Главная / Илм / БУЛИМИЯ

БУЛИМИЯ

bulumiyaБУЛИМИЯ (Bulimia; аз юн. bu (s) – буққа ва limos – гуруснагӣ), эҳсоси ноҷури гуруснагӣ. Б., одатан, боиси бисёр истеъмол кардани ғизо мешавад (полифагия). Сабаби асосии Б. ихтилоли фаъолияти маркази ташаккули ҳисси гуруснагӣ, иштиҳо ва серӣ бинобар бемориҳои асабҳои марказӣ (энсефалит, омоси чуқурчаи қафои ҷумҷума), ноҷӯриҳои рӯҳӣ (кататония, олигофрения) ва ғ. мебошад. Б. ҳамчунин метавонад дар натиҷаи тағйири раванди мубодила, ки боиси дар таркиби хун кам шудани моддаҳои ғизоӣ мегардад, ба вуҷуд ояд (мас., ҳангоми гиперинсулинизм, диабети қанд, тиреотоксикоз ва ғ.). Б.-и муътадил, ки бисёр вақт бо камиштиҳоӣ иваз мегардад, мумкин аст аломати дуоденит бошад. Б. гоҳо бар асари талаботи табиии организм ба ғизо, мас., баъди аз сар гузарондани бемориҳои вазнини сироятӣ ва дистрофияи тағзиявӣ, ба назар мерасад. Ниг. низ Полифагия.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …