Главная / Илм / ДАБУРОВ Комил Низомович

ДАБУРОВ Комил Низомович

daburovДАБУРОВ Комил Низомович (тав. 23. 04. 1948, ш. Кургонтеппа), духтури санитари, доктори илмхои тиб (1998), проф. (2000), Аълочии тандурустии ИЧШС (1988). Хатмкардаи Донишкадаи давлатии тиббии Донетск (1973). Духтури санитарии Бунгохи санитарии эпидемиологии ш. Кургонтеппа (1973 – 75), ходими хурди илмии Ин-ти эпидемиология ва гигиенаи Душанбе (1975 – 76), аспиранти кафедраи гигиенаи Ин-ти давлатии тиббии 2-юми Москва (1976 – 79), духтури вирусшиноси стансияи санитарии эпидемиологии Вазорати тандурустии Федератсияи Россия (1980 – 81), сарэпидемиологи Шуъбаи тандурустии ш. Душанбе (1981 – 89), сардухтури Бунгохи гандзудоии ш. Душанбе (1989 – 2001) ва хамзамон ассистенти кафедраи бехдошт ва экологияи ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино (1996 – 98). Мудири кафедраи бехдошти мухити зист (аз 1998), декани факултаи пешгирии беморихо (2001 – 05) ва декани факултаи хифзи тандурустии ДДТТ (аз 2005). Тадкикоти Д. ба масъалахои гигиенаи истифодаи васоити микробиологии хифзи растани, сирояти дохилибеморхонаги, хифзи тандурустии чамъияти бахшида шудаанд. С. 1998 дар мавзуи «Чанбахои бехдошти ва экологии истифодаи васоити микробиологии хифзи растани дар заминаи Bac. thuringiensis дар кишоварзии Точикистон» рисолаи доктори дифоъ намудааст. Муаллифи зиёда аз 230 асару маколахо, аз чумла 20 дастур ва тавсияхои методи, 30 дастуру барномахои таълимист.
Ос.: Заболеваемость внутрибольничными инфекциями и ее структура среди новорожденных в Таджикистане. «Эпидемиология и инфекционные болезни», №1, М., 2005; О необходимости развития системы общественного здравоохранения в Республике Таджикистан. Мач. «Вестник Авиценны» (замима), Д., 2007; Руководство по управлению человеческим ресурсами системы здравоохранения Таджикистана, Д., 2008; Внутрибольничные инфекции в Республике Таджикистан: состояние, проблемы, пути решения. «Центрально-азиатский научно-практический журнал по общественному здравоохранению», №1, Алмаато, 2008

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …