд иқрор бишавам, ки сабаби дигаре ҳам шуд, ки ба забони дӯсте ва устоде бедордил ва басо фозил яъне, нависандаи маъруфу навгарои тоҷик устод Муҳаммадзамони Солеҳ, раҷолул ғайб луқмае дод, ки бандаро ҳидоят намуд, ба нигоштани чанд ҳарфе шогирдона, оиди зиндагонӣ, рӯзгори пурифтихор ва осори безаволи пири мазҳаби муҳаззаби сироҷи умам, пешвои ҳанафиёни олам, яъне, раҳнамои аҳли суннат ва ҷамоъат-Ҳазрати Имоми Аъзам ибни Собит ибни Завтӣ ибни Марзабон ибни Моҳ ибни Сосон ибни Ҳурмуз ибни Анӯшервон Ал-Форсӣ Ал-Кобулӣ (р), ки аз ҷониби эшон миннатпазирам, баҳри ҳидояташон бад-ин кори савоб, ки дар натиҷа навишта омад, ба миқдоре ба чандин авроқ, ки ҳоло шумо чашми муборак ба он дӯхтаед.

Қаблан бояд тазаккур дод, ки ин китобе, ки ҳоло дар дасти мубораки шумост, рисолаест илмӣ – оммавӣ ва тарҷимаиҳолӣ, ки шуморо бо ҳаёту фаъолият ва зиндагонии басо ибратбахши Ҳазрати Имоми Аъзам Абӯҳанифа (р) ошно намуда, муфассалан аз таърихи пайдоиши мазҳаби муҳаззаби ӯ раҳматуллоҳ нақл мекунад.

Сухан кӯтоҳ, қабл аз дидаи муборак бурдан ба авроқи баъдинаи ин нигоштаи кӯчак, бандафақир узр ва маъзарат мехоҳам аз доварони сахтгиру муҳаққиқони мӯшикоф ва мунаққидону муаррихони нуктасанҷу нуктафаҳму нуктадон, бузургони дину пирони калом, ки муаллифи ин навишта ҳанӯз дар ҷодаи нигориши китоб шогирд ва навқалам буда, дар фазои бекаронаи ҳикмати азалии Исломи барҳақ, ки мебарад муштоқонро ба сӯи уфӯқҳои пурнури илму маърифат, ҳанӯз тамоман навпарвоз аст ва бошад, ки бо фотиҳаи неки устодон, ба гуфтаи Аллома Иқбол «дар ҷаҳон болу пари хеш кушодан» омӯзад ва роҳ сӯи ислоҳи саҳву хатоҳоро пеш гирад…

Ва низ аз Худованди мутаъол таманно ва ҳам умеди онро дорам, ки ин хидмати холисона мавриди қабули ҳаммазҳабону ҳаммиллатони азиз ва кулли мусалмонон, яъне, писанди табъу завқи аҳли Қибла қарор гирад ва ба мо (яъне, бандаи фақираш) ҳам тавфиқ иноят фармояд, то дар роҳ ва аҳдофе, ки барои пешбурди фарҳанги ахлоқӣ, яъне, исломии кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол дорем, моро ёрӣ намояд. Ба ҳаққи: «Ва ҳува ҳасбӣ ва ниъмал вакил, ниъмал мавло ва ниъманнасир ғуфронака Раббано ва илайкал масир ва саллаллоҳу ъало Сайидино Муҳаммадин ва олиҳи ва асҳобиҳи ва саллам».

Инчунин кобед

chorkunja

Кор дар Европа барои ронандагон аз Тоҷикистон

Ронандаҳои дорои шаҳодномаи ронандагии категорияи «СЕ» ба кор даъват карда мешаванд! Чунин шароит пешниҳод мешавад: ✔️ маош …