АНЕВРИЗМА (Aneurysma; ба маънои васеъ шудан), васеъ гаштани рагҳои хун ё ҷавфи дил, ки дар натиҷаи ёзидан ва дамидани девораҳои он ба вуҷуд меояд. А.-ро чун боди сактаи дил, атеросклероз, сифилис ва диг. бемориҳо, ҳамчунин натиҷаи захм (А.-и захмӣ) медонанд. Маълум аст, ки нуқси модарзоди девораи раг метавонад боиси пайдоиши А. (бештар дар рагҳои майна) гардад. Вобаста ба мавзеъ А. шараёнӣ, варидӣ, шараёнию варидӣ мешавад. Намудҳои дукшакл ва халташакли А. бештар вомехӯранд. А.-и аорта (шоҳраг) бештар дар мардоне мушоҳида мешавад, ки гирифтори атеросклероз мебошанд. А.-и дил асосан оқибати нохуши сактаи қалб буда, одатан, дар девораи меъдачаи чап ба вуҷуд меояд.
Зуҳуроти А. ба мавқеъ, андоза ва диг. омилҳои марбути он вобаста аст. Ҷараёни беморӣ басе дуру дароз ва номаълум (беаломат) мебошад. А. боиси ихтилоли хунгирии бофтаҳо мешавад. Ҳангоми А. бисёр вақт фаъолияти дил халал меёбад (чӣ қадаре ки А. ба мушаки дил наздик ҷойгир шуда бошад, ихтилоли кори дил ҳамон қадар барвақттар ба вуқӯъ мепайвандад). Кафидани А. ва хунравии ҳалокатбор аз имкон берун нест.
Ҳамаи бемороне, ки гирифтори А.-анд, ба муолиҷа ва назорати махсус мӯҳтоҷанд. Ҷарроҳиро аз рӯи аломатҳои махсус мегузаронанд. Комёбиҳои илми ҷарроҳии ҳозира имкон медиҳанд, ки беморон бомуваффақият ҷарроҳӣ ва аз марг раҳонда шаванд.
Tags Тиб
Инчунин кобед
Марги Муҳаммад (с)
Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …