АСТСИТ (аз юн. askites – машки об), дар ҷавфи шикам ҷамъ шудани моеъот. Дар натиҷаи ихтилоли гардиши хун дар вариди бобӣ (ҳангоми сиррози ҷигар, омоси саратонии ҷигар ва диг. узвҳои шикам, нуқси дил, гоҳо ҳангоми бемориҳои гурда) пайдо мешавад. Калон шудани шикам (дар мавриди дароз кашидан мисли шиками қурбаққа аст), дар вақти ангуштзанӣ омадани садои кунд, дамкӯтаҳӣ ва ғ. нишонаҳои А. мебошанд. А.-ро обварам низ меноманд. Ниг. низ Обварами талхадон, Обварами хоя, Обварами шуш.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Манораи Эйфил дар ш. Душанбе – пойтахтиТоҷикистон
Солҳои охир сохтмони “Матораи Эйфел” дар Тоҷикистон мӯд шудааст ва аз маъмултаринаш манораи Эйфел дар …