Главная / Илм / АНТИКОАГУЛЯНТҲО

АНТИКОАГУЛЯНТҲО

antikoagulianthoАНТИКОАГУЛЯНТҲО (Anticoagulantia; аз анти… ва лот. coagulans – лахтабанд), доруҳое, ки сади лахтабандии хун гашта, бо ин роҳ ҳосил шудани судда (тромб)-ро пешгирӣ менамоянд. А. таъсири бевосита ва бавосита доранд. Ба А.-и таъсирашон бевосита гепарин ва гидроситрати натрий, ба А.-и таъсирашон бавосита неодикумарин, синкумар, фенилин, амефин мансубанд.
А.-ҳо аз рӯи баъзе хосиятҳо аз якдигар фарқ доранд. А.-и таъсирашон бевосита мустақиман ба омилҳои лахтабандӣ, ки дар хун гардиш мекунанд, таъсир мерасонанд. Мас., гепарин фаъолияти тромбопластин, тромбин ва ғ.-ро фурӯ менишонад; гидроситрати натрий бошад ионҳои озоди калсийро, ки дар мавриди ҳосил шудани тромбопластин ширкат меварзанд, пайваст менамояд.
А.-и таъсирашон бавосита антагонистҳои витамини К мебошанд (витамини мазкур ҳангоми ҳосил шудани протромбин дар ҷигар иштирок мекунад). Онҳо ба фаъолияти омилҳои лахтабандии хун таъсир намерасонанд.
Табобат бо А.-ро духтур таъин карда, онро зери назорат мегирад. Оризаи хавфноки муолиҷа бо А. хунравиҳои гуногун аст. Дар мавриди рух намудани нишонаҳои хунравӣ муолиҷаро қатъ мекунанд.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …