Главная / Илм / ҲАРАКАТИ МЕХАНИКЙ

ҲАРАКАТИ МЕХАНИКЙ

Олами моро иҳотакунанда ҳамеша дар ҳаракат карор дорад. Замин дар гирди Офтоб, Моҳ дар гирди Замин давр мезанад. Дар натиҷаи ҳаракати молекаҳо моеъҳои ба ҳам ҳамҳудуд ба якдигар омехта мегарданд. Таври мисол, ҳангоми пухтани карамшӯрбо, ҳама ранги сурхи лаблабуро ба худ мегиранд. Ҳиссачаҳои об, ки аз ҷониби решаҳои растаниҳо ҷалб шудаанд, то ба ҳар барг мерасанд. Ҳаво ҳаракат карда шамолро ба вуҷуд меоварад. Хун тавассути рагҳои хунгарди инсон ва ҳайвон ҳаракат мекунад. Дар хотимаи ин ҳама метавон гуфт, ки табиати беҳаракат, зиндагии беҳаракат вуҷуд надорад.

moshin

Чй тавр метавон муайян кард, ки ашё ҳаракат мекунад ё на? Барой ин муайян бояд кард, ки оё ашёи мазкур нисбат ба дигар ҷисмҳо ҳолати худро тағйир медиҳад ё на.

Агар вазъу ҳолати автомашинаҳо нисбат ба биноҳо ва дарахтони канори роҳ тағйир ёбад, пас метавон гуфт, ки автомашина ҳаракат мекунад.

Пас ҳоло чй тавр тағйирёбии ҳолати автомашинаро мушаххас мекунем? Инро аз наздикшавй ва ё дуршавй аз ашёи онро иҳотакунанда фаҳмидан мумкин аст.

Яъне, ин тагйирёбии фосила байни ду уисм аст.

Тағйири ҳолати ҷисм бо гузашти вақт нисбат ба дигар ҷисмҳоро ҳаракати мехоникй меноманд.

Ҳаракати одам, автомашини, ҳавопаймо, ракетаҳо, қаиқҳо, парвози паррандагон, ҳаракати абрҳо ва ҳаво (шамол) нисбат ба Замин – ин ҳама мисолҳои ҳаракати мехоникй (расми 33) мебошанд.

Ҳаракати молекулаи ягона низ ҳаракати мехоникӣ ба шумор меравад. Ғайр аз он, дар Табиат ҳаракате таври васеъ маъмул аст, ки пас аз фосилаҳои баробари вақт такрор мешаванд. Чунин ҳаракатро ҳаракати ҷумбанда ё ҷумбиш меноманд. Таври мисол, боли паррандаҳои парвозкунанда, ҳашарот, сӯзанакҳо, занбӯри асал, барги дарахтон, ки аз шамол меҷунбанд ва ғайра.

Вақте ҷисм аз як нуқта ба нуқтаи дигар ҷой иваз мекунад, вай аз рӯйи кадом як хат ҳаракат мекунад.

А Хате, ки аз рӯи он ҷисм ҳаракат мекунад, траектория номида мешавад.

Масалан, нақшҳои дурахшандаи метеорҳо дар осмони шабона траекторияи намоёнро ба назар меоваранд. (расми 34). Аз рӯи шакли тра­ектория ҳаракатҳои мехоникй ба ду навъ: хати рост(мустақим) ва хати каҷ тақсим мекунанд. Таври мисол, агар траекторияи автомобил хати рост бошад, пас ҳаракат бо хати рост аст. Ҳаракати ақрабакҳои соат хати каҷ дорад, зеро ки давродавр ҳаракат мекунанд.

Андозае, ки ифодагари ҳаракати ҷисм буда, баробар бо дарозии траектория аст, роди гузашташуда номида мешавад. Род бо дарфи S (эс) ифода туда, дамчун водиди ченак 1 метр (1 м) истифода мешавад. Ғайр аз он, километр (км), сантиметр (см), миллиметр (мм) истифода мешавад. Робитаи мутақобилаи ондо чунин аст:

1 км = 1000 м,

1 м =100 см,

1 м = 1000 мм.

Дар Табиат бархе ҷисмдо тез даракат мекунанд, бархеи дигар сует. Барой тавси- фи тезии даракат ченаки суръат ҷорӣ карда мешавад. Мафҳуми суръат тавассути мувофиқати роҳи тайкардашуда бо вақт муайян карда мешавад.

роҳ                           S

суръат –         ———- ва ё v – ————

вақт                          t

куҷо v суръат, S – род, t вақт. Дар амал суръат бо м/с ва ё км/час чен карда меша­вад. Дар тоблуи 10 мисолҳои ҳаракатдои гуногун оварда шудаанд.

Ҷисмдои даракаткунанда Мафдуми суръат, м/с
Пашша 5
Одами пиёда 1-2
Сочи сиёд 20
Автомашинаи «Жигули» 40
Ҳавопаймо 180
Замин даври Офтоб 30 000
Мод даври Замин 1 000
Овоз (дангоми 0°С) 330

Суръати туқумшуллук – 1,4 мм/с.

Супориш. Суръати ҳаракати худатро муайян кун. Асбобҳои лозим: навори ченкунанда, соат..

Қоидаи иҷрои супориш:

  1. Қадами худро тавассути навори ченкунанда чен намуда, натиҷаи онро дар метр нишон деҳ.
  1. Микдори қадамҳо ва вақти барои аз мактаб то ба хона ва ё аз хона то ба мактаб дар роҳ сарфкардаатро муайян кун.
  1. Микдори қадамҳоро ба дарозии як қадам зарб зада, дарозии траекторияро муайян кун.
  2. Мафҳуми роҳро ба вақти сарфкарда тақсим намуда, суръати худро муайян намо.

Пурсишҳо

  1. Ҳаракати механикӣ чист? Мисолҳо оваред.
  2. Чиро траектория меномем?
  3. Роҳ чист? Ҳамчун воҳиди он чй истифода мешавад?
  4. Тавассути андозаи «суръат» мо чиро ифода мекунем?
  5. Формула ва водиди суръатро нависед.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …