Главная / Ҷамъият / Дафн кардани мурда

Дафн кардани мурда

Дафн кардани мурда

Бидон, ки корсозӣ ва дафн, яъне қабр кардани мурда ва намози ҷаноза хондан аз ҳуқуқҳоест, ки мусулмононро бар якдигар мебошад.

Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар кас намози ҷанозаи  шахси мусулмонро хонад, барои ӯ қироте бувад аз аҷру савоб. Агар интизорӣ кашад, то мурдаро қабр кунанд, ду қирот савоб ёбад.

Гуфтанд: – Ё Расулаллоҳ, қирот чӣ миқдор вазн дорад?

Фармуданд, ки хурдтари он монанди кӯхи Уҳуд бошад, ки дар рӯзи қиёмат дар паллаи тарозӯи некиҳо гузошта мешавад,

Расули акрам (с) фармуданд, ки ҳар мусулмоне бимирад ва дар намози ҷанозаи вай чиҳил марди мусулмон, ки ба Худо ширк наёварда бошанд, ҳозир шаванд, Худои таъоло биёмурзад ӯро.

Расул (с) фармуданд, ки чун мурдаро дар тобут ниҳанд ва мардумон бар гарданҳои худ бардоранд, пас он мурда агар  солеҳ бувад, гӯяд: кӯшиш кунед ва зудтар бирасонед маро ба  ҳиммат ва каромати Парвардигори ман.

Агар кофир бошад, гӯяд: вой бар ман, куҷо мебаред маро?

Бишнавад овози вайро ҳамаи чиз, магар одамӣ агар бишнавад, беҳуш шавад.

Хикоят. Яке аз бузургони дин гуфт: – Дар шаҳри Ибодон ҷавони порсое вафот кард. Тобистон буду ҳаво дар ғояти гармӣ. Гуфтем, то намози пешин сабр кунем, ки ҳаво хунук шаваду ҷавонро дафн кунем. Дар ин ҳол хоб бар ман ғалаба кард. Дар хоб чунин дидам, ки қуббае зада буданд, дар гӯристон аз як донаи марворид, ки нур аз он қубба ба осмои мерафт.

Ногоҳ ҳуре рӯй бар ман намуду гуфг: – Эй Шайх, магар раво медорӣ, ки он ҷавони мурдаро то намози пешин аз мо ҷудо дорӣ? Ҷаҳд кун ва зудтар ӯро ба мо расон, ки интизори дидори ӯем.

Хушо бандае, ки бимирад ва ҳоли вай чунии бошад.

Инчунин кобед

musafed

БОБОИ СУЛТОНАЛӢ

Дар доманакӯҳҳои Панҷрӯд ҳамвориҳое ҳастанд, ки он- ҳоро Хирманҷой меноманд. Яке аз хирманҷоҳои кӯҳи Соя …