Главная / Илм / БРОНХИТ

БРОНХИТ

bronhitБРОНХИТ (Bronchitis), илтиҳоби бронхҳо (найчаҳои шуш); яке аз маъмултарин иллати узвҳои нафас. Ҷараёни беморӣ шадид ва музмин мешавад.
Б.-и шадид, одатан, хусусияти сироятӣ дошта, аксаран боиси газаки бинӣ (зуком), ҳалқум (фарингит), ҳанҷара (ларингит), хирной (трахеит) мегардад. Б. дар натиҷаи хунук хӯрдани организм, якбора тағйир ёфтани обу ҳаво ва аз намии зиёд (асосан дар фаслҳои баҳору тирамоҳ) ба вуҷуд меояд. Ба пайдоиши беморӣ кашидани тамоку, истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва бемадории организм (дар натиҷаи ягон бемории музмин) мусоидат мекунанд. Дар баъзе мавридҳо Б. аз таъсири газҳои заҳрнок, равғани эфир, чангу ғубор ва ғ. низ инкишоф меёбад.
Б.-и шадид аз беҳолии умумӣ сар зада, мушакҳо ба дард медароянд, зуком, нафастангӣ ва минбаъд сулфаи сахт пайдо мешавад. Бемор кам – кам балғами сабзтоб ихроҷ мекунад, гоҳо ҳарорати бадан баланд мешавад. Одатан, Б.-и шадид дар давоми чанд рӯз бо шифои пурра ба охир мерасад. Вале баъзан он дуру дароз давом карда, ба Б.-и музмин табдил меёбад. Ҷараёни беморӣ дар кӯдакон ва одамони солхӯрда басо вазнин буда, оқибат ба газаки шуш мубаддал мегардад.
Б.-и музмин дар натиҷаи дурудароз давом кардани Б.-и шадид ва табобати нопурраи он, инчунин аз беҳолии организм сар мезанад. Он метавонад дар натиҷаи бемории роҳҳои болои нафас ва ангезиши луобпардаи бронхҳо низ инкишоф ёбад. Иллати бинӣ, халқу димоғ, тамоку кашидан ва шаробхорӣ боиси Б.-и музмин мешавад.
Ҳангоми Б.-и музмин илтиҳоб қабати девораи бронхҳо ва бофтаҳои атрофро пурра фаро гирифта, дар баробари кашол ёфтани беморӣ ба пайдоиши оризаҳои ногувор, монанди бронхоэктаз, эмфиземаи шуш, газаки шуш мусоидат мекунад.
Агар беморӣ аз нав авҷ гирад, маризро сурфаи доимӣ ва ихроҷи балғами тираи сабз озор медиҳад. Дар сари сина дард пайдо гашта, он ҳангоми чуқур нафас кашидан, сулфидан, нафастангӣ, кори вазнини ҷисмонӣ, роҳравӣ, ба баландӣ баромадан ва ҳатто дар вақти истироҳат зиёд мешавад. Дар мавриди ба зиқи нафас шабоҳат доштани Б.-и музмин, нафастангӣ зуд-зуд хурӯҷ меёбад; фарқи асосии он дар душвор будани нафасбарорӣ аст. Ҳарорати бадан то 37,5 – 380 баланд мешавад. Дар давраи хотимаи беморӣ аломатҳои зикрёфта барҳам мехӯранд. Авҷи Б. ба фасли хунуки сол рост омада, бо диг. бемориҳо якҷоя мегузарад. Фарҷоми давраҳои аввали Б.-и музмин чандон бад нест.
Ҳангоми муолиҷаи Б.-и шадид ба таври қатъӣ риоя намудани тавсия ва таъиноти духтур зарур аст, дар акси ҳол Б.-и шадид ба Б.-и музмин мегузарад. Вобаста ба шакл ва марҳалаи Б.-и шадид доруҳои гуногунро истеъмол мекунанд. Чунин тавсияҳо, ба монанди риояи низоми кору зиндагӣ, истеъмоли хӯроки серғизо, нӯшокии гарм (чой бо мураббои тамашк, шир бо сода ё оби минералӣ), нафасгирӣ аз бӯғи картошкаи обпаз, обзанҳои хардалӣ барои пой ва ғ. аҳволи беморро беҳтар мекунанд.
Б.-и музмин аз рӯи таъиноти духтур табобат карда мешавад. Дар аснои вазнин ҷараён гирифтани беморӣ табобатро дар касалхона мегузаронанд.
Ғайр аз дору, нигоҳубини хуби бемор низ аҳамияти калон дорад. Ҷои хоби бемор бояд гарм, хушк ва ҳавояш тоза бошад. Дар вақти тоза кардани ҳавои хона (дар фасли зимистон) пушти маризро ба тарафи тиреза гардонда, болояшро бо кӯрпа нағз мепӯшонанд, то ки аз таъсири ҳавои хунук сулфа ва нафастангӣ авҷ нагирад. Дар мавриди аз ҳад зиёд хушк будани ҳавои хона дар назди манбаи гармӣ зарфи обдор гузоштан лозим аст. Ҳангоми сахт сулфидан ё нафастангӣ дастони беморро ба кат ё курсӣ такя кунонда мешинонанд. Баъзан нафасгирии чуқур ва нафасбарории кӯтоҳ ба ҷудо гаштани балғам ёрӣ мерасонад. Балғамро ба туфдони алоҳидае, ки сеяк ҳиссаи онро бо маҳлули 5%-и хлорамин пур мекунанд, туф кардан лозим аст.
Дар давраи авҷи илтиҳоб ғизо бояд ба миқдори кофӣ витамин ва сафедаи ҳайвонот дошта бошад, чунки организм ҳангоми барзиёд ҷудо шудани балғам сафедаи бисёр гум мекунад. Таом бояд мувофиқи хоҳиши бемор гуногун ва серғизо бошад; истеъмоли хӯроки тунду тез, шӯр, очор, қайла тавсия намешавад. Гузаронидани варзиши шифоии махсус имкон медиҳад, ки нафаскашии дуруст ва чуқур (бо иштироки ҳамаи мушакҳои нафаскашӣ) барқарор гардад. Ба машқи нафасбарорӣ диққати махсус медиҳанд ва онро таҳти роҳбарии методисти варзиши шифоӣ иҷро мекунанд. Ба мардуми шаҳрнишин сайругашт дар беруни шаҳр хеле муфид аст. Дар давраи оромии Б.-и музмин бештар муолиҷаи санаторию курортӣ тавсия мешавад.
Обутоби организм Б.-ро пешгирӣ мекунад. Сайругашт дар ҳавои тоза организмро ба тағийри иқлим устувор мегардонад; протседураҳои обӣ бошанд, муқобилати организмро ба бемории сироятӣ зиёд мекунанд. Дар вақти обутоб додан, хусусиятҳои фардии организмро ба назар гирифта, протседураҳоро ботадриҷ ва мунтазам мегузаронанд. Барои беморони гирифтори Б.-и музмин обутобро аз ваннаҳои ҳавоӣ сар мекунанд. Баъди мутобиқ гаштан ба чунин протседураҳо ба масҳи бадан (аввал бо сачоқи таре, ки ғиҷим карда шудааст; сонӣ бо сачоқи тар) мегузаранд. Пас аз ин ба бадан рехтани оби ҳарораташ 30 – 320 (баъдтар ҳар 2 – 3 рӯз ҳарорати обро 10 кам карда, то ҳарорати оби водопровод мерасонанд) судманд аст. Дар ҳавои тоза бо спорт машғул шудан низ фоида дорад. Дар пешгирии Б. саривақт муолиҷа кардани зуком, тонзиллит, газаки ҷавфҳои иловагии бинӣ, тоза нигоҳ доштани ҳаво аҳамияти калон дорад.

У.Р. Расулов.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …