Главная / Илм / ДАФЪУ-Л-МАЗОРРИ-Л-КУЛЛИЯ АНИ-Л-АБДОНИ-Л-ИНСОНИЯ

ДАФЪУ-Л-МАЗОРРИ-Л-КУЛЛИЯ АНИ-Л-АБДОНИ-Л-ИНСОНИЯ

asar«ДАФЪУ-Л-МАЗОРРИ-Л-КУЛЛИЯ АНИ-Л-АБДОНИ-Л-ИНСОНИЯ», асари Абӯалӣ ибни Сино. Ба забони арабӣ таълиф шудааст. Дар бобати чигуна рафъ кардани зиёнҳои куллӣ аз ҷисми инсон маълумот медиҳад. Китоби мазкур бо номи «Тадоруку анвоъи-л-хатаъи-л-воқеъ фӣ-т-тадбир» (Пешгирӣ кардани анвои хатоҳое, ки ҳангоми тадбири беҳдоштӣ рӯй медиҳанд) низ машҳур мебошад. Абӯалии Сино онро солҳои дар Хоразм буданаш (1006 – 1013) барои вазири илмдӯсти хоразмшоҳиён Абулҳусайн Аҳмад ибни Муҳаммад ас-Суҳайлӣ (ваф. 1027) таълиф кардааст. Китоб аз муқаддима ва ҳафт мақола иборат аст. Мақолаи якум дар баёни анвоъи хатоҳо, мақолаи дуввум дар баёни ҳаво, мақолаи севвум дар баёни ҳаммом, мақолаи чаҳорум дар баёни таъом, мақолаи панҷум дар баёни об ва ошомиданиҳо, мақолаи шашум дар баёни ҳаракатҳо, мақолаи ҳафтум дар баёни истифроғ (аз қабили хунгирӣ, исҳол овардан ва ғ.) баҳс мекунад.
Нусхаҳои хаттии зиёде аз ин китоб (дар ҳудуди зиёда аз 20 нусха) дар китобхонаҳои дунё нигоҳдорӣ мешаванд. Матни он с. 1888 дар ҳошияи китоби «Манофеъу-л-ағзия»-и Розӣ дар Қоҳира ва с. 1982 дар Бейрут ба табъ расидааст. Матни илмӣ – интиқодии китоб ахиран дар асоси чаҳор нусхаи мӯътабари қаламӣ бо муқаддима, таҳқиқ ва тавзеҳоти муфассал аз тарафи доктор Муҳаммад Зуҳайр ал-Бобо дар зимни маҷмӯаи «Мин муаллафоти Ибни Сино ат-тиббия» с. 1984 дар Димишқ нашр шудааст. То имрӯз ҳадди ақал ду тарҷимаи форсии ин китоб вуҷуд дорад. Яке тарҷимаи қадимӣ аз мутарҷими номаълум буда, як нусхаи дастнависи он, ки с. 1479 китобат шудааст, дар Музеи Британия маҳфуз аст. Тарҷимаи дигари форсӣ ба қалами шайх Ҳусайн ал-Ҷобир ал-Ансорӣ тааллуқ дошта, бо номи «Мӯҷази азиму-н-нафъ» с. 1893 дар Деҳлӣ ба тарзи сангӣ ба табъ расидааст. Китоб дар Аврупо с. 1547 ба лотинӣ низ тарҷима шудааст.
Ад.: Яҳёи Маҳдавӣ, «Феҳристи нусхаҳои мусаннафоти Ибни Сино», Теҳрон, 1954; «Мин муаллифоти Ибни Сино ат-тиббия», таҳияи доктор Муҳаммад Зуҳайр ал-Бобо, Димишқ, 1984.
С. Шаҳобуддинов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …