Главная / Илм / БОБУНА

БОБУНА

bobunaБОБУНА (Matricaria suaveolens), бобунаҷ, бобунаи бӯё, гули бобуна, навъе аз гиёҳҳои яксола. Аз 15 то 35 см қад мекашад. Пояи рости сершох, барги пармонанд, хӯшагули сипаршакл, гули сабзи зардтоб дорад. Давраи гулшукуфташ май – июн. Дар канори роҳу ҷӯйборҳо мерӯяд.
Б. растании маъмули доруист. Бино ба ақидаи Абӯалии Сино бобунаҷ мағзи сарро тақвият мебахшад, барои сардарди бетаб муфид аст, зардпарвинро рафъ менамояд, пешоб ва сангро меронад. Ҳангоми дардҳои бетаб ва табнок зери нофро бо Б. тарбандӣ мекунанд. Ҳангоми таби такрорёбанда равғани бобунаҷро ба бадан мемоланд, барои муолиҷаи таби кӯҳна онро истеъмол мекунанд. Дар «Алваҳия»-и Абӯалии Сино омада, ки равғани бобунаҷ хастагии ҷисмонӣ ва фикриро рафъ месозад, бемориҳои гӯш ва шукуфаро даво мебахшад. Бино ба маълумоти Муҳаммад Ҳусайн Б. ҳангоми зиқи нафас, зардпарвин, дарди сандуқи сина, ҷигар, қисми поёнии рӯда, бачадон нофеъ аст. Онро дар мавриди бемориҳои мағзи сар, сардард, барои афтондани санги масона, ҳангоми қабзияти пешоб истифода мебаранд. Табибони халқӣ чойи гули Б.-ро барои муолиҷаи бемориҳои аъзои ҳозима, гурда, роҳҳои талха, асабдард ва чун воситаи зидди рагкашӣ, таскинбахш, зидди илтиҳоб, арақовар, пешоброн ва исҳоловар тавсия медиҳанд.
Муайян карда шудааст, ки нақеъи Б. хосияти хунбандӣ, зиддиуфунатӣ, арақовар, зардаронӣ дорад; нафаскаширо метезонад, фаъолияти дилро тез ва рагҳои мағзи сарро васеъ мекунад, иштиҳоро мекушояд, барои захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта муфид аст. Ҷӯшоби гули Б.-ро дар алоҳидагӣ ва дар омехтагӣ бо гиёҳҳои дигар чун воситаи зидди ташаннуҷ, таскинбахш, арақовар, бодрон, ҳамчунин барои тарбандӣ, ғар-ғара кардани гулӯ ба кор мебаранд.
Нақеъи обӣ ва спиртии Б. бо мақсади танзими ҳайз истифода мегардад. Бо ҷӯшоби он бемориҳои пӯст ва ҷойҳои буридаю харошхӯрдаи танро даво мебахшанд. Барои таҳияи ҷӯшоб 15 г баргу пояи Б.-ро дар 200 мл об 5 дақ. меҷӯшонанд ва баъди 30 дақ. полонда мегиранд. Бо мақсади тайёр кардани нақеъ 20,0 г алафи Б. дар 250 мл оби ҷӯш 5 соат тар карда мешавад. Барои тайёр кардани нақеъи спиртии Б. 20 г алафи онро дар 150 мл спирт 5 шаборӯз тар карда мемонанд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …