Главная / Илм / БАРОМАДАНИ УСТУХОН

БАРОМАДАНИ УСТУХОН

baromadani-ustugonБАРОМАДАНИ УСТУХОН (Luxatio), беҷошавии устухон, ихтилоли бутунии бандҳо ва беҷо шудани нӯги буғумҳои устухон. Б. у. модарзодӣ ва ғайримодарзодӣ мешавад. Беҷошавии ғайримодарзодии устухон дар натиҷаи садама ё ягон беморӣ ба вуҷуд меояд. Аз рӯи дараҷаи ихтилол Б. у. пурра ва нопурра мешавад. Ҳангоми пурра баромадани устухон нӯги устухонҳо аз ҳамдигар тамоман ҷудо мегарданд; ҳини нопурра баромадани устухон бошад, нӯги онҳо ба ҳамдигар андак расида меистад. Б. у.-ро, ки дар мавриди он пӯсти болои бандҳо осеб меёбад (ҷароҳате, ки то банд мерасад), кушода ва агар пӯсти болои банд осеб наёфта бошад, пӯшида меноманд. Устухонеро баромада медонанд, ки аз банд каме дур бошад. Мас., ҳангоми баромадани устухони банди китф дар бораи баромадани китф, дар аснои баромадани устухони косу рон дар хусуси баромадани рон сухан меравад.
Беҷошавии модарзодии устухон. Беҷошавии модарзодии устухони рон басо маъмул аст. Он ба инкишофи номукаммали банди косу рон вобастагӣ дорад. Ба ин иллат аксаран духтарчаҳо гирифтор мешаванд. Беҷошавии модарзодии устухони рон, одатан, яктарафа аст, вале баъзан аз ду тараф баромадани он низ мушоҳида мешавад.
Беҷошавии модарзодии рони навзодҳо ва кӯдакони ширмакро фақат духтур муайян карда метавонад. Дар ин синну сол беҷошавии модарзодии ронро аз рӯи фарқияти ҷои чинҳои ҳарду рон (аз тарафи даруни онҳо), то ҳадди охир ба ду тараф паҳн карда натавонистани пойҳо, ба тарафи пеш пурра ёзонда натавонистани пой ва баъзан аз рӯи кӯтоҳии пой пай бурдан мумкин аст. Ҳангоми пайдо шудани гумони беҷошавии модарзодии устухон фавран ба духтур муроҷиат бояд кард, чунки моҳҳои аввали ҳаёт онро бидуни ҷарроҳӣ бартараф кардан имкон дорад.
Вақте ки кӯдак ба қадамгузорӣ шурӯъ кард, аломатҳои беҷошавии модарзодии устухон равшан зоҳир мегарданд (лангидан, аз тарафи устухони баромада кӯтоҳ будани пой). Дар мавриди аз ҳарду тараф Б. у. роҳгардии кӯдак гашти мурғобиро ба хотир меорад. Агар беҷошавии модарзодии рон баъди 2-солагии кӯдак ошкор гардад, дуруст кардани он фақат бо роҳи ҷарроҳӣ мумкин аст.
Беҷошавии садамавӣ. Одатан дар натиҷаи ҳаракати барзиёд ё ҳаракати ноқулай, баъзан аз зарб хӯрдани банд ё ба он сахт фишор овардан, ба амал меояд. Ҳангоми Б. у.-е, ки сабаби он зарбулат аст, бандакҳо ва буғум низ осеб меёбанд (ғайр аз Б. у.-и ҷоғи поён). Ҳини беҷошавии садамавӣ (алалхусус дар банди бозу) мумкин аст рагҳои хун сахт фишурда ва ҳатто канда шаванд.
Дар вақти Б. у. шакли банд тағйир меёбад, дард пайдо мешавад, ҷунбондани узв ғайриимкон аст. Ҳангоми ҷунбонидан банд якбора сахт дард мекунад. Агар дар мавриди лат хӯрдан дард тадриҷан авҷ гирад, ҳангоми Б. у. ихтилоли ҳаракати бандҳо фавран ба амал меояд. Беҷошавии садамавии устухонро бо роҳи ҷо ба ҷо кардан (нӯгҳои бандҳои устухонҳоро ҷо ба ҷо мемонанд) ва шикастабандӣ (ба муддате, ки барои сиҳат шудани бандаку халтачаи банд зарур аст) муолиҷа мекунанд. Кӯшиши ноӯҳдабароёна дуруст кардани устухон боиси вазнинтар шудани ҳолати мариз мегардад. Бо мақсади расондани ёрии аввалин ҳангоми Б. у. даст ё пои баромадаро шикастабандӣ кардан лозим аст (вазъи худи банд бетағйир мемонад). Ба ҷояш даровардани устухон ва табобати минбаъдаи онро духтур дар дармонгоҳ ё беморхона баҷо меорад. Зарардида ба табобатгоҳ ҳар қадар зудтар расонда шавад, ҷо ба ҷо кардани устухони баромада ҳамон қадар осонтар аст. Агар Б. у. дар давоми 2 – 3 ҳафта ҷо ба ҷо карда нашавад, бофтаҳои нарми банд гӯшт мегиранд, дар он сурат барои дуруст кардани чунин беҷошавии «кӯҳнашуда», одатан, ҷарроҳӣ лозим меояд. Дар мавриди ҳангоми Б. у. ошкор гаштани аломатҳои осеби рагҳои хун фавран ба духтур муроҷиат кардан зарур аст.
Беҷошавии садамавии китф, бозу, ангуштон, рон ва ҷоғи поён бештар дучор мешаванд.
Баромадани устухони бозу бештар аз нисфи тамоми беҷошавиҳои садамавии устухонро ташкил медиҳад. Ба он дарди сахт ва ноҷунбонии куллии банди бозу, тағйир ёфтани шакли он хос аст. Бозуи осебёфта ба назар дароз менамояд ва, одатан, аз тан дур мешавад. Бемор ба тарафи иллатёфта хам шуда, оринҷ ё бозуяшро дошта меистад. Ёрии аввалин: дастро бо рӯймол ба гардан овехта, фавран ба духтур (бунгоҳи шикастабандӣ) муроҷиат кардан лозим аст.
Баромадани устухони соид дар байни беҷошавии садамавии устухонҳо ҷои дуюмро мегирад. Аломати он дарди банди оринҷ аст, ки баъзан ба панҷаҳо мегузарад. Соид овезон мешавад ва бемор онро бо дасти солим дошта меистад. Шакли банди оринҷ тағйир меёбад, он варам карда, баъзан сурх мешавад. Кабуд гаштан ё рангпаридагии панҷаю ангуштон, ки аломати хавфноки фишор хӯрдани рагҳои хуни оринҷ аст, аз эҳтимол дур нест.
Б. у.-и соиди кӯдакони хурдсол ҳангоми аз дасти онҳо сахт кашидан, дағалона ва беэҳтиёт пӯшондан ё кашидани либос рӯй медиҳад.
Баромадани устухони ангуштони даст бо дарди шадид, ғайритабиӣ будани ҳолати ангушт ва аз банд баромада истодани он зоҳир мегардад. Ангушт беҳаракат аст. Бештар нарангушти даст мебарояд. Ҳангоми кушода будани Б. у.-и ангушт чун ёрии аввалин онро бо бандинаи асептикӣ мебанданд. Ҳангоми Б. у.-и пӯшида ёрии аввалин вақте лозим мешавад, ки имконияти ба духтур зуд муроҷиат кардан нест. Дар чунин маврид ҳолати ангушти баромадаро тағйир надода, панҷаро бо қабати ғафси пахта мепечонанд ва докапеч мекунанд (бари аз зарба ҳифз кардан).
Устухони рон бинобар сахт зарб ёфтан мебарояд. Аломатҳои он дарди шадид дар қисми банди косу рон, беҳаракатӣ, тамоман аз кор мондани пой мебошанд. Зонуи пои осебдида ба тарафи дарун андак моил ва ба пои солим наздик мешавад; баъзан пой ба тарафи берун тоб хӯрда, аз пои солим дур меистад. Бемор ба тахтапушт ё ба паҳлӯи солим мехобад.
Ёрии аввалин: гузоштани шинаҳои симии стандартӣ (онҳоро қат карда ва вазъи пойро тағйир надода, докапеч кардан мумкин). Агар чунин шина набошад, ҳангоми Б. у.-е, ки пой ба тарафи дарун каҷ шудааст, пои баромадаро ба пои солим ҷафс карда мебанданд. Сипас беморро ба занбар рӯболо хобонда, ба беморхона мебаранд. Дар мавриди Б. у.-е, ки рон ба тарафи берун дур шудааст, шинагузорӣ имконнопазир аст, бинобар он беморро ба занбарҳои сахт (чапарак) хобонда мебаранд. Барои кам шудани дард аналгин (0,5 г), амидопирин (0,25г) додан мумкин аст.
Ҳангоми дар мавсими сармо ба муассисаи табобатии дур бурдани беморе, ки устухони бандҳои калони дасту пойаш баромадааст, кӯшидан лозим то узви зарардида гарм нигоҳ дошта шавад, таъмини хун халал наёбад (махсусан ҳангоми баромадани устухони бозу) ва ҷои зарардидаро сармо назанад
Устухони ҷоғи поён аз як ё ду тараф мебарояд. Сабаби он аз ҳад калон кушодани даҳон (ҳангоми хамёза, пораи калони хӯрокро газидан ва ғ.) аст. Аломатҳои дутарафа беҷо шудани устухони ҷоғи поён чунинанд: калон боз мондани даҳон, пеш баромадани ҷоғ, душвор гаштани фурӯ бурдани хӯрок. Дар аснои яктарафа беҷо шудани устухони ҷоғ даҳон нимбоз мемонад (он гӯё каҷ мешавад).
Ёрии аввалин: даҳонро бо рӯймол мепӯшанд то ки ба роҳи нафас ҳашарот ё ҷисмҳои бегона (пашша, чанг ва ғ) надароянд; беморро назди духтур мефиристанд.
Беҷошавии одатӣ. Мунтазам баромадани устухони ҳамон як бандро беҷошавии одатӣ меноманд. Б.у. аз он сабаб одатӣ мешавад, ки ҳангоми табобати якум ба хато роҳ дода шудааст (нодуруст ҷо ба ҷо кардани устухон, то мӯҳлати зарурӣ нигоҳ надоштани шикастабандӣ, барвақт сар кардани ҳаракат) ё аз сабаби ба духтур дер муроҷиат кардан, муолиҷа душвор гаштааст. Устухонбароие, ки мавриди он бандакҳои буғум сахт осеб дидаанд, ҳатто баъди муолиҷаи дуруст ҳам, метавонад одатӣ шуда монад. Дар ҳамагуна ҳолатҳо баъди бори аввал беҷо шудани устухон иллати бандакҳои буғум боқӣ мемонад, аз ин рӯ устухон аз андак сабаб метавонад такроран барояд. Чунончи, Б. у.-и китф, ки ҳодисаи маъмул аст, ҳангоми бардоштани бори вазин, аз ягон ҳаракати ноқулайи даст (баъзан ҳатто дар хоб) ва андак такон хӯрдан такрор меёбад. Беҷошавии одатии ангушти калони даст ва ҷоғи поён аҳёнан мушоҳида мегардад. Ёрии аввалин ҳангоми беҷошавии одатӣ ва зарбулатӣ як хел аст; баъзеҳо устухони баромадаи ангуштро (агар он одатӣ бошад) худ ҷо ба ҷо мекунанд. Зуд – зуд Б. у. (махсусан устухони китф) барои бемор ниҳоят гарон буда, муолиҷаи он фақат бо роҳи ҷарроҳӣ ва барқарор намудани бофтаҳои васлкунандаи банд имконпазир аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …