Ҳар ки бо бадон нишинад, агар низ табиати эшон дар ў асар накунад, ба тариқати эшон муттаҳам гардад ва гар ба харобате равад ба намоз кардан, мансуб шавад ба ҳамр хўрдан. Рақам бар худ ба нодонӣ кашидӣ, Ки нодонро ба сўҳбат баргўзидӣ. Талаб кардам зи донное яке панд, Маро фармуд: …
Муфассал »Ҳар он оқил, ки бо Маҷнун нишинад,
Яке аз лавозими сўҳбат он аст, ки хона бипардозӣ ё бо хонахудой дарсозӣ. Ҳикоят бар мизоҷи мустамеъ гўй, Агар хоҳӣ, ки дорад бо ту майле. Ҳар он оқил, ки бо Маҷнун нишинад, Набояд карданаш ҷуз зикри Лайлӣ.
Муфассал »Ба пурсидан шарм макун,
Ҳар он чӣ донӣ, ки ҳароина маълуми ту гардад, ба пурсидани он таъҷил макун, ки ҳайбати салтанатро зиён дорад. Чу Луқмон дид, к-андар дасти Довуд Ҳаме оҳан ба мўъҷиз мум гардад, Напурсидаш, чӣ месозӣ, ки донист. Ки бе пурсиданаш маълум гардад.
Муфассал »Умеди офият он гаҳ бувад мувофиқи ақл
Хилофи роҳи савоб асту акси раъи улулалбоб дору ба гумон хўрдан ва роҳи нодида бе корвон рафтан. Имоми муршид Муҳаммад Ғазолиро пурсиданд: «Чӣ гунна расидӣ бад-ин манзалат дар улум?» Гуфт: «Бал-он ки ҳар чӣ надонистам, аз пурсидани он нанг надоштам». Умеди офият он гаҳ бувад мувофиқи ақл Ки нафсро ба …
Муфассал »Сирка аз дастрранҷи хешу тара
Хилъати султон агарчи азиз аст, ҷомаи хулқони худ баиззаттар ва хони бузургон агарчи лазиз аст, хурдаи анбони худ балаззаттар. Сирка аз дастрранҷи хешу тара Беҳтар аз нони деҳхудову бара!
Муфассал »Тоҷири киштишикаставу вориси бо қаландарон нишаста.
Бу касро ҳасрат аз дил нараваду пои тағобун аз гил барнаёяд: тоҷири кишитишикаставу вориси бо қаландарон нишаста. Пеши дарвешон бувад хунат мубоҳ, Гар набошад дар миён молат сабил. Ё марав бо ёри азрақпираҳан, Ё бикаш бар хонумон ангушти нил. Дўсти бо пилбонон ё макун, Ё талаб кун хонае дархурди пил!
Муфассал »Марди бемурувват за насту обиди ботамаъ раҳзан!
Эй, ба солус карда ҷома сапед Баҳри пиндори халқу ҷома сиёҳ, Даст кўтоҳ бояд аз дуньё, Остини худ дарозу худ кўтоҳ.
Муфассал »Олими беамал занбўри беасал
Якеро гуфтаанд: «Олими беамал ба чӣ монад?» Гуфт: «Ба занбўри беасал!» Занбўри дурушти бемурувватро гўй: «Боре чу асал намедиҳӣ, неш мазан!»
Муфассал »Мурод аз нузули «қуръон» таҳсили сирати хуб аст
Талмизи беиродат ошиқи безар асту равандаи бемаърифат мурғи бепар ва олими беамал дарахти бебару зоҳиди беилм хонаи бедар. Мурод аз нузули «қуръон» таҳсили сирати хуб аст на тартили сураи мактуб. Омин мутааббид пиёда рафтаасту олими мутаҳовин вора хуфта. Осие, ки даст (ба) бар дорад беҳ аз обид, ки кибр дар …
Муфассал »Ҳасуд аз неъмати ҳақ бахил асту бандаи бегуноҳро душман медорад.
Мардаке хушкмағзро дидам Рафта дар пўстини соҳибҷоҳ, Гуфтам: «Эй хоҷа, гар ту бадбахтӣ, Мардуми некбахтро чӣ гуноҳ?» *** Ало, то нахоҳӣ бало бар ҳасуд, Ки он бахтбаргашта худ дар балост. Чӣ ҳоҷат, ки бо ў кунӣ душманӣ, Ки ўро чунин душмане дар қафост
Муфассал »