БАЛХАРЧА (Juniperus turkestanica), зардолубурс, хорбурс, бурс, дарахтест ҳамешасабз. Аз 18 то 25 м қад мекашад. Баъзан мисли бутта (баландиаш то 2 м) мешавад. Баргаш пулакчашакл, шохчаҳояш чорқирра, ҷалғӯзааш сиёҳи байзашакл, як дона тухм дорад. Дар нишебии қ.-кӯҳҳои Қурама, Туркистон, Зарафшон, Қаротегин (дар баландии 2000 – 3700 м аз с.б.) мерӯяд.
Бо ҷӯшоби чалғӯзаи Б. ҳангоми бемориҳои гулӯзиндонак ва милки дандон даҳонро обгардон мекунанд. Ҷӯшоб ва марҳами чалғӯзаи Б.-ро барои табобати шукуфа, сил, амрози пӯст ва чун давои пешоброн истифода мебаранд.
Ад.: Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972; Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974; Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976; Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …