Главная / Илм / БАНДАКҲО

БАНДАКҲО

bandakhoБАНДАКҲО (Ligamenta), пайвандак, тор ё лавҳачаҳои маҳкамеро гӯянд, ки устухонҳои бадан (скелет)-ро бо ҳам мепайванданд. Торҳои баъзе узви баданро (мас., бандаки ҳанҷара, ки бо устухон васл нест) низ бандак мегӯянд. Чандирӣ, ёзандагӣ, нафисӣ ва устувории Б. гуногун мешавад. Ёзандагии Б. ба ҳисоби миёна то 6,5 кг/1 мм2 аст. Чунончӣ, бандаки устухони косу рон 350 кг, бандаки дарози пошна 200 кг борро мебардорад. Б. дар овони кӯдакӣ хеле чандиру ёзон буда, бо мурури замон (дар калонсолӣ) ин хосият кам ва ҳатто гум мешавад (дар баъзе маврид Б. оҳак баста, ба устухон табдил меёбанд).
Б. асосан дар атрофи банду буғум ҷойгир буда, ба халтаи онҳо мепечанд ва ба танзими ҳаракат мусоидат мекунанд. Як қисми Б. барои дар ҳолати амудӣ нигоҳ доштани бадан ширкат варзида, ба устувории равоқи пой кӯмак мерасонанд.
Ёзидан ва гусастан аз ҷумлаи осебҳои Б. мебошанд. Аз ҳаракати якбораи масофааш зиёд дар Б. тағйироте ворид мегардад, ки ба тамоми кори банду буғум таъсир мерасонад. Агар омили осебовар аз ҳадди мустаҳками Б. қавитар набошад, он гоҳ ёзиши бандакҳо бидуни тағйироти анатомии онҳо ба амал меояд. Аз ҳаракати маҷбуриву берун аз эътидол Б. нимдаррон ё канда мешаванд. Б.-и буғуми соқу панҷаи по ва сарпанҷаи даст нисбатан бештар, Б.-и зону ва оринҷ камтар осеб меёбанд; дар ин сурат бандак андак варам ва дард карда, ҳаракаташ маҳдуд мегардад.
Ҳангоми иллат ёфтани Б. зуд ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. То омадани духтур ҷои осебдидаро бо бинт сахт мебанданд. Агар осеб пурра табобат карда нашавад, пас баъзе аломатҳои он (мас., ноустувории банду буғум, аз нав беҷо шудан, ёзидан) такроран падид меоянд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …