Главная / Илм / АНДРОЛОГИЯ

АНДРОЛОГИЯ

andrologiiaАНДРОЛОГИЯ (аз andros – мард ва …логия), як соҳаи илми тиб, ки фаъоияти ҷинсии мардҳоро аз нигоҳи физиологӣ ва маризӣ меомӯзад. Бино ба муқаррароти Созмони байналмилалии тандурустӣ вазифаи А. таҳқиқи солимии насловарии мардҳо маҳсуб мешавад. А. дар чор самт инкишоф меёбад: якум – омӯзиши ноҷуриҳои ҷинсӣ, ки ба бемориҳои узвҳои таносул вобастаанд; дуюм – тадқиқи ноҷуриҳои ҷинсие, ки ба бемориҳои узвҳои дигар алоқаманд мебошанд; сеюм – омӯзиши нуқси инкишофи ҷинсӣ, ки дар мавриди он фарқият байни нишонаҳои мард ва зан барҳам мехӯрад; чаҳорум – тадқиқи масъалаҳои танзими оила ва безурётии мардҳо.
А. ба масъалаҳои бенаслӣ, гипогонадизм (нуқси тарашшуҳи ғадудҳои усораи дохилӣ), безурётии мард, костагии нууз (эрексия), таназзули физиологии фаъолияти ҷинсии мард ва ғ. эътибори ҷиддӣ медиҳад.
А. ҳамчун тахассуси алоҳидаи тиббӣ фақат дар чанд давлат (Франсия, Италия) вуҷуд дорад. Вале дар ин мамлакатҳо низ онро як бахши эндокринология меҳисобанд. Ихтисоси «андролог» бошад, дар Миср ва Индонезия мавҷуд аст.
А. тамоми бемориҳои аъзои таносули мардро дар ҳама синну сол тадқиқ мекунад (амрози илтиҳобӣ, осебҳои гуногуни узвҳои ҷинсӣ, омосҳо, сусткамарӣ ва ғ.). Дар инкишофи А. дастовардҳои биологияи умумӣ, биологияи молекулавӣ, эмбриология, физиологияи эътидолӣ ва эътилолӣ, эндокринология ва ғ. хеле муҳим мебошанд. Истифодаи усулҳои биология ва генетикаи молекулавӣ дар тадқиқи бенаслии мардҳо ва гипогонадизм, тазриқи дохилиҳуҷайравии нутфа, корбасти доруҳои босамар ҳангоми сусткамарӣ ва ғ. дар пешрафти А. саҳми назаррас гузоштанд. А. дар баъзе мавридҳо ба амалиёти ҷарроҳӣ низ рӯ меорад.
Дар Тоҷикистон аввалин шӯъбаи андрологӣ (барои 20 кат) с. 1995 дар заминаи клиникаи кафедраи урологияи ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо ташаббуси проф. Т.Р. Қодирӣ ташкил шуда буд. С. 2008 чунин шӯъба дар Беморхонаи клиникии вилоятии Суғд (барои 30 кат) низ таъсис ёфт. Шӯъбаи андрологӣ дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии «Урология» низ фаъолият дорад.
Т. Р. Қодирӣ.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …