ДАБУРОВ Комил Низомович (тав. 23. 04. 1948, ш. Қӯрғонтеппа), духтури санитарӣ, доктори илмҳои тиб (1998), проф. (2000), Аълочии тандурустии ИҶШС (1988). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии тиббии Донетск (1973). Духтури санитарии Бунгоҳи санитарии эпидемиологии ш. Қӯрғонтеппа (1973 – 75), ходими хурди илмии Ин-ти эпидемиология ва гигиенаи Душанбе (1975 – 76), аспиранти кафедраи гигиенаи Ин-ти давлатии тиббии 2-юми Москва (1976 – 79), духтури вирусшиноси стансияи санитарии эпидемиологии Вазорати тандурустии Федератсияи Россия (1980 – 81), сарэпидемиологи Шӯъбаи тандурустии ш. Душанбе (1981 – 89), сардухтури Бунгоҳи гандзудоии ш. Душанбе (1989 – 2001) ва ҳамзамон ассистенти кафедраи беҳдошт ва экологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1996 – 98). Мудири кафедраи беҳдошти муҳити зист (аз 1998), декани факултаи пешгирии бемориҳо (2001 – 05) ва декани факултаи ҳифзи тандурустии ДДТТ (аз 2005). Тадқиқоти Д. ба масъалаҳои гигиенаи истифодаи васоити микробиологии ҳифзи растанӣ, сирояти дохилибеморхонагӣ, ҳифзи тандурустии ҷамъиятӣ бахшида шудаанд. С. 1998 дар мавзӯи «Ҷанбаҳои беҳдоштӣ ва экологии истифодаи васоити микробиологии ҳифзи растанӣ дар заминаи Bac. thuringiensis дар кишоварзии Тоҷикистон» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 230 асару мақолаҳо, аз ҷумла 20 дастур ва тавсияҳои методӣ, 30 дастуру барномаҳои таълимист.
Ос.: Заболеваемость внутрибольничными инфекциями и ее структура среди новорожденных в Таджикистане. «Эпидемиология и инфекционные болезни», №1, М., 2005; О необходимости развития системы общественного здравоохранения в Республике Таджикистан. Маҷ. «Вестник Авиценны» (замима), Д., 2007; Руководство по управлению человеческим ресурсами системы здравоохранения Таджикистана, Д., 2008; Внутрибольничные инфекции в Республике Таджикистан: состояние, проблемы, пути решения. «Центрально-азиатский научно-практический журнал по общественному здравоохранению», №1, Алмаато, 2008
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …