Главная / Илм / БАКТЕРИОЛОГИЯ

БАКТЕРИОЛОГИЯ

bakteriologiyaБАКТЕРИОЛОГИЯ (Bacterioljgia; аз бактерияҳо ва …логия), як соҳаи микробиология, ки ба омӯзиши бактерияҳо машғул аст. Б.-и умумӣ масъалаҳои тасниф, морфология, физиология, биохимия, ирсият, таҳаввул, дар муҳити ғизоӣ паҳн гаштани бактерияҳоро тадқиқ мекунад. Б.-и тиббӣ хосияти бактерияҳои барои одамон касалиовар, роҳҳои ҷудо кардани онҳо, ташхисот, масъалаҳои иммунитет ва ғ.-ро меомӯзад. Б.-и ветеринарӣ барангезандаҳои касалии сироятии ҳайвонотро тадқиқ мекунад. Б.-ҳои санитарӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ низ мавҷуданд.
Таърихи тараққиёти Б.-и назариявию амалӣ дар Тоҷикистон ба ташкили Пажӯҳишгоҳи санитарию бактериологӣ дар ш. Душанбе (с. 1932) алоқаманд аст. Дар пажӯҳишгоҳи мазкур шӯъбаи Б. таъсис ёфта буд, ки айни ҳол маркази илмию методӣ маҳсуб мешавад. Дар шӯъба таъсири тарафайни бактерияҳо, вирусҳо ва соддатаринҳо дар меъдаю рӯда, таъсири биосенозҳо ба давомоти беморӣ, хусусияти бактерияи исҳоли хунин, ангезаҳои салмонеллёз ва роҳҳои паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ мавриди тадқиқ қарор гирифтанд.
С. 1941 дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино кафедраи микробиология таъсис ёфт, ки дар тарбияи мутахассисони соҳаи Б. саҳми назаррас гузошт. Кормандони кафедра аз рӯзҳои аввали фаъолияти илмии хеш ба масъалаи тадқиқоти бактериологӣ эътибори махсус медоданд. Дар натиҷа оиди ангезандаи бисёр бемориҳои сироятии маъмул ва роҳҳои маҳв сохтани онҳо, пайдоиши бемориҳои римдор, хусусияти ирсии микроорганизмҳои беморизо, мас., кампилобактерияҳо, хелокобактерияҳо ва ғ. маълумоти ҷолиб ба даст омаданд. Тадқиқоти бактериологӣ дар Ин-ти пешгирии бемориҳои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ низ ба роҳ монда шудаанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …