Аскар Ҳаким

Бузургон дар бораи Аскар Ҳаким чунин мегӯянд: Дар баландтарин кӯҳҳо, дар ҷое, ки гӯё аз об нишоне нест, амиқтарин, тозаву булӯринтарин чашмаҳо меҷӯшанд. Дар чунин ҳолатҳо, ҳамчунон ки дар шеър аст, баландӣ аксаран мутаносиби амиқист. Парвози баланди қуллаҳои асроаср ҷовидони сухан ҳамчун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Мавлавӣ, Ҳофиз дар жарфои зиндагӣ, эҳсоси миллии ҷаҳоншиносӣ, рӯҳу равон, фарҳанги халқ решаҳои амиқ дорад.

askar-hakim-03Шеър дар кӯшиши баландӣ ва амиқии хеш як мақсадро пайгирӣ мекунад, ки он дарёфти рӯҳи инсон мебошад, зеро нест чизе аз он баландтар ва амиқтар. Ва шеър дар ҳамгироии ҳар дуи ин муқобилафтода ба зуҳур меояд, чунонки баландӣ нест бе амиқӣ ва баръакс.

Шеър таҳаррук, таҳарруки андеша ва эҳсосот аст, ки бидуни он на парвоз вуҷуд дораду на ҷараён.

Тоҷикон дар гузашта яке аз адабиёти бузургро офариданд, ҳарчанд адабиёти асил наметавонад гузашта бошад, он на танҳо дар ҳоли ҳозир, балки дар оянда  ҳам муосир  аст ва ҳамин адабиёт дар замони мо ҳам силсилаи номҳои дурахшонеро, ба монанди Айни, Лоҳутӣ, Турсунзода пеш овард, ки ҳар яки онҳо ба худ қуллаи махсусеро муҷассам мекунад.

Маро бо Мирзо Турсунзода дӯстии деринасоле буд. Ман ӯро ҳамчун шоири олиҷаноб, донишманди бузурги фарҳанги маънавии Шарқ, ходимиҷамъиятии маъруф дар саросари қитъаи Осиёву Африқо, роҳбари хунарманди Иттифоқи нависандагон ва, албатта, ҳамчун як инсони самимӣ, дилкушод, хирадманд қадр мекардам. Шояд табиати пурҷӯшу хурӯши қафқозии ман дар ӯ таскину оромиш меёфт ва дӯстии мо дар тазоди хулқу атвор, вале дар ягонагии мақсад устувор гашта буд. Мо аз қутбҳои гуногун ба сӯи хатти истивои дӯстӣ ҳаракат мекардем. Худо шоҳид, ки мо ба он даррасидем ва онро дар тамоми тӯли умрамон бо шоистагӣ бо худ бурдем.

Бинобар ин ҳоло дучандон шоду хурсандам, ки ман китоби шогирди ӯ, Аскар Ҳаким, давомдиҳандаи кори ӯро на танҳо дар арсаи шеъру шоирӣ, балки дар фаъолияти бузурги ҳаёти ҷамъиятию давлатии кишвараш – Тоҷикистон муаррифӣ мекунад. Охир  ӯ боз муовини Раиси Маҷлиси мили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ман Аскар Ҳакимро кайҳо, аз даврони  Мирзо Турсунзода, аз замоне мешинохтам, ки ӯ ҳанӯз тамоман ҷавон буд ва ҳамчунон ки мегӯянд, аз зумраи нависандагони ҷавоне ба ҳисоб мерафт, ки умедҳои бузург мебахшанд. Умедҳо бор оварданд, ҳоло  ӯ яке аз шоирони пешбари тоҷик аст. Ва на фақат тоҷик, зеро ӯ  ба забони тоҷики менависад, ки бо форсию дарӣ, ки дар Эрону Афғонистон забони модарӣ мебошад, як аст. Бинобар ҳамин шоиру донишмандони ин кишварҳо дар баррасии манзумаи ӯ «Санги ман – алмос», ки дар Маскав дар Созмони байналмилалии иттифоқҳои нависандагон дар соли 2000 баргузоор шуда буд ва ба ман ҳам даст дод, ки дар он ширкат варзида, аз муваффақияти ӯ бо ҷону дил шод гардам, дар бораи саҳми ӯ ҳамчунон дар шеъри муосири форсӣ сухан мегуфанд. Охир, ширкаткунандагони хориҷии баррасӣ соҳибони фарҳанги маҳз ҳамон забоне буданд, ки Аскар Ҳаким бо он менависад ва бинобар ин эътирофи онон махсусан муҳим, асил буд. Онҳо дар бораи ӯ, ҳамчунон дадр бораи шоире, ки ҷараёни тозаро адр шеъри муосири форсӣ инкишоф медиҳад, ҳарф мезаданд. Интишори ҷилди калони ашъори мунтахаби ӯ дар Теҳрон ин қазияро бори дигар ба исбот мерасонад.

askar-hakim-02

 Дар бораи шеъри Аскар Ҳаким мешавад, ки ҳамчун дар бораи воқеияти асили забони русӣ ҳам сухан гуфт, зеро он аз ҷониби устодони сухан, ҳамчун Владимир Солоухин, Яков Козловский, Станислав Золотсев, ки асосан классикаи шеъри муосири халқҳои бародарро тарҷума мекарданд, ба забони русӣ баргардон шудааст.

Аскар Ҳаким шеърро ҳамсони ниёиш меофарад. Ин маҷмӯаро хонда, бовар ҳосил кардан мумкин аст, ки худи ӯ ҳам ба шеър бо изтироби ибодату ниёиш ва эҳтироми комил муносибат дорад. Ва азбаски ҳар гуна ниёиш кори муқаддасест, ки рӯҳро мусаффову баландпарвоз мекунад, шеър ҳам ба ақидаи ӯ, ба тозагӣ ва фарозрафтанҳои рӯҳ бояд мададгор бошад. Бисёре аз навиштаҳои Аскар Ҳаким маҳз барои амалӣ гаштани ҳамин гуна талаботи олӣ хидмат мекунанд.

            Ба ин махсусан манзумаи охирини ӯ «Санги ман – алмос» мисол шуда метавонад, ки ӯ дар он ба ҳама шакли тазоҳури ҳастӣ бо эҳтиром ва шавқу завқ муроҷиат карда, дар баробари андешаҳояш дар сари асрори Олам ва қисмати башарият барои ба мавҷудияти ҳар зарра муҳофизакор будан даъват ба амал меорад:

            Осмон дорад агар панҷаи оби раҳмат,

            На фақат бар сари сарву гулу райҳону тамишқ

            Ба сари газна, шутурхору  ғумой,

            Ба сари хори хасак ҳам борад.

            Шоир ба моҳиятҳои ҳодисаҳо ва зуҳурот андар рафта мекӯшад, дарёбад, ки:

Фарқи парвозу хазидан дар чист,

                        Гар паридан нарасонад ба савойи хуршед.

            «Ман»-и лирикӣ, ғиноии ӯ сифатҳои шахсию маҳрамона ва шаҳрвандию шахсиро бисёр ҳам табиӣ ба ҳам меорад. Ва ба ҳамин тариқ ҳамаи ғаму шодиҳои олами атроф, ки моро фаро гирифтааст, ба муҳити ҳамдилии «шахсӣ»-и ӯ мубаддал мешавад.

             Ва саросари ин китобро дурахши ҳамчун ситора мисраъҳои муҳаббати муқаддас ва олӣ дар зуҳуроти гуногунаш фаро гирифтааст, ки он муҳаббати фарзандию падарӣ, зану мард, муҳаббат ба халқи хеш ва умуман ба мардум, ба тамоми ҳастӣ ва ба Офаридгори оламҳо мебошад.

askar-hakim-01

  Рисолати шоир аз рӯи ақидаи эҷодии Аскар Ҳаким бо шеър барои сафо ва улвияти рӯҳ мадад кардан аст, дар ҳамин аст сабаби ифодаи дурахшони башардӯстӣ дар ашъори ӯ, ки новобаста ба ҳамаи сахтиҳое, ки халқи тоҷик аз сар гузаронд, ҳамеша зарур боқӣ мемонад.

            Ёд кардан аз фоҷеаҳое, ки душманон ба сари кишвари ӯ оварданд, ҳар қадар дарднок, дар бораи шароити носозгори ҳозираи иҷтимоӣ фикр кардан ҳар қадар вазнин бошад ҳам, ӯ ба монанди баъзе адибон, ки аз манфиатҳои муҳдуди сиёсӣ ва даъвоҳои шахсии худ фаротар рафта натавонистанд, ба бераҳмӣ дода намешавад.

            Эҳсоси тоқатнопазирӣ дар шоир ба ҳамаи он чизе, ки барои инсон ва умуман башарият ҳалокатовар аст, маҳз аз замони бачагӣ, бо сабаби аз тири силоҳбадасти маст ба марг расидани модар ташаккул меёбад:

                        Шуд аз он рӯз яқин

                                    Мастию тиру туфангам манфур.

                                                                        «Санги ман – алмос»

            Шоир аз ҳамон замони тифлӣ дарёфта буд, ки истифодаи силоҳ ба мақсадҳои ҷиноӣ ва майхорагӣ, ки харобкори рӯҳ аст, ҳаргиз қобили қабул нест ва ӯ на дар асоси дарки таҷрибаи талхи дигарон, балки таҷрибаи худ фаро меравад, то инсонро дар миқёси ҷаҳон аз ин фоҷиа қаблан огоҳ кунад.

                                    Шӯри ҷанг аст ба ҳар бонги ситез,

Нури сулҳ аст ба ҳар ҳарфи салом.

                                                           «Санги ман – алмлос»

            Ин байт, ки ҳамсони панду ҳикмат аст, тоҷи ҳамаи он чизе мебошад, ки Аскар Ҳаким бар зидди ҳама гуна хунрезиҳои байниҳамдигарӣ навиштааст. Ва ҳар қадар ки башарият аз нутфаи ҳамин гуна сулҳу салоҳ обастан мешавад, ҳамон қадар зудтар он чизе, ки ба шоир дар асари дигари ӯ «Достони Нону Имон» рух менамояд, амалӣ мегардад:

                        Ҳар гаҳе ки модари тоҷик мешӯрад хамир,

                        Гӯиё мешӯрад ӯ моро зи нав аслу замир.

                        Гӯиё мегӯяд ӯ моро, ки насли одамед,

                        Модари гетӣ агар розист, асли одамед,

                        Модари инсону гетӣ хоҳад аз фарзанди хеш,

                        То кунад худро раҳо ӯ аз худу аз банди хеш…

                        То ҳама майдони машқу посгоҳи аскорон

                        Сабз гардад ҳамчу гандумзорҳои бекарон…

                        Дорам уммеде, ки халқи гушнаву сери ҷаҳон

                        Гирди ҳам оянд акнун гирди як дасторхон.

                        Чун замин дасторхони сабзи аҳли олам аст,

                        Рӯйи дастархон баробар ҳиссаи ҳар одам аст. 

            Ин мисраъҳои ба ин дараҷа саршори илҳоми шоирро хонда, ба амалӣ шудани пешбинии шоири олиҷаноби тоҷик бовар накардан мумкин нест. Фикр мекунам, ки хонандагон некбинии хуршедии ин китоби тозаро комилан эҳсос хоҳанд кард.

Инчунин кобед

Хушбахт Ҳакимов

Ҳакимов Хушбахт – тарҷумаи ҳол, сурат, видео ва мусиқӣ MP3

Хушбахт Ҳакимов овозхон – сарояндаи тоҷик аст, ки таронаҳояшро дар бораи Ватан, Модар ва дар …