Главная / Илм / АНАМНЕЗ

АНАМНЕЗ

anamnezАНАМНЕЗ (юн. anamnesis – хотира, ёддошт), собиқаи ҳоли тиббӣ, маълумот роҷеъ ба шароити ҳаёт ва таърихи беморӣ, ки онро худи бемор ва ё шахсони бо ӯ шинос ба духтур баён мекунанд. А. яке аз усулҳои муҳимтарини тадқиқот буда, имкон медиҳад, ки беморӣ дуруст ташхис карда шавад. А. шикояту эҳсоси бемор, маълумот оид ба ибтидои беморӣ ва ҷараёни минбаъдаи он, ҳаёти пеш аз беморӣ, ирсият, бемориҳои аз cap гузаронида, вазъияти оилавӣ, одатҳои номатлуб (майпарастӣ, тамокукашӣ ва ғ.), шароити зиндагию меҳнат ва ғ.-ро дарбар мегирад. А.-и умумӣ ва А.-и хоси бемориро фарқ мекунанд. Ба А.-и умумӣ маълумотҳои зерин, мас., бемориҳои волидон ва хешу ақрабо (бемориҳои ирсӣ, омосҳои саратонӣ, амрози рӯҳӣ, сил, сифилис ва ғ.), тарзи ҳаёт (вазъи оилавӣ, хурду хӯрок), ҳаёти ҷинсӣ, шароити кору маишат ва ғ. тааллуқ доранд. Ба А.-и хоси беморӣ маълумотҳо роҷеъ ба оғози беморӣ, ҷараён ва табобати он то давраи таҳқиқ мансуб мебошанд.
Ҳамон як беморӣ дар ашхоси гуногун ба таври гуногун сурат мегирад. Сабаби ин ба синну сол, аломатҳои ирсӣ, ҳассосияти организм ва диг. омилҳо вобаста аст. А. мисли дигар усулҳои муоина бояд аз рӯи тартиби муайян сурат гирад. Чи қадар, ки маълумот (аломатҳои беморӣ, симптомҳо) зиёд бошад, ҳамон қадар ташхиси беморӣ аниқ хоҳад шуд.
Дар мавриди ғундоштани А. ба шикоятҳои бемор эътибори ҷиддӣ додан лозим аст. Духтур бояд дар паси ҳар шикояти бемор шабаҳи бемориро бинад, ки дар ҷисми ӯ ҷой гирифта тағйироти гуногунро ба вуҷуд меорад. Пурсуҷӯи бемор бояд муфассал ва мураттаб сурат гирад (хусусан ҳангоми бемориҳои музмин). Дар аснои бемориҳои шадид, хусусан дар мавриди ба ҳаёти мариз таҳдид доштани хатар, пурсуҷӯ бояд кӯтоҳ бошад. Дар бораи бемороне, ки дар ҳолати мадҳушӣ қарор доранд, маълумоти анамнезӣ аз хешу ақрабо ё наздикони ӯ гирифта мешавад.

Инчунин кобед

ma

Марги Муҳаммад (с)

Вақте, ки Азроил (а) барои гирифтани ҷони ҳазрати Муҳаммад (с) меояд пайғамбар мегуяд каме сабр …