Главная / Илм / БАРОМАДАНИ УСТУХОН

БАРОМАДАНИ УСТУХОН

baromadani-ustugonБАРОМАДАНИ УСТУХОН (Luxatio), бечошавии устухон, ихтилоли бутунии бандхо ва бечо шудани нуги бугумхои устухон. Б. у. модарзоди ва гайримодарзоди мешавад. Бечошавии гайримодарзодии устухон дар натичаи садама ё ягон бемори ба вучуд меояд. Аз руи дарачаи ихтилол Б. у. пурра ва нопурра мешавад. Хангоми пурра баромадани устухон нуги устухонхо аз хамдигар тамоман чудо мегарданд; хини нопурра баромадани устухон бошад, нуги онхо ба хамдигар андак расида меистад. Б. у.-ро, ки дар мавриди он пусти болои бандхо осеб меёбад (чарохате, ки то банд мерасад), кушода ва агар пусти болои банд осеб наёфта бошад, пушида меноманд. Устухонеро баромада медонанд, ки аз банд каме дур бошад. Мас., хангоми баромадани устухони банди китф дар бораи баромадани китф, дар аснои баромадани устухони косу рон дар хусуси баромадани рон сухан меравад.
Бечошавии модарзодии устухон. Бечошавии модарзодии устухони рон басо маъмул аст. Он ба инкишофи номукаммали банди косу рон вобастаги дорад. Ба ин иллат аксаран духтарчахо гирифтор мешаванд. Бечошавии модарзодии устухони рон, одатан, яктарафа аст, вале баъзан аз ду тараф баромадани он низ мушохида мешавад.
Бечошавии модарзодии рони навзодхо ва кудакони ширмакро факат духтур муайян карда метавонад. Дар ин синну сол бечошавии модарзодии ронро аз руи фаркияти чои чинхои харду рон (аз тарафи даруни онхо), то хадди охир ба ду тараф пахн карда натавонистани пойхо, ба тарафи пеш пурра ёзонда натавонистани пой ва баъзан аз руи кутохии пой пай бурдан мумкин аст. Хангоми пайдо шудани гумони бечошавии модарзодии устухон фавран ба духтур мурочиат бояд кард, чунки моххои аввали хаёт онро бидуни чаррохи бартараф кардан имкон дорад.
Вакте ки кудак ба кадамгузори шуруъ кард, аломатхои бечошавии модарзодии устухон равшан зохир мегарданд (лангидан, аз тарафи устухони баромада кутох будани пой). Дар мавриди аз харду тараф Б. у. рохгардии кудак гашти мургобиро ба хотир меорад. Агар бечошавии модарзодии рон баъди 2-солагии кудак ошкор гардад, дуруст кардани он факат бо рохи чаррохи мумкин аст.
Бечошавии садамави. Одатан дар натичаи харакати барзиёд ё харакати нокулай, баъзан аз зарб хурдани банд ё ба он сахт фишор овардан, ба амал меояд. Хангоми Б. у.-е, ки сабаби он зарбулат аст, бандакхо ва бугум низ осеб меёбанд (гайр аз Б. у.-и чоги поён). Хини бечошавии садамави (алалхусус дар банди бозу) мумкин аст рагхои хун сахт фишурда ва хатто канда шаванд.
Дар вакти Б. у. шакли банд тагйир меёбад, дард пайдо мешавад, чунбондани узв гайриимкон аст. Хангоми чунбонидан банд якбора сахт дард мекунад. Агар дар мавриди лат хурдан дард тадричан авч гирад, хангоми Б. у. ихтилоли харакати бандхо фавран ба амал меояд. Бечошавии садамавии устухонро бо рохи чо ба чо кардан (нугхои бандхои устухонхоро чо ба чо мемонанд) ва шикастабанди (ба муддате, ки барои сихат шудани бандаку халтачаи банд зарур аст) муолича мекунанд. Кушиши ноухдабароёна дуруст кардани устухон боиси вазнинтар шудани холати мариз мегардад. Бо максади расондани ёрии аввалин хангоми Б. у. даст ё пои баромадаро шикастабанди кардан лозим аст (вазъи худи банд бетагйир мемонад). Ба чояш даровардани устухон ва табобати минбаъдаи онро духтур дар дармонгох ё беморхона бачо меорад. Зарардида ба табобатгох хар кадар зудтар расонда шавад, чо ба чо кардани устухони баромада хамон кадар осонтар аст. Агар Б. у. дар давоми 2 – 3 хафта чо ба чо карда нашавад, бофтахои нарми банд гушт мегиранд, дар он сурат барои дуруст кардани чунин бечошавии «кухнашуда», одатан, чаррохи лозим меояд. Дар мавриди хангоми Б. у. ошкор гаштани аломатхои осеби рагхои хун фавран ба духтур мурочиат кардан зарур аст.
Бечошавии садамавии китф, бозу, ангуштон, рон ва чоги поён бештар дучор мешаванд.
Баромадани устухони бозу бештар аз нисфи тамоми бечошавихои садамавии устухонро ташкил медихад. Ба он дарди сахт ва ночунбонии куллии банди бозу, тагйир ёфтани шакли он хос аст. Бозуи осебёфта ба назар дароз менамояд ва, одатан, аз тан дур мешавад. Бемор ба тарафи иллатёфта хам шуда, оринч ё бозуяшро дошта меистад. Ёрии аввалин: дастро бо руймол ба гардан овехта, фавран ба духтур (бунгохи шикастабанди) мурочиат кардан лозим аст.
Баромадани устухони соид дар байни бечошавии садамавии устухонхо чои дуюмро мегирад. Аломати он дарди банди оринч аст, ки баъзан ба панчахо мегузарад. Соид овезон мешавад ва бемор онро бо дасти солим дошта меистад. Шакли банди оринч тагйир меёбад, он варам карда, баъзан сурх мешавад. Кабуд гаштан ё рангпаридагии панчаю ангуштон, ки аломати хавфноки фишор хурдани рагхои хуни оринч аст, аз эхтимол дур нест.
Б. у.-и соиди кудакони хурдсол хангоми аз дасти онхо сахт кашидан, дагалона ва беэхтиёт пушондан ё кашидани либос руй медихад.
Баромадани устухони ангуштони даст бо дарди шадид, гайритабии будани холати ангушт ва аз банд баромада истодани он зохир мегардад. Ангушт бехаракат аст. Бештар нарангушти даст мебарояд. Хангоми кушода будани Б. у.-и ангушт чун ёрии аввалин онро бо бандинаи асептики мебанданд. Хангоми Б. у.-и пушида ёрии аввалин вакте лозим мешавад, ки имконияти ба духтур зуд мурочиат кардан нест. Дар чунин маврид холати ангушти баромадаро тагйир надода, панчаро бо кабати гафси пахта мепечонанд ва докапеч мекунанд (бари аз зарба хифз кардан).
Устухони рон бинобар сахт зарб ёфтан мебарояд. Аломатхои он дарди шадид дар кисми банди косу рон, бехаракати, тамоман аз кор мондани пой мебошанд. Зонуи пои осебдида ба тарафи дарун андак моил ва ба пои солим наздик мешавад; баъзан пой ба тарафи берун тоб хурда, аз пои солим дур меистад. Бемор ба тахтапушт ё ба пахлуи солим мехобад.
Ёрии аввалин: гузоштани шинахои симии стандарти (онхоро кат карда ва вазъи пойро тагйир надода, докапеч кардан мумкин). Агар чунин шина набошад, хангоми Б. у.-е, ки пой ба тарафи дарун кач шудааст, пои баромадаро ба пои солим чафс карда мебанданд. Сипас беморро ба занбар руболо хобонда, ба беморхона мебаранд. Дар мавриди Б. у.-е, ки рон ба тарафи берун дур шудааст, шинагузори имконнопазир аст, бинобар он беморро ба занбархои сахт (чапарак) хобонда мебаранд. Барои кам шудани дард аналгин (0,5 г), амидопирин (0,25г) додан мумкин аст.
Хангоми дар мавсими сармо ба муассисаи табобатии дур бурдани беморе, ки устухони бандхои калони дасту пойаш баромадааст, кушидан лозим то узви зарардида гарм нигох дошта шавад, таъмини хун халал наёбад (махсусан хангоми баромадани устухони бозу) ва чои зарардидаро сармо назанад
Устухони чоги поён аз як ё ду тараф мебарояд. Сабаби он аз хад калон кушодани дахон (хангоми хамёза, пораи калони хурокро газидан ва г.) аст. Аломатхои дутарафа бечо шудани устухони чоги поён чунинанд: калон боз мондани дахон, пеш баромадани чог, душвор гаштани фуру бурдани хурок. Дар аснои яктарафа бечо шудани устухони чог дахон нимбоз мемонад (он гуё кач мешавад).
Ёрии аввалин: дахонро бо руймол мепушанд то ки ба рохи нафас хашарот ё чисмхои бегона (пашша, чанг ва г) надароянд; беморро назди духтур мефиристанд.
Бечошавии одати. Мунтазам баромадани устухони хамон як бандро бечошавии одати меноманд. Б.у. аз он сабаб одати мешавад, ки хангоми табобати якум ба хато рох дода шудааст (нодуруст чо ба чо кардани устухон, то мухлати зарури нигох надоштани шикастабанди, барвакт сар кардани харакат) ё аз сабаби ба духтур дер мурочиат кардан, муолича душвор гаштааст. Устухонбароие, ки мавриди он бандакхои бугум сахт осеб дидаанд, хатто баъди муоличаи дуруст хам, метавонад одати шуда монад. Дар хамагуна холатхо баъди бори аввал бечо шудани устухон иллати бандакхои бугум боки мемонад, аз ин ру устухон аз андак сабаб метавонад такроран барояд. Чунончи, Б. у.-и китф, ки ходисаи маъмул аст, хангоми бардоштани бори вазин, аз ягон харакати нокулайи даст (баъзан хатто дар хоб) ва андак такон хурдан такрор меёбад. Бечошавии одатии ангушти калони даст ва чоги поён ахёнан мушохида мегардад. Ёрии аввалин хангоми бечошавии одати ва зарбулати як хел аст; баъзехо устухони баромадаи ангуштро (агар он одати бошад) худ чо ба чо мекунанд. Зуд – зуд Б. у. (махсусан устухони китф) барои бемор нихоят гарон буда, муоличаи он факат бо рохи чаррохи ва баркарор намудани бофтахои васлкунандаи банд имконпазир аст.

Инчунин кобед

ma

Марги Мухаммад (с)

Вакте, ки Азроил (а) барои гирифтани чони хазрати Мухаммад (с) меояд пайгамбар мегуяд каме сабр …